БА МАКТАБИ ИЛМИ ҲАДИС АВТОБУСИ ЗАМОНАВӢ СУПУРДА ШУД

Президент Шавкат Мирзиёев 11-уми январи соли ҷорӣ ҳангоми ташриф ба вилояти Самарқанд бо Маркази илмиву тадқиқотии байналхалқии Имом Бухорӣ ва Мактаби илми ҳадис шинос шуда, бинобар такмил додани фаъолияти муассисаҳои мазкур, бобати фароҳам овардани шароити мусоид ба кормандони илмӣ ва донишҷӯёне, ки дар ин ҷо фаъолият доранд, супориш дод.

Хусусан, барои роҳандозии саёҳати донишҷӯёни Мактаби илми ҳадис ба қадамҷойҳои муқаддас ва обидаҳои таърихии кишвар  зарурати ҷудо кардани автобусро таъкид карда буд.
Ҳоло ин ташаббуси роҳбари давлат амалӣ гардида, ба мактаб автобуси замонавӣ супурда шуд. Дар чорабиние, ки ба ин муносибат баргузор шуд, ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов, раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, муфтӣ Усмонхон Алимов ва дигарон таъкид карданд, ки дар кишвари мо ба масъалаҳои минбаъд такмил додани соҳаҳои динию маърифатӣ, ҳифзи покизагии дини муқаддасамон, кушода додан  ва васеъ тарғиб кардани тамоюлҳои инсонпарварии ҳақиқии он, тайёр кардани кадрҳои бомалакаи соҳа эътибори алоҳида дода мешавад ва ислоҳоти низомнок роҳандозӣ гардидааст. 
Бо ташаббуси роҳбари  давлат ташкил гардидани Маркази тамаддуни ислом, Академияи байналхалқии исломи Ӯзбекистон, роҳандозии марказҳои илмию тадқиқотии байналхалқии Имом Бухорӣ ва Имом Тирмизӣ  самараи назарраси ислоҳоти мазкур мебошанд. 
Бинобар фармони Президент аз 16 апрели соли 2018 «Дар бораи чораву тадбирҳои куллан такмил додани фаъолияти соҳаи диниву маърифатӣ» Идораи мусулмонони Ӯзбекистон муассисаи таълими олии динии Мактаби илми ҳадисро ташкил намуд. 
– Омӯхтани моҳияти асосии дини ислом, Қуръони карим ва илми ҳадис, асосҳои илмиву маънавӣ, мероси алломаҳое, ки ба ривоҷи илми ҳадис ҳиссаи сазовор гузоштаанд, тайёр кардани мутахассисони пешқадаме, ки таърих ва назарияи динҳоро пухта аз худ кардаанд, асосҳои дини ислом ва забони арабӣ, хусусан, ҳадис ва илмҳои доир ба онро амиқ медонанд, вазифаи асосии фаъолияти Мактаби илми ҳадис ба шумор меравад, – мегӯяд ректори Мактаби илми ҳадис Олимҷон Юсупов. – Барои амалӣ гардондани вазифаҳои мазкур дар назди Маркази илмиву тадқиқотии Имом Бухорӣ бинои замонавии Мактаби илми ҳадис сохта шуд. Президент 11 январи соли ҷорӣ вақте ки бо мактаби нав шинос мешуд, зарурати дар ин ҷо ба донишҷӯён омӯзондани асарҳои Имом Бухорӣ, Имом Мотурудӣ, Бурҳониддин Марғинонӣ ва алломаҳои дигари бузургамон, баъди мутолиаи китобҳои онҳо, албатта, зиёрати зодгоҳ, ҷойҳои ба воя расида ва қабрҳои аҷдоди бузургамонро таъкид намуда, барои ин, ба мактаб ҷудо кардани автобуси замонавиро супориш дода буд. Инак, туҳфа дар ҳамин асос ба мактаб супурда шуд. 
Иштирокдорони чорабинӣ бо фаъолияти Маркази илмию тадқиқотии байналхалқии Имом Бухорӣ ва Мактаби илми ҳадис шинос шуданд. 

Ғолиб ҲАСАНОВ, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: