«БА МАН ГАП МЕРАСАД»

(Ҳикоя)

Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гумкардааст.
(Лоиқ)

Он рӯз хурсандиам ҳадду канор надошт, аз ниҳояти шодмонӣ дар куртаам намеғунҷидам. Аз деҳа баромада ба шаҳри Баҳор мошинсавор мерафтам, вале ҷисму ҷонам гӯё берун аз қолаб дар баландиҳо муаллақ мегашт. Аз мағзи дил оҳанги ҳаяҷономезе маро ба рақс меовард, дар фарози хаёлҳои ширину рӯҳбахш болу пар мезадам. Дар роҳ мерафтаму аз як сӯ дашти бепоён ва аз ҷониби дигар теппаю доманаҳои сабзпӯшу гулранг бо ҷамолу ҷилои дилфиреб худнамоӣ мекарданд. Ҳаво соф буд, рақси мулоиму лаппиши муназзами баргу шохаҳои дарахтоне, ки аҳён-аҳён ба назар мерасид, аз вазидани насиму шаббодаи ноз-нозии баҳорӣ гувоҳӣ медод. Бар замми нури рӯз хуршеди тобон ҳам аз нишемангоҳи худ қомат рост карда, ҳусну нигори мунаввари худро ба намоиш мегузошт. 
Шояд бовар накунед, аммо он як рӯзи баҳорӣ аз ғуруру нишот сарам ба осмон мерасид. Дар роҳ мерафтаму пушти ҳам суханҳои диловезу таҳниятҳои ифтихоромези ҳамдеҳагон дар моварои гӯшу ҳушам беохир садо медод. Ҳеч гумон намекардам, ки ҳамдеҳагони ман, аҳли заҳмати кӯҳистон  то ин андоза муштоқи каломи бадеъ, пазмони китобу қиссаҳои тоҷикӣ ҳастанд. Ҳатто аз худи ман бештар хушҳол шудани онҳо маро ба ваҷд овард, дар худ меболидам, ки об дар ҳован накӯфтаам! Дар ҳоле ки пушти фармон нишаста, мукаррар илтифоту дуоҳои деҳотиёнро аз саҳни хаёл мегузарондам, гӯшаи чашмам ба қабои зардӯзишуда ва ҳадяҳои онҳо афтид, ки дар курсии пушт мехобиданд. Ин дастовез нахустин подоши бебаҳо дар зиндагиам буд, оре, аввалин бор арзёбии истеъдоду заҳматҳои шабурӯзӣ ва камхобиҳои худро бо чашми сар медидам. Аз хурсандӣ ба ваҷд омадам, дар зери мижгонҳоям оби дида ҷӯш зад...
Он рӯз бо ҳазору як умеду орзуҳои ширин ба шаҳри дӯстдоштаам Баҳор мерафтам. Маҳз дар он ҷо тоҷикони муқим хеле зиёданд, ҳамзабонони фаровоне аз чор гӯшаи кишвар низ ба ин шаҳри бостонӣ омада маскун шудаанд. Яке аз ошноҳои наздикам Равшани сартос дар ин шаҳр зиндагӣ мекард, аз ҷумлаи коршиносони шинохтаи муассисаи номдоре буд. Ӯро дар солҳои мактабӣ ба хотири каммӯю калон будани сараш  «сартос» меномидем. Он замон бачаи хеле фаъолу зирак буд. Мехостам бо ёрии ин рафиқам китоби тозанашри худро рӯнамоӣ кунам. Агар Худо мададгор мешуду дар шаҳри Баҳор низ саъям бобарор меомад, барои пахши китобҳоям роҳи васеъ боз мешуд...
Ба шаҳр расидам. Бо иштиёқ ва меҳру отифае, ки ба хотири дидори ошнои чандин сол дурафтода дар худ  ҳис мекардам, бо Равшан тамос гирифтам ва аз омадани худ ба назди идорааш дарак додам. Зоҳиран, кораш бисёр буд, кӯтоҳ  бо садои канда-канда гуфт:
– Ҳозир... Ҳамон ҷо бош... Меоям.
Аз дарвозаи оҳанини қуббадор ба ҳавлии назди бинои дуошёна даромадам. Чанд нафар ҷавону куҳансол бар харакҳои дами дар менишастанд, гӯиё мисли ман мунтазири мулоқот буданд ё корафтода. Ман нахостам дар канори онҳо нишинам, ба назарам чунин намуд, ки агар мансабдоре мисли ошноям маро беғаму бениёз нишаста бар рӯйи харак медид, камоли беадабӣ мешуд. Бо дили бетоқат пасу пеш қадамзанон, ба ҳар касе, ки аз даромадгоҳи бино мебаромад, нигоҳе меафкандам. Тарсам дар он буд, ки мабодо ошноро нашиносаму ӯ сарсон шавад. 
Чӣ гӯям, интизориам хеле тӯл кашид, аз ниҳояти қадамзанӣ поҳоям дард гирифтанд. Аз «ҳозир» як рубъ, ним соат гузашт, аммо аз сари тос дарак не. Хостам дубора занг занам, лекин андеша кардам, аз курсинишине такроран дархости дидор кардан ба назарам зишт намуд. Онҳое, ки бар рӯйи харак менишастанд, бо одамони худ мулоқот карда баромада рафтанд, ба ҷояшон касони дигар омаданд. Ҳаво торафт гарм мешуд, теғи офтоб дуруст аз болои сар мезад. Ин шаҳри пуровоза бо насиму шаббодаҳои табиат қаҳрӣ менамуд, бар замми гармӣ ҳавои он даму нафаскан буд. 
Расо як соат гузашт. Худоё шукр, дар дами остона чеҳраи гирифтаю сари тоси ошноям падид омад. Ҳамон қадду баст, ҳамон қиёфа, вале бо чурукию ожангҳои бештар. Офтобсариаш ҳам ба маротиб афзудааст, лақабаш акнун моси худаш буд. Аз тавқи паҳни қирмизранге, ки сари дилашро оро медод, хушам наомад. Бо ин ҳол, ҳар гуна менамуд, дар зеҳни худ пазируфтам, охир, ӯ мансабдор аст!
Бағал кушода бо ҳам вохӯрӣ кардем. Аз ранги рӯй ва ҳолпурсии Равшан аён буд, ки ба ҷое ҳаросон аст. Фикр мекардам, ҳоло бо ҳазор сухан аз бобати дер мондани худ узр мепурсад, вале хаёлам ботил баромад. Ӯ бо ҳавлу ҳарос суол кард:
– Чӣ хабар? Маро хоб дидӣ-чӣ, рӯзона ба сари корам омадӣ?
– Бароят туҳфае дорам, ошно, – муомилаи сарди ӯро дар дил хӯрда арз кардам ман, – баъд, маслиҳати ту лозим буд, агар вақтат бошад. 
– Намефаҳмам, чӣ гуфтан мехоҳӣ?
– Ҳоло, як лаҳза сабр кун, – ҳайрону бетоқат шудани ӯро дида гуфтам ман ва ба сӯйи худрави саворӣ ба берун давидам. Як дона китобамро аз сандуқи ақиб гирифта ба пас гаштам. Равшан бо қавоқи овезон ва нигоҳҳои сард сари калонашро ба ду самт ҷунбонда меистод.
– Метавонӣ маро табрик кунӣ, ошно, – дудаста китобамро ба сӯяш дароз кардам, – нахустин китоби қиссаю ҳикояҳоям ба чоп расид.
Ӯ, бе он ки ҳарфе гӯяд, китобро аз дастам гирифту муқоваашро боз кард. Ҳамон кушоданаш буду, мисли ин ки ӯро барқ гирифта бошад, як он бо ҳарос китобро пас дод ва бо чашмони аз ҳадақа баромада бо хашм гуфт:
– Чӣ, сарамро дар бало мононданӣ ҳастӣ?!  Ҳамин ҳозир туҳфаи нозанинатро аз назарам гум кун!
– Барои чӣ? Магар ба ту заҳр додаам, ки ин қадар метарсӣ? Ин ки китоб аст, китоби бадеӣ, асари худам.
– Гӯё ҳеҷ чизро намедонӣ, кай дидаӣ, ки мо китоби тоҷикӣ хондаем?
– Э, ошно, мактаби миёнаро дар куҷо тамом кардӣ? Магар таҳсили ту ҳам дар донишгоҳи Тоҷикистон набуд? Чиҳо мегӯйӣ, Равшан?
– Бас кун! Тоқати шунидани ин гапҳоро надорам. Он рӯзҳо дар гузашта буд, ҳоло замон дигар, одамон дигар...
– Хуб, ин ҷо зидди одамону замон ҳарфе нест. Як китоби оддии бадеӣ аст ба забони модарӣ. Аз чӣ тарс дорӣ?
– Ба ман гап мерасад, ҷӯра, – Равшан як ба сӯйи дарбон ва сипас ба самти даромадгоҳи бино нигоҳе афканда афзуд: – Тоҷикӣ аз димоғи мо баромадааст, агар хоҳӣ ман дар ҳамин ташкилот кор кунам, ин ҳадяатро бо худат бар, ба сари бедардам дастмол набанд.
Вуҷудам гӯё оташ гирифт. Ҳамон лаҳза шабеҳи милаи доғе будам, ки агар ба обам мезаданд, об доғ мешуд. Дар назар ошноям мисли ҷаллоде метофт, ки маро бе корд мекушт. Базӯр худро ба даст гирифта ҷаҳломез гуфтам:
– Мебинам, ки беҳуда тавқ бар гардан назадаӣ, ошно. Ҳайфи шире, ки модарат ба ту додааст! 
Дигар, дар назди Равшани сартос истодан бароям маънӣ надошт. Дар ҳоле ки дуд аз сарам мебаромад, ӯро ба ҳоли худ гузошта, ба қафо баргаштам. Ҳанӯз дари худравро накушода будам, ки аз паси сар садои Равшан баланд шуд:
– Ҷӯра, маро дуруст фаҳм, намехостам аз ман нороҳат шавӣ. Ҳоло ки то ин ҷо саъй карда омадаӣ, китобатро дар ин рӯзнома печонда деҳ, бо худам мебарам.
Давом дорад

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: