Аввалҳои сентябр.
Аввалҳои сентябр. Амонқули омӯзгор ва хонаводаи ӯ – ҳама дар ҳаяҷон. Аз нигаронӣ ҷойи нишаст намеёбанд. Пайваста барои худ дуо мекунанд: “Ҷумъаҷон, нури дидаамон... Омад ёр бод!”
Дар воқеъ, барои Ҷумъабойи наврас, ки аллакай дар синни 16-солагӣ устоди варзиш шудааст, 4-7-уми сентябри соли равон айёми имтиҳони маҳорат ва бозтоби тамринҳои ҳамешагӣ буд. Акнун мебоист ҳунари куштигирии (гӯштингирӣ) худро дар саҳнаи ҷаҳонӣ намоиш диҳад, ки нахустин бор барояш иттифоқ меафтод.
Хушбахтона, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки доир ба куштии (гӯштин) камарбандӣ дар шаҳри Мамадиши Тотористон (Русия) дар байни наврасони 14-17-сола баргузор шуд, зодаи деҳаи Синтаби ноҳияи Нурато Ҷумъабой Амиров низ бомуваффақият ширкат варзида, дар вазни 50 килограмм рақиби худ Мухтор Алиеви қазоқистониро мағлуб сохта, ҷойи сеюмро ишғол намуд.
Агарчи Ҷумъабой дар сабқати (мусобиқа) байналмилалӣ мақомҳои якум ё дуюмро соҳиб нашудааст, вале дар ин синну сол комёбии ӯ барои худаш ва наздикону мураббиҳояш пешрафти қобили мулоҳиза аст. Ӯ ба худ, ба саъю талошҳои худ дар омӯзиши санъати куштии камарбандӣ итминон дорад ва дар оянда зинаҳои болотарро ҳатман соҳиб хоҳад шуд.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки падари Ҷумъабой омӯзгори варзидаи риёзиёт Амонқул Амиров ӯро дар хурдсолӣ ба шаҳри Нурато мебарад ва дар мактаби махсуси рақами 42-юми маркази ноҳия, ки бештар бачаҳои боистеъдодро фаро мегирад, ба таҳсил мегузорад. Маълум аст, ки куштии миллӣ дар кӯҳпояи Нурато аз ҷумлаи варзишҳои шинохташуда ба шумор меравад, вале дар ин хитта куштии камарбандӣ нест! Ғайричашмдошт, Ҷумъабой ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар синфи дуюм ба ин навъи варзиш меҳр мемонад ва дар канори илмомӯзӣ ба тамрини мунтазам оғоз мекунад. Ҳам дар мактаб ва баъдан дар коллеҷи захираҳои олимпии шаҳри Навоӣ, ки соли 2017 аз синфи ҳафтум ба ин омӯзишгоҳ мегузарад, Ҷумъабой таҳти роҳбаладии устодони худ Эрназаров Карим, Икромов Сарвар ва Раҳматов Мамараҷаб беш аз пеш сирру асрори куштии камарбандиро ёд мегирад ва тайи ду-се сол ба комёбиҳои назаррас ноил мегардад.
Агар қувваозмоӣ ва пирӯзиҳои Ҷумъабойро дар мусобиқаҳои байниноҳиявӣ, байнишаҳрӣ ва байнивилоятӣ сарфи назар кунем, нахустин ғалабаи назарраси ӯ дар чемпионати умумиҷумҳурии Ӯзбекистон, ки соли 2018 дар вилояти Хоразм дар байни наврасони 15-16-сола баргузор шуда буд, ба даст омадааст. Қаҳрамони мо дар он сабқат бо вазни 42 килограмм баромад карда, ҷойи якумро соҳиб мешавад. Барандаҳои ин мусобиқа барои турнири осиёӣ, ки қарор буд дар Қазоқистон доир гардад, роҳхат гирифта буданд.
Дигар куштии бобарори Ҷумъабой моҳи августи соли 2019 дар шаҳри Олмалиқ ба вуқӯъ мепайвандад, ки ӯ аз ин камарбандгирии худ як ҳазор доллари нақдро ба дасти падару модараш месупорад. Он замон ӯ дар мусобиқаи ҷаҳонии наврасон, ки нахустин бор дар Ӯзбекистон барои Ҷоми Президент доир мегардид, ширкат варзида, ҷойи дуюмро соҳиб шуда буд.
Ҷумъабойи наврас соли 2019-ро барои худ ҳамчун соли нек ва бобарор медонад. Дигар пирӯзии ӯ дар ин сол муваффақ шуданаш ба ҷойи якум дар чемпионати Ӯзбекистон доир ба куштии камарбандӣ аст, ки дар шаҳри дӯстдоштаи ӯ – Навоӣ баргузор мешавад. Бо ин дастовард ӯ сарбаландона ба мусобиқаҳои ҷаҳонӣ роҳхат мегирад. Дере нагузашта, моҳи феврали соли 2020 аз пайи ин муваффақиятҳо ва бар ивази маҳорати волои варзишкорӣ ба Ҷумъабой Амирови 16-сола гувоҳномаи “Устоди варзиш доир ба куштии (гуштин) камарбандӣ” тақдим мегардад.
Бо мурури рӯзҳову солҳо инсон бузургтару пухтатар мешавад. Ҳам ба вазну тавони ҷисмонии худ меафзояд ва ҳам ҳарчи беш ба камоли рӯҳиву маънавӣ мерасад. Дар соли 2021 мо дигар он Ҷумъабойи 42-килограммиро намебинем. Ӯ акнун бо вазни 50 кг баромад мекунад. Нахустин пирӯзии вай бо ин вазн дар мусобиқаи кишварии 18-21 моҳи июли соли равон ба даст меояд, ки дар шаҳри Андиҷон бо ҳамтоёни худ қувваозмоӣ намуда, муфтахар ба ҷойи аввал шуда буд. Ҷумъабой бо ин ғалаба дар байни ҳамвазнҳои худ дар ҷумҳурӣ баландтарин қуллаи куштии камарбандиро фатҳ мекунад.
Ниҳоят, мусобиқаи ҷаҳонии баргузоршуда дар Мамадиши Русия, ки дар оғоз аз он ёдовар шудем. Ва ин ҳама комёбиҳо, бешак, аз назари устодон ва мудирияти коллеҷи захираҳои олимпӣ ва алалхусус, аз таваҷҷуҳи ҳокимияти Навоӣ дар канор намондааст. Падари Ҷумъабой омӯзгори хушсуҳбат Амонқул, ки ба монанди ҳамдеҳагони худ ҳамроҳ бо ҳамсари азизаш Гулнозаи муаллима ва фарзандон зиндагии хоксорона дорад, бо ифтихор пайғом расонд: “Ташаккур ба раҳбаронамон! Талошҳои писарамро арзёбӣ карда, пас аз мусобиқаи Русия ба ӯ 10 миллион ва ба устодаш низ 5 миллион сӯм ҷоиза додаанд...”
Ҷумъабой фарзанди шуҷои миллат аст. Ба хотири ҳифзи обрӯ ва ҳайсияти миллӣ ва боло бурдани шуҳрати кишвар бо тамоми вуҷуд саъй мекунад. Худо хоҳад, бо иродаи қавӣ ва нерумандии худ дар куштии камарбандӣ ба пирӯзиҳои бештар ноил мегардад ва ба пилаҳои баланди ҷавонмардӣ мерасад.
Ба қавли Фирдавсии бузургвор: “Ба куштӣ падид ояд аз мард – мард!”.
Юнуси ИМОМНАЗАР.