БА МАКТАБ АСБОБҲОИ МУСИҚӢ ВА АНҶОМҲОИ ВАРЗИШ ДОДА ШУД

Дар ноҳияи Шароф Рашидови вилояти Ҷиззах бахшида ба 28-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти шиори «Ҷовидон шукуфон бош, Ӯзбекистони азизи ман!» чорабинии фарҳангиву маърифатӣ баргузор шуд.

Чорабинии мазкур, ки бо ҳамдастии Бунёди байналхалқии хайриявии «Соғлом авлод учун» ва ҳокимияти ноҳия ташкил карда шудааст, аз гул гузоштан ба пояи муҷассамаи «Модари мотамзада» ва ҳайкали Ш. Рашидов оғоз ёфт. 
Дар доираи чорабинӣ маросими кушоиши дукони «Олами китоб»-и шаҳрчаи Учтепа  ба амал омад. Дар шафати китобхонаи халқии электронӣ кушода шудани дукони китоб ба китобхонон боз як қулайӣ фароҳам овард. Иштирокдорони чорабинӣ бо фаъолияти китобхонаи халқии электронӣ  ва намоишгоҳи китоб ошно гардиданд.
Дар маҳаллаи «Тошкентлик»-и ноҳия баҳри ба китобхонӣ, маданият, санъат, варзиш, технологияи ахбор зиёд намудани шавқу завқи ҷавонон ва онҳоро ҳаматарафа дастгирӣ намудан шаби бадеӣ-маърифатӣ низ ташкил гардид. Дар он тақдимоти китоби «Одамоне, ки дар қалбҳо зиндагӣ мекунанд», ки ба хотираи инсонҳои фидоии ноҳия бахшида шуда буд, ба амал омад. 
Иштирокдорон таъкид намуданд, ки чоп гардидани китоби мазкур, ки дар он оид ба ҳаёт ва фаъолияти шахсони шинохтаи ноҳия – Шароф Рашидов, Ҳамид Олимҷон, ҳофизи халқӣ Орифхон Ҳотамов, пахтакори машҳур Ҳамроқул Носиров, Зокир Норматов ва дигарон сухан меравад, яке аз амалҳои нек мебошад. 
Дар шаби шеър аз шеърҳои шоирон, суруду оҳангҳои бастакорон намунаҳо иҷро карда шуданд. Намояндагони ҷомеа, дӯстон ва фарзандони қаҳрамонҳои китоб хотираҳои худро доир ба онҳо нақл намуданд. 
– Рӯи чопро дидани маҷмӯаи хотира ифодаи ҳурмат ва абадигардонии хотираи инсонҳои фидоӣ мебошад, – мегӯяд Қаҳрамони Ӯзбекистон Марат Зокиров. – Китоб на танҳо баҳри ёдбуд, балки ба ҷавонон барои омӯхтани таърихи Ватан ва ҳаёти ибратбахши гузаштагон чун рисолаи муҳим хидмат хоҳад кард. 
Дар чорабинӣ аз ҷониби ҳокимияти ноҳия ва ҳомиён ба мактабҳои таълими умумии такягоҳии сектори 4-уми ноҳия асбобҳои мусиқӣ ва анҷомҳои варзишӣ супурда шуданд. Барномаи консертии санъаткорони шинохта, ҷамоаи ҳаваскорони бадеии мактабҳои таълими умумии ноҳия ва дастаи духтарони дуторнавоз намоиш дода шуд. 
Дар интиҳо меҳмонон ҷойҳои ҷолиби диққати ноҳияро тамошо карданд.

Т. БЕКНАЗАРОВ,
 мухбири ӮзА.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: