БА КОР ЧУН БА ИД, БА ХОНА ЧУН БА ТӮЙ

Бекзодака агар аз навбатдорӣ барояд ҳам, ба хона намешитобид.

Бекзодака агар аз навбатдорӣ барояд ҳам, ба хона намешитобид. Тарафи хона пояш намекашид. Ҳар дафъа — аҳвол ҳамин. То аз кор баромадан дилаш ғаш мешуд. Азоби рӯҳӣ мекашид.  Дар хона ӯро зани меҳрубон ва се фарзандаш интизоранд. Дилаш аз оилааш хортирҷамъ. Аммо як норасоӣ дорад – мушкили хона...
Дар 10 сотих замин якчанд оила – 46 нафар дар хонаҳои ҳуҷрамонанди ҳавлӣ хиҷолатомез зиндагӣ мекунанд. Мардонаш мисли Бекзодака ба хона майли рафтан надоранд.
Ниҳоят, нияти бисёрсолаи аъзои ин оила ҷомаи амал пӯшид. Ба онҳое ҳам, ки муҳтоҷи манзил буданд, хона доданд. Бо шартҳои имтиёзнок, бо нархи арзон.
Бекзодака ҳам дар сафи оилаҳои хушбахт ба хонаи  нави шинаме, ки дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ҳумо»-и ноҳияи Сергелии пойтахт бунёд шудааст, кӯчид.
Мо дар ана ҳамин хонавода меҳмон шудем. Ҷамоаи эҷодии моро соҳибони хона бо чеҳраи кушод пешвоз гирифтанд.  Барои ба чунин рӯзҳо расидан ба Худованд шукрона гуфтанд, дар ҳаққи Президентамон, ки бо дарди аҳолӣ зиндагӣ мекунад, дуо карданд.
– Инсон барои дар зиндагӣ хушбахт будан кӯшиш мекунад, – гуфт Бекзодака. – Фаровонии ҳаёт ва амалишавии орзуҳояшро мехоҳад. Ҳар якеи мо ба ин пурра ҳақ дорем.
– Соҳиби манзили худ гардидан чи қадар хуб, – мегӯяд кадбону Шоҳида. – Аз сабаби он ки саломатии худам ва шавҳарам хуб набуд, як вақтҳо ин гуна хонаҳоро  орзу ҳам карда наметавонистем. Ду сол пеш бо нархи арзон сохта шудани манзилҳои зистро шунида, ба ҳокимият бо ариза муроҷиат кардем. Шароити оилавии мо омӯхта шуда, барои зуд бо манзили арзон таъмин кардани мо супориш дода шуд. Аз байн вақти зиёд нагузашта, рӯзе шунидан, ки ҳамсарам таъҷилан омада гуфт: Шоҳида, ба фикрам вақти амалишавии орзуҳоямон омадааст, ба мо хонаи сеҳуҷрагӣ насиб кардааст. Аз ҳаяҷон  саросема шудам. Инро шунида, се рӯз пайиҳам гиристам. Рӯзҳои аввал чанд муддат ба худ омада натавонистам. Ҳар кас ҳам барои зиндагии осуда хона дошта бошад, дилаш пур мешавад ва ба оянда бо боварӣ менигарад. Ман лаҳзаҳои воқеии зиндагиямро паси сар мекунам. Се фарзанд дорам. Ҳасану Ҳусайнро ба маҳфили варзишии маҳалла гузоштем. Мо бо оила ба бахте, ки  ба ҳаёти мо навигарӣ ворид кардааст ва зиндагиамонро куллан дигаргун намудааст, ноил гардидем. Чунонки мебинед, дар хонаи шинам ва мусоид ҳам барои худамон, ҳам барои фарзандонамон ҳама шароит муҳайёст. Бо оилаи худ таҳти ҳимояи роҳбари давлатамон буданро ҳис карда, зиндагӣ дорем. Ман ба сифати як модари хушбахт ба номи роҳбари давлатамон номаҳои зиёди миннатдорӣ фиристодам. Илоҳо, ба бахти мо амон бошанд!
Ҳангоми хайрухуш аз Шоҳида оиди кор ва кайфияти Бекзодака пурсон шудем.
– Шавҳарам ба кор чун ба ид меравад, ба хона чун ба тӯй бармегардад, – гуфт ӯ.

М. ТОШҚАРАЕВА, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: