Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 ноябр дар ҷамъомади умумии Нишасти сарони ҷаҳон, ки дар доираи сессияи 29-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) дар шаҳри Боку идома дорад, сухан кард.
Дар чорабинӣ роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, ташкилот ва институтҳои молиявии бонуфузи байналмилалӣ аз беш аз 80 мамлакати ҷаҳон иштирок доранд.
Роҳбари давлатамон дар оғози суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро барои бомуваффақият ташкил намудани ин нишасти таърихӣ самимона табрик гуфта, талошҳои фаъоли Озарбойҷонро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мақсади мубориза бо таҳдидҳои имрӯзаи иқлим дастгирӣ намуд.
Тавре Сарвари давлат таъкид кард, тағйирёбии иқлим имрӯз ба таҳдиди асосии ҷаҳонӣ табдил ёфта, ба пурзӯр гардидани ташаннуҷи геосиёсӣ бевосита таъсир мерасонад.
Мушкилоти мубориза бо камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, истифодаи оби ошомиданӣ ва захираҳо торафт бадтар мешавад.
Оқибатҳои тағйирёбии иқлимро Осиёи Марказӣ шадидан эҳсос мекунад.
Онҳо садди роҳи беҳсозии сатҳи зиндагонии мардум ва амалӣ гардонидани стратегияҳои миллии тараққиёти мамлакат мегарданд.
Дар доираи Созишномаи Париж мақсади асосӣ – пешгирӣ аз афзоиши босуръати ҳарорати ҳаво дар минтақа, дар садаи ҷорӣ дар ҳудуди 1,5-2 дараҷа нигоҳ доштани ин нишондодҳо мебошад.
Дар ин самт дар Ӯзбекистон барои ноил шудан ба бетарафии карбон ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ мегардад. То соли 2030 аз се як ҳисса кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба ҳаво ба нақша гирифта шудааст. Ин ӯҳдадориҳо то соли 2050 боз ҳам васеътар мешаванд. Ҳиссаи энергияи «сабз» ба 40 фоиз мерасад.
Электромобилҳо ва кластерҳои истеҳсоли водороди «сабз» бунёд мегарданд, хабҳои генератсияи офтоб ва шамол сохта мешаванд. Дар доираи барномаи «Макони сабз» минтақаҳои сабзазор васеъ карда мешавад.
Якҷоя бо мамлакатҳои ҳамсоя Стратегияи минтақавии иқлим амалӣ мегардад. Дар ин рӯзҳо дар бораи ташкили интиқоли энергияи «сабз» ба Аврупо созишномаи бисёрҷониба имзо мешавад.
Бо мақсади якҷоя бартараф кардани оқибатҳои тағйирёбии ҷаҳонии иқлим роҳбари Ӯзбекистон як қатор ташаббусҳоро ба миён гузошт.
Аз ҷумла, бо мақсади васеъсозии дастгирии техникӣ ва молиявии давлатҳои пешрафта, ниҳодҳои бисёрҷониба ва конвенсияҳо барои таҳлили танқидӣ ва арзёбии молиявии хатарҳои иқлимӣ, ки мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ дучор мегарданд, таъсиси Маркази байналмилалии арзёбии талафот ва зарарҳо ба туфайли иқлим пешниҳод карда шуд.
Сарвари давлат бо зикри зарурати таҳияи равишҳои ягона дар масъалаҳои кам кардани хатарҳои марбут ба ифлосшавии муҳити зист, гуногунии устувори биологӣ ва захираҳои обии фаромарзӣ ташаббуси таҳияи Эъломия дар бораи ӯҳдадориҳо дар соҳаи таъмини якпорчагӣ ва бехатарии экологии экосистемаҳои дарёҳоро таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳидро пешбарӣ кард.
Инчунин, барои афзунсозии тобоварии растаниҳо ба иқлим дар Ӯзбекистон таъсиси Бонки минтақавии захираҳои генетикӣ ва барои мамлакатҳое, ки роҳи ба баҳр баромаданро надоранд, хаби инноватсионии агросаноатии СММ пешниҳод гардид.
Барои табодули таҷриба ва дониш, амалиётҳои беҳтарин дар соҳаи рушди устувори мегаполисҳо ва шаҳрҳое, ки аз тағйирёбии иқлим зарар мебинанд, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зист ташаббус дар бораи таъсиси Иттиҳоди пойтахтҳои иқлимии ҷаҳон ва дар шаҳри Тошканд гузаронидани форуми нахустини он ба миён гузошта шуд.
Президент намояндагони мамлакатҳои COP29-ро барои иштирок дар фестивали ҷаҳонии ҷавонони ташаббусҳои рақамии «сабз», ки соли оянда 15 май – Рӯзи байналмилалии иқлим дар назди Арал гузаронида мешавад, даъват кард.
Президент Шавкат Мирзиёев дар анҷоми суханронии худ таъкид кард, ки Ӯзбекистон ҳамеша ба мулоқоти кушод ва шарикии амалӣ дар роҳи фаровонии умумӣ ва рушди дарозмуддати “сабз” омода аст.
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон идома дорад.
ӮзА.