БА КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОНИ МАМЛАКАТ

Дӯстони азиз!

Муҳтарам кормандони сохтмон!
Аз самими қалб шумо, ҳамаи онҳоеро, ки ба рушди соҳаи сохтмони мамлакат ҳиссаи муносиб ҳамроҳ менамоянд, бо иди касбӣ – Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон аз самими қалб самимона муборакбод менамоям.
Дар ин рӯзи фараҳбахш аз номи халқамон ва шахсан аз номи худам барои меҳнати фидокоронаатон ба шумо таманноҳои нек ва миннатдории амиқ изҳор менамоям.
Дар симои шумо мо, пеш аз ҳама, намояндагони касби олиҷаноберо мебинем, ки онҳо ҳаёти моро боз ҳам обод ва шукуфон гардонда, дар шаҳру деҳоти мамлакат корхонаҳои нави истеҳсолӣ, иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ, манзилҳои зебои истиқоматӣ, кӯпруку гузаргоҳҳои замонавӣ бунёд менамоянд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки имрӯз соҳаи сохтмон чун ҳамаи соҳаҳои дигари ҳаёти мамлакат дар зинаи нави рушд қарор дорад.
Ислоҳоти куллии иқтисодиёти миллӣ, дигаргунсозиҳои бузурги ҳаёти иҷтимоӣ, аз он ҷумла вазифаҳое, ки дар барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» гузошта шудаанд, бо усули комилан нав, бо истифодаи комёбиҳои замонавии илмӣ ва инноватсионӣ ривоҷ додани соҳаро тақозо менамояд.
Худи факти дар доираи Барномаи давлатии «Деҳаи обод» мувофиқи нақшаи генералии ободонӣ дар 416 деҳоти 159 ноҳия амалӣ гардондани корҳои бузурги дар муддати кӯтоҳ бунёд намудани 320 мактаб, 231 муассисаи таълими томактабӣ, сохтмони 148 муассисаи нигаҳдории тандурустӣ ва 77 бинои ҷамоати шаҳрвандон, объектҳои зиёди дигари иҷтимоӣ, инчунин кӯча ва майдонҳо аз миқёс ва ҳаҷми фаъолияти бунёдкорӣ далолат медиҳад.
Дар ин бобат чунин муносибатҳои нав мисли шарикии давлативу хусусӣ, ҳамкории ташкилотҳои сохтмонӣ ва аҳолӣ самарабахш истифода бурда мешаванд. 
Ҳамаи моро бешубҳа он чиз хушнуд мегардонад, ки корҳо бино бар сохтмон ва таъмири шабакаҳои қубури об, низоми таъминоти қувваи барқу газ, роҳҳои дохилӣ, инчунин объектҳои соҳаи иҷтимоӣ ва инфрасохтори бозаргонӣ, ки соли 2018-ум дар асоси барномаи «Маҳаллаи обод» дар 148 маҳаллаҳои мамлакат оғоз ёфтанд, натиҷаҳои аввалини худро мебахшанд.
Имрӯз тамоми Ӯзбекистон амалан ба майдони бузурги сохтмон табдил ёфтааст. Соли ҷорӣ бино бар лоиҳаҳои намунавӣ бунёд намудани 28 ҳазору 435 манзилҳои арзони майдони умумиашон 3,5 миллион метри мураббаъ ба нақша гирифта шудааст. Дар татбиқи корҳои мазкури васеъмиқёс мо ба таҷрибаи бузурги касбӣ, дониш ва малака, маҳорати баланди шумо такя менамоем.
Дар бораи чунин корҳои нек, ки ба баланд гардидани дараҷаву сифати ҳаёти одамон мусоидат менамоянд, сухан ронда, бо қаноатмандӣ қайд кардан мехостам, ки дар минтақаҳо ҳангоми сохтмони маҷмӯъгии нуқтаҳои аҳолинишин баробари манзилҳои истиқоматӣ ва биноҳои мухталиф объектҳои инфрасохторӣ, нуқтаҳои савдо ва соҳаи хидматрасонӣ, муассисаҳои таълим, тиббӣ ва маданӣ, боғу хиёбонҳои нав, фаввораҳо, майдончаҳои бачагона ва иншоотҳои варзишӣ сохта мешаванд.
Мувофиқи Барномаи сармоягузорӣ барои соли 2018 бино бар сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии 1114 объектҳои соҳаи иҷтимоӣ корҳои бузург амалӣ мегарданд.
Қайд кардан мехостам, ки сохтмони Маҷмӯи азнавкоркарди гази Қандим, ки имрӯз ҳамчун «мӯъҷизаи саҳро» эътироф мегардад, минтақаҳои нави озоди иқтисодӣ, объектҳои бузурги минтақаҳои саноатӣ, шабакаҳои гуногуни коммуникатсионӣ самараи меҳнати пурмашаққат ва шарафноки шумо мебошад. Ва халқамон инро хуб медонад ва ба саҳми шумо дар модернизатсия ва навсозии мамлакат баҳои баланд медиҳад.
Дар рушди соҳа васеъ гардондани истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ нақши муҳим мебозад. Далели равшан ин мебошад, ки дар айни ҳол 95 фоизи масолеҳи хушсифате, ки дар сохтмони манзил истифода мешаванд, дар корхонаҳои ватанӣ истеҳсол мегарданд. Аз ҳама муҳимаш, дигаргунсозиҳои мусбати соҳа ба таъмин кардани мустаҳкамии биноҳо, барои аҳолӣ арзон будани манзилҳои сохташаванда, созмон додани ҷойҳои нави кор мусоидат менамоянд.
Баробари ин худи замон ва рафти ислоҳот дар назди мо дар тамоми соҳаҳо, аз он ҷумла, соҳаи мазкур вазифаҳои нав ва муҳимро мегузорад.
Аз ҷумла, барои мо чунин масъалаҳо, мисли таъмин кардани аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, сохтмони роҳҳои замонавӣ, ки деҳотро бо марказҳои ноҳия мепайванданд, бунёд намудани боғчаҳои нави бачагона, мактабҳо, поликлиникаҳои оилавӣ бино бар лоиҳаҳои намунавӣ, афзун гардондани миқдори объектҳои инфрасохтори бозаргонӣ ва хидматгузорӣ, ба роҳ мондани низоми ба тартиби мутамарказ бо масолеҳи сохтмон таъмин кардани аҳолӣ, ташкилотҳои пудратӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ, бо хидматҳои нави инноватсионӣ фаровон гардондани бозори сохтмон, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои соҳа масъалаҳои муҳим шуда мемонанд.
Боварӣ дорам, ки кормандони дастонашон гул ва азму шуҷоатноки сохтмони Ӯзбекистон тамоми дониш ва таҷриба, қувваву имкониятҳояшонро сафарбар намуда, иҷрои вазифаҳои муҳимро бошараф ӯҳда мекунанд.
Муҳтарам кормандони соҳаи сохтмон!
Бори дигар аз самими қалб шуморо бо иди касбиатон муборакбод намуда, ба ҳамаи шумо сиҳҳатии мустаҳкам ва хушбахтӣ, ба оилаҳоятон беҳбудӣ ва фаровонӣ, дар фаъолияти некатон омад ва муваффақиятҳо орзу менамоям.

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: