Ҳангоми сафараш ба вилояти Андиҷон, ки 16-17 майи соли равон ба вуқӯъ пайваст, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз мактаб-интернати махсус бо омӯзиши амиқи забони модарӣ ва адабиёти ба номи Шоири мардумии Ӯзбекистон Муҳаммад Юсуф боздид ба амал оварда, осорхонаи шоирро дар он тамошо карда, бо ҷавонони эҷодкор ҳамсуҳбат шуда буд.
Роҳбари давлати мо бинобар боло бардоштани самаранокии корҳои таълимиву тарбиявӣ, иқтидори эҷодии толибилмон андеша ронда, ба шахсони масъул бобати барои мактаб ҷудо кардани автобус ба мақсади кӯмакрасонӣ дар ташкили сафари ҷавонон ба мактабҳои эҷодии вилоят ва мулоқоти онҳо бо ҳамсолонашон супориш дода буд.
Дирӯз дар хиёбони Муҳаммад Юсуфи шаҳри Андиҷон бо иштироки собиқадорони меҳнат, ходимони эҷодӣ, намояндагони созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҷомеаи васеъ ва донишҷӯён ҳокими вилоят Ш.Абдураҳмонов ба ҷа-моаи мактаб туҳфаи Президент – автобусро супорид.
– Мо аз ин эътибори бузурги роҳбари давлатамон бағоят мамнунем, — гуфт директори мактаб-интернат Ш. Нурматова. – Туҳфаи Президент қалбҳои моро аз хурсандӣ лабрез намуд. Ин эътибор ҷамоаи моро ба меҳнати фидокорона, толибилмонро бошад, дар хониш ва эҷодиёт ба фаъолнокии бештар даъват менамояд.
Алҳол дар мактаби мазкур 250 нафар хонандагони соҳибистеъдод таълим мегиранд. Онҳо баробари фанҳои таълими умумӣ забони модарӣ ва адабиёт, эҷодиёти бадеиро низ амиқ меомӯзанд.
Соли равон ҳангоми қабули хонандагон ба мактаби эҷодӣ ба истеъдоди онҳо эътибори махсус дода мешавад. Озмуни асарҳои эҷодии онҳо баргузор мегардад, иқтидори қироат ва суханронии дурусти толибилмон санҷида хоҳад шуд. Хонандагоне, ки аз имтиҳоноти эҷодӣ гузаштаанд, таълимро аз синфи 5-ум оғоз менамоянд.
Аз ҷониби маъмурияти мактаб аз ҷумлаи толибилмони соҳибистеъдод ва омӯзгорон гурӯҳҳои эҷодӣ созмон дода, барои дар таътили тобистона ташкил намудани сафарҳои эҷодӣ ба баъзе деҳоти вилоят, баргузор кардани вохӯриҳо бо ҷавонони номуташаккил, чорабиниҳои адабӣ, маънавиву маърифатӣ дар истироҳатҳои бачагона нақшаҳо тартиб дода шуданд. Барои ба амал татбиқ намудани ин мақсадҳо туҳфаи Президент – автобус мададгори ҷамоа хоҳад шуд.
Фахриддин
УБАЙДУЛЛОЕВ,
хабарнигори ӮзА.