Муҳтарам кормандони тиб!
Самимона, бо тамоми эҳтиром, шумо, духтурони фидокор, ҳамшираҳои тиб, собиқадорони соҳа, ки ҳаёт худро барои кори нек – ҳифзи саломатии инсон бахшидаед, муборакбод менамоям.
Ҳамам мо хуб дарк менамоем, ки саломатии мардум ин ганҷинаи бебаҳо барои ҷомеа аст. Дар ҷойҳое, ки осоиш ва саломатӣ мавҷуданд, ҳамеша пешравӣ хоҳад буд ва мардум хушбахт ва осудаҳол хоҳад буд.
Дар ин самт, саҳми арзандаи кормандони тиби ба кори худ содиқ дар расидан ба муваффақиятҳои калон ва рушди сармояи инсонӣ дар Ӯзбекистон нав сазовори эътирофи баланд ва миннатдории бузург мебошад.
Ба натиҷаи ислоҳоти фарогир, ки дар кишвар дар солҳои охир амалӣ шудаанд, дар системаи тиб низ тағйироти куллӣ рух медиҳад.
Аввалан, ҳаҷми маблағҳое, ки аз буҷет ҷудо мешаванд, ба таври назаррас афзудааст ва барои рушди бахши хусусӣ дари васеъ боз шуда, ин ба пурзӯр шудани базаи моддӣ-техникӣ ва потенсиали кадрии соҳа, ташаккули муҳити рақобатпазир, васеъ шудани шабакаи хидматҳо ва баланд шудани сифату самаранокии онҳо оварда мерасонад. Технологияҳои пешрафтаи замонавӣ дар амалияи ташхис ва табобат ба таври фаъол ворид мешаванд.
Барои наздик кардани хидматҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тиббӣ, ба аҳолӣ оиди ба ҳар як оила дастрас кардани системаии табобати касбӣ ва пешгирии бемориҳо чораҳо андешида мешаванд.
Бо ин мақсад, фаъолияти муассисаҳои тиббӣ-санитарии аввалия навсозӣ мегардад. Аз ҷумла, дар ин ҷо дар навбати аввал ҷорӣ кардани механизмҳои пешгирии бемориҳо ва мубориза бо сабабҳои он оғоз шуд.
Оид ба таъмин кардани расондани ёрии баландихтисоси тиббӣ ба табақаи аҳолии эҳтёҷманд дар қисмати маҳаллаҳо дар асоси нишонадорӣ ва мақсаднокӣ таҷрибаи нав истифода мешавад. Барномаҳои «Поликлиникаи электронӣ», «Ресепти электронӣ» ҷорӣ карда мешаванд. Барои ин, кормандони патронажӣ оид ба стандартҳои байналмилалӣ омӯзонда мешаванд.
Низоми ёрии тиббии фаврӣ ба идоракунии электронии автоматиконидашуда гузаронда, бо 1000 автомобилҳои махсуси муосири истеҳсоли хориҷӣ таъмин шудаанд.
Хидматҳои тиббии махсусонидашуда барои мардум наздиктар мегарданд. Зиёда аз 500 усули ташхис ва беш аз 800 усули табобат ҷолиби диққат мебошад.
Дар Маркази гематологии ҷумҳуриявии илмии илмию амалӣ ҷаррориҳо оид ба трансплантатсияи ҳуҷайраҳои стволи донории рахи устухон ба роҳ монда шуда, дар Маркази кардиология амалиёти ҷарроҳии эндоскопӣ анҷом дода мешавад.
Духтурони Маркази тиббии миллӣ дар минтақаҳои дури кишвар ҷарроҳиҳои мураккабро бо истифода аз комплекси сайёри ҷарроҳии кардиологӣ, ки аз Аврупо харидорӣ шудааст, анҷом медиҳанд.
Дар маҷмааи нави муосири Маркази ҷумҳуриявии махсуси тиббии илмию амалии онкология ва радиология, ки сохтмони он дар пойтахти мо як лоиҳаи беназири мегалоиҳа дар соҳаи тиб мебошад, аз ҳисоби шароити фароҳм овардашуда ва таҷҳизоти муосир ҳаҷми ташхиси аввалия ва табобати бемориҳоро якчанд маротиба зиёд хоҳанд шуд. Аз ҳама муҳимаш, дар шаҳрвандони мо зарурати барои табобат ба хориҷ баромада, беҳуда сарф кардани вақт ва маблағ аз байн бардошта мешавад.
Бешубҳа, ҳамаи мо аз эътирофи байналмилалии дастовардҳои кишвар дар соҳаи тиб хушнудем. Аз ҷумла гирифтани шаҳодатномаи байналмилалӣ аз ҷониби Маркази миллии тиббии кӯдакона, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии сифат дар Маркази ҷарроҳӣ ва ноил шудан ба нишондиҳандаҳои мақсадноки минтақавӣ дар мубориза бо гепатити В.
Бешубҳа, боз ин гуна мисолҳои самарабахшии саъю талошҳои моро дар ин соҳа бисёр овардан мумкин аст.
Ба қарибӣ дар бораи ҷорӣ намудани механизми суғуртаи давлатии тиббӣ қарор қабул шуд. Мутобиқи он, хизматрасонии тиббии ройгон ва хароҷоти доруворӣ дар дохили система аз ҳисоби андозҳое, ки ба Буҷети давлатӣ меафтанд, пӯшонда мешавад.
Мо барои таъмин кардани манфиатҳои ҳаётӣ ва шаъну шарафи инсон ва мустаҳкам кардани диққат ба саломатии аҳолӣ корро идома хоҳем дод.
Барои он ки хидматҳои тиббии сазовор барои аҳолӣ ҳатто дастрастар шаванд, қаноатмандии аҳолӣ бо хидматҳои ин системаи тиббӣ баланд бардошта шавад, рушди соҳа пайваста дар маркази таваҷҷуҳи мо хоҳад буд.
Боварӣ дорам, ки шумо, ки ба аҳди касбии худ содиқ ҳастед, тамоми дониш, маҳорат ва таҷрибаи бойи худро барои иҷрои муваффақонаи ин вазифаҳо сафарбар хоҳед кард.
Бори дигар самимона шуморо, ки анъанаҳои наҷиби пешвои бузурги мо Ибн Синоро идома медиҳед, бо Рӯзи кормандони тиб табрик мегӯям, барои ҳамаатон сиҳатии мустаҳкам, хушбахтӣ ва комёбӣ дар фаъолияти шоистаи шумо орзу менамоям.
Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.