Дӯстони азиз!
Аз таҳти дил шуморо бо иди касбӣ – Рӯзи кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ табрик менамоям. Иҷозат диҳед, бароятон эҳтироми самимии худро изҳор намоям ва дар фаъолияти машаққатнок ва бошарафи шумо муваффақият таманно намоям.
Ҳамаи мо хуб медонем, ки меҳнати шумо ҳамеша мураккаб ва масъулиятнок буд. Ин масъулият имрӯз беш аз пеш меафзояд, ки мамлакатамон дар марҳалаи нави тараққиёт қарор дошта, рӯшодгӯйӣ, шаффофӣ ва озодии сухан тақозои ҳаёт мегардад.
Ҷаҳони имрӯз зуд тағйирёбанда аст. Рақобат, мисли ин ки дар тамоми соҳаҳо вуҷуд дорад, дар ҷанбаи дарёфт ва паҳн намудани маълумот, ташаккул додани афкори ҷамъият тезутунд мегардад. Дар чунин шароити мураккаб ҳаёт дар назди мо вазифаҳои нав ба навро мегузорад.
Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо дар мамлакатамон ислоҳоти доманфарох дар бобати рушди воситаҳои ахбори оммавӣ ба амал татбиқ мегардад. Қонунгузорӣ дар ин соҳа такмил ёфта, шароит барои фаъолияти озоди ВАО шаклҳои гуногуни мулкдорӣ ва самти ҷамъиятиву сиёсӣ ба вуҷуд оварда мешавад.
Дар шабакаи ҷаҳонӣ дар домени Uz теъдоди веб-сайтҳо, порталҳои иттилоотӣ дар забонҳои гуногун зиёд мегардад.
Чи хеле ки маълум аст, бо мақсади босамар татбиқ намудани сиёсати давлат дар соҳаи иттилоот дар пойгоҳи Агентии матбуот ва иттилооти Ӯзбекистони собиқ Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шуд.
Агентӣ танзими фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ, чораҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои журналистон, пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо ширкатҳои расонавии хориҷӣ, ба вуҷуд овардани имконот барои ҳар чи васеътар истифода намудани веб-захира ва сайтҳои хориҷӣ ва умуман, таъмини гуногунии фикрҳоро дар фазои иттилоотӣ ба амал татбиқ менамояд.
Имрӯз вазифаи муҳимтарини мо тарбия намудани кадрҳои замонавие барои ВАО мебошанд, ки мавқеи қатъии шаҳрвандӣ дошта, дар фазои расонавии ҷаҳон ба рақобати сахт тобовар бошанд, ки ҳарчи бештар оперативӣ буда, вазифаҳои гуногунро ба уҳда мегиранд. Боварӣ дорам, ки Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавии Ӯзбекистон, ки маҳз бо ҳамин мақсад таъсис додем, дар заминаи тарбияи кадрҳо муассисаи таълимии олии ҷумҳурӣ хоҳад гардид, ки парвардагони он на танҳо соҳиби дониш ва сабақи дархури ин касб мебошанд, балки молики афкори эҷодӣ буда, комилан технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷиро баладанд.
Шоистаи эътибор аст, ки дар вақтҳои охир дар воситаҳои ахбори оммавии мамлакат тамоили таҳлили амиқи тағйироти мусбӣ дар ҳаётамон ва танқиди конструктивии мушкилоти мавҷуда пурзӯр мегардад. Бешубҳа, ин ба самаранокии ислоҳот, назорати ҷамъиятӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоии шаҳрвандонамон мусоидат менамояд. Аз ҳама муҳим он аст, ки дар натиҷа роҳбарон ва шахсони масъули тамоми дараҷаҳо бо назардошти фикри халқ, талаби давр кор мекунанд.
Албатта, роҳбаре, ки ба дониш ва потенсиали худ, малакаи касбии худ боварӣ дорад, аз танқид намеҳаросад, бо воситаҳои ахбори оммавӣ ҳамкорӣ намуданро намуди таъсирбахши мулоқот бо халқ меҳисобад. Чунки чунин мулоқот яке аз омилҳои асосие ба шумор меравад, ки тараққиёти мамлакатро таъмин менамояд.
Ҳамзамон ҳамаи мо хуб бояд дар ёд дошта бошем, ки баҳс ва мубоҳисаҳои мухталиф дар фазои иттилоотӣ, пеш аз ҳама, ба фактҳои боваринок ва холисӣ асос ёфта, дар доираи қонун ва меъёрҳои этикӣ, на бо мақсади ғаразнок ва ё ниқори шахсӣ, худнамоӣ ба вуқӯъ пайванданд. Набояд ба паст задани иззати шахс, таҳқири шаън ва номуси инсон роҳ гузошт. Ин падидаҳои манфӣ дар фазои иттилоотии мо набояд ҷой дошта бошанд.
Фикр мекунам, ки шумо намояндагони муҳтарами ВАО, ки манфиатҳои халқ ва Ватанро аз ҳама боло мегузоред, ин ҳақиқатро амиқтар аз дигарон дарк менамоед.
Боз бори дигар таъкид менамоям, ки бозсозиҳои куллӣ дар ҳаёти имрӯзаи мо, худи мантиқи ислоҳоти ҷорӣ аз ҳамаи мо бо усули нав кор кардан, пеш гузоштани ғояҳо ва ташаббусҳои истиқболноки навро талаб менамояд.
Аз ин лиҳоз дар назди ҳамаи мо барои мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникӣ, потенсиали кадррасонии воситаҳои ахбори оммавӣ корҳои зиёд қарор доранд, то ки матбуоти миллӣ дар арсаи байналхалқӣ бо ҷойгоҳи муносиб таъмин гардида, ба соҳа, аз он ҷумла, ба кори ноширӣ, савдои китоб ва ташкили паҳн намудани маҳсулоти чопӣ, механизмҳои бозории дар ҷаҳон худро нишондода, дар шароити рӯшодӣ ва рақобати солим ёд гирифтани кор карданро ба соҳа ҳарчи бештар татбиқ бояд кард.
Мо, албатта, кори муттасилро аз лиҳози мустаҳкам намудани кафолати озодии фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ, муносиб қадр намудан ва рағбатноксозии меҳнати пурмашаққати журналист, дар ҷамъиятамон таҳким ёфтани принсипҳои демократия, гуногунандешӣ ва назарҳои мухталифро идома медиҳем.
Дӯстони азиз!
Бори дигар аз таҳти дил шумо ва ҳаводорони бешуморатонро, ки алоқамандони меҳнат ва истеъдодатон мебошанд, бо ҷашни имрӯза табрик менамоям.
Барои ҳамаатон тансиҳатӣ, муваффақияти нави эҷодӣ, сулҳ ва барои хонаводаатон фараҳмандӣ таманно менамоям.
Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.