БА МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТ ХИШТИ АВВАЛ ГУЗОШТА ШУД

Дар мамлакатамон барои ҳамаҷониба дар андозаҳои ҷаҳонӣ таълим ва тарбия гирифтани ҷавонони боистеъдод имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд.

Дар ин бора дар маркази вилоятҳо қад рост намудани мактаби Президент боз як ғамхорӣ барои таҳсили ҷавонони илмдӯст ба шумор меравад.
Чанде пеш дар шаҳри Намангон ба сохтмони бинои мактаби Президент хишти аввал гузошта шуд.
Мактаб дар ду гектар майдон воқеъ буда, бунёди ду бинои таҳсил, хобгоҳ, меҳмонхона, зали гимнастика, майдонҳои волейбол, футбол ва барпо кардани боғ пешбинӣ шудааст.
Ба мактаб бештар хонандагони болаёқат ва истеъдоднок баъди хатми синфи 4-ум, дар асоси имтиҳон қабул карда мешаванд. Мувофиқи нақша дар як синф ҳамагӣ 12 нафар хонандагон таҳсил мегиранд. Ин имконият медиҳад, ки дар машғулиятҳо барои илмомӯзии мактабиён шароит ва имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешавад.
Дарсҳо бо забони англисӣ ба роҳ монда мешаванд. 
Баъди хатми мактаб, ба хонандагон шаҳодатнома оиди маълумоти миёна пешниҳод карда мешавад ва онҳо метавонанд, дар таълимгоҳҳои интихобкардаи хориҷӣ таҳсил гиранд.
Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Намангон, узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайрулло Бозоров ва ҳокими шаҳри Намангон Шавкат Абдураззоқов иштирок карданд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: