«БА МАЙДОНИ СУХАН БО ШЕЪРИ ТАР БАРХЕЗ»

Бо такя ба таърихномаву тазкираҳои қадим ёдовар мешавем, ки ба майдони фарохи адабиёти форсии тоҷикӣ бисёр ҷавонҳои тавонманду ташнаи шеъру шоирӣ бо дӯшбори орзуву ормонҳо ба марказҳои тамаддун рахти сафар баста, коми дил ба даст овардаанд.

Шеъре, ки дар он накҳати маънии ноб нест,
Чун гули коғазист, к-андар он гулоб нест.
(ХОҶА.)
Бо такя ба таърихномаву тазкираҳои қадим ёдовар мешавем, ки ба майдони фарохи адабиёти форсии тоҷикӣ бисёр ҷавонҳои тавонманду ташнаи шеъру шоирӣ бо дӯшбори орзуву ормонҳо ба марказҳои тамаддун рахти сафар баста, коми дил ба даст овардаанд. Ҳарчанд аксарияти онҳо бо маҳдудиятҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, зиддиятҳои сиёсӣ, шарту шароити вазнин пайвандии ҳамешагӣ доштанд, иқболу истиқболи дурахшонашонро аз ҷаҳду ҷадалҳо, мардиву матонат, навҷӯиву навгӯиҳо дарёфтаанд. Чунин қисмати пуршараф ба Устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлавии Балхӣ, Ҳофизу Хайём, Синову Саъдӣ, Ҷомиву Бедил, Айниву Туғрал ва садҳо тани дигар насиб гаштааст.
Шукру сипос, ки ҷавонадибони солҳои 60-70-уми асри гузашта, алалхусус қаламфарсоёни солҳои аввали истиқлолият, дар шароит ва муҳити адабии нисбатан беҳтару созгортар, дар партави сиёсат ва мафкураи нав, озодии фикру андеша ба камол расида, хазинаи маънавии адабиёти моро ғанитар мегардонанд.
Тақрибан сӣ сол муқаддам шоир Хоҷа аз ватани Сайидо ба Самарқанди қандманд омада буд.
Хоҷаро ман ҳамчун шоири рангинхаёл, файласуф, ҳақҷӯву ҳақгӯ, хоксору поксиришт то андозае кашф кардаам. Аз вожаву ибораҳои тоза, бадеияти хоси андеша, сабки нигориши нимоӣ, ғазалу рубоиёти хушоҳанги суннатии ӯ бармеояд, ки дар ҷодаи суханвариву гуҳарфишонӣ комёб гардидааст. Худро дар маркази Вақту Фазо мебинад ӯ. Дар киштии ишқ ба васли маъшуқ андаруни уқёнуси пурталотум шитоб ҳам дорад.
Ба қавле, тарзи сухани Ҳофиз дорад. Аз ашъори рӯҳпарвар, исёнгар ва дилошӯби Хоҷа накҳати осори Муҳаммад Иқбол, Нимо Юшиҷ, Нодири Нодирпур, Фурӯғи Фаррухзод ҳис карда мешавад. Формулаи лирикаи Хоҷаро метавон «Фалсафа дар шеър, шеър дар фалсафа» номид. Қариб мисрае нест, ки аз ин қоида берун бошад.
Маро ҳини иншои достони «Ҳурмузд ва Аҳриман» ба манбаъҳои таърихӣ, шахсият ва осори  Зардуҳушт эҳтиёҷе пайдо шуд. Аз навиштаҳои олимон ва адибони варзида, мақола ва гузоришоти марбути ин мавзӯъ  ҳаддалимкон баҳраи маънавӣ бурдам. Шеъри «Сурӯши рӯҳи худии Зардушт»-и Хоҷа низ тасаввуроти маро равшантар намуд.
Шоира ва олимаи фарҳехтаи диёр Дилшодаи Ҳазратқулиён дар мақолаи тадқиқотии хеш «Шоири ормонҳои булӯрини бошаҳомат» («Овози Самарқанд», 26-уми октябри соли 2022, № 88) чунин менависад: «Хоҷа дар андеша ва тасвир амиқраву фародав аст ва дар майдони фарох аспи андешаҳоро ҷавлон медиҳад». Воқеан, корбасти вожаю ибораҳои «жарфҳои сукут», «жарфандешу улвикеш», «майхонаи ишқ», «садои барқи лабханд», «оби лутфи лаб», «абри кофар», «деви шаб», «хоби сангини халқ», «пеши пойи офтоб», «шаби рӯъёӣ», «чашмҳои нозуки эҳсос»,  «рӯъёи бедорӣ», «устураи фаввора», «ишқи ҳақ» ва ғайра далели он аст, ки вусъати тахайюлоти бадеӣ бо тасвири фалсафии мавзӯъ дунёи ботинии қаҳрамони лирикии («ман»-и шоир) Хоҷа ба ҳам омехта, «портрет»-и мукаммали ҷузъи ҳаёту зиндагии инсон, халқ, ҷамъият ва табиатро пеши назар меоварад:
Мурғи сапедадам
бо бонги субҳхез,
бар аҳли хуфта медиҳад пайк аз сапедадам,
Дар рӯзи растахез,
Ҳон! Хуфтагони олами шеъру ҷаҳони ишқ,
Дар маърази гӯшу дили пур аз зуломи зарқ,
Бонги каломам мерасад ҳамчун хурӯши раъд,
Тири шиорам мепарад ҳамчун ҷаҳиши барқ!...
Бинед, ки шоир як рӯйдоди хурди рӯзгори воқеиро чӣ гуна зебо, хотирмон ва муассир ба риштаи шеъри нимоӣ мекашад.
Ё шеъри «Майи ишқ»-ро бигирем:
Ту, эй зан, бодаи ишқӣ!
Булӯри пайкаратро об кун чун бодаву
 дар ҷоми қалбам рез,
Ки ман чун ошиқи махмур,
Туро то қатраҳои охирин
чун май биошомам!...
Бо эътимоди қавӣ бояд гуфт, ки Хоҷаи закитабъ аз мактаби ғазалсароии Ҳофизи Шерозӣ дарси ибрат гирифтааст:
Эй зи асли одамӣ берун туро идрок нест,
Каъбаву бутхона ҳеч аст, ар туро дил пок нест.
***
Гул ба каф соғар гирифту мо чаро бесоғарем,
Бояд аз пири муғон бар даст соғар оварем.
Аз рубоиҳои Ҳаким Умари Хайём гӯё акси садои Хоҷа танинандоз мешавад:
Дар решаи ток оби оташнок аст,
В-аз он ҳама шӯр дар дили афлок аст.
Зинҳор магӯ, ки май ҳаром асту мубоҳ,
Гар марди ҳаким хурад ҳалолу пок аст.
Аз назару андешаҳои сатҳии мо бармеояд, ки фурсати таваҷҷуҳи ҷиддиву амиқи илмӣ нисбати навиштаҳои шоири  дақиқсухан кайҳо расидааст. Ҳар як падидаи ҷолиби адабӣ бояд ба риштаи омӯзиш ва тадқиқот кашида шавад. Ин ба фоидаи рушди нақди адабии муосир, пешрафти падидаҳои эҷодии суханварони давр хидмат мекунад. Зеро ба қавли Хоҷа «ба майдони сухан бо шеъри тар» бархестан кори осон нест. Тозабаёниву бозёфтҳои арзишманди эҷодии ҳар як суханвар, билхоса шоирони навҷӯву навгӯ, шоёни эътирофу дастгирист.
Дар бораи мақому манзалати ашъори шоири худшиносу худошинос чандин суханшиносони маъруфи кишвар аз қабили Султонмурод Олим, Ҳазрат Сабоҳӣ, Садрӣ Саъдиев, Ҷумъа Ҳамроҳ ва дигарон ибрози андеша кардаанд. 
Камолоти маънавию эҷодии дӯст ва додари арҷманд Хоҷаро самимона пазируфта, мехоҳем, ки дар ҷодаи сухангустарӣ солҳои тӯлонӣ комёб бошад. Навиштаро бо овардани шеъре бо номи «Саҳнаи сояҳо» аз китоби тозанашри ӯ – «Аз ишқи ту то ишқи Ҳақ» ҳусни хотима мебахшам:
Як зумра одамон ба мисли нақши рӯйи об,
Дар саҳнаҳои зиндагӣ тимсоли сояанд.
В-он одамони бенишон, гӯӣ дар ин ҷаҳон,
Тасвири нақши хешро, чун лаҳзаи хаёл,
Дар ойина мебингаранду ғайб мезананд.
Дар саҳнаи ҷаҳони ҳастӣ иддае дигар
Тасвири қурси оташини Офтобро
Дар лобалои чашмҳои хеш,
Дар рӯйи ойина
Чун оташи дӯзах диданду сӯхтанд
аз шиддати висол.
Тасвири Коинотро
Бо моҳу ахтарони шаб.
Дар ойинаи оби баҳри беканори даҳр,
Як зумра одамон бидиданду шуданд лол...

Нормурод КАРИМЗОДА, 
узви Иттифоқи 
нависандагони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: