БА МАВСИМИ БОРИШОТ ВА ЗИМИСТОН ТАЙЁРЕМ?

Мардуми мо аз қадим дар фаслҳои баҳор, тобистон ва тирамоҳ ғами фасли зимистонро, ки мушкилиҳои ба худ хос дорад, мехӯрд: ба он ҳарҷониба омодагӣ медид.

Мардуми мо аз қадим дар фаслҳои баҳор, тобистон ва тирамоҳ ғами фасли зимистонро, ки мушкилиҳои ба худ хос дорад, мехӯрд: ба он ҳарҷониба омодагӣ медид. Замон ҳарчанд тағйир ёфт ва ҳарҷониба пешравиҳо ба беҳгардии шароити зисти аҳолии шаҳру деҳот боис шудааст, ин анъана ҳанӯз давом дорад.
Вақте дар охирҳои тирамоҳ борон борид ва бинобар намигариҳо ҳарорат то дараҷае фуромад, мегӯянд «ин боришоти огоҳкунанда, дар пеш фасли зимистон, тайёриатро бин!»
Маълум, ки баҳор ва тобистони имсола дар як қатор ҳудудҳои ҷумҳурӣ, минҷумла, шаҳри Тошканд хушк ва бебориш омад. Вале охирҳои август дар пойтахт сахт борон борид. Баъзан дар ин ҷо ду-се рӯз дам нагирифта борон мерезад ва дар роҳраву кӯчаҳо кӯлмакҳо пайдо мешаванд, девори қабатҳои болоии манзилҳои бисёрошёна нам мекашад. Хайрият ҳам борони охири тобистон дурудароз давом накард. Бо вуҷуди ҳамин дар кӯчаву гузаргоҳҳо селобҳо равон ва баъзе объектҳои зист зарар диданд.
Маълум, ки қисми муайяни аҳолии пойтахт дар манзилҳои бисёрошёна зиндагӣ мекунанд. Ба қисме аз хонадонҳое, ки дар «дом»-ҳо иқомат доранд, ғами зимистон ва зимистонгузаронӣ бегона аст. Медонанд онҳо, ки баробари фаро расидани мавсим системаи таъминоти гармӣ кор мекунад, тамоми зимистон ҳарорати хона – мӯътадил. Вале дар ҳама ҷо аҳвол як не, хонадонҳое низ ҳастанд, ки аз системанок дода нашудани гармӣ дар рӯзҳои сард азият мекашанд. Калонсолҳо тоқат карданашон мумкин, вале кӯдакҳо бинобар сардии хона шамол мехӯранд, бемор мешаванд. Пиронсолон низ ба ин гуна ҳолат тоб наоварданашон мумкин. Шикоятҳо ба идораҳои масъул, хусусан, ташкилоте, ки маъмулан ЖЭК гӯянд ё ширкати хонаву ҷой, аксар вақт натиҷа намебахшад. Ҳазору як баҳонаю сабаб пеш меоранд онҳо, мегӯянд қубурҳо куҳнаю фарсуда шудаанд, барои иваз кардан ё таъмир сохтан маблағ нест ва ҳоказо. Аҳолӣ маҷбур аст барои гармие, ки мувофиқи меъёр истифода накард, дар давоми сол бетанаффус ҳақ супорад. Батареяҳо, ки дар се моҳи фасли зимистон ба ном гарм мешаванд ё умуман гарм намешаванд, сокинон маҷбуранд аз кондисионерҳо истифода кунанд. Боз мешавад, ки плитаҳои газро фурӯзон сохта, ба андак шикастани сардии хона даст ёбанд, ҳол он ки заҳролудшавӣ аз газ чӣ оқибатҳое дорад ба ҳар яки мо маълум.
На фақат дар фасли зимистон, балки дар баҳору тобистон ё тирамоҳ низ аҳолии дар манзилҳои бенигоҳубинмондаи бисёрошёна зиндагикунанда бинобар гузаштани чакка ва намкашии шифту афтодани андоваҳои девор ранҷ мекашанд. Вазъ дар ошёнаи якум низ ногувор: аз сабаби дар рӯзҳои боришот ба ҳоли худ гузошта шудани таҳхона ва аз об пур шудани он бӯи заҳ ба димоғ мезанад.
Намешавад, ки бомҳоро дар вақташ таъмир кунанд? Ҷӯйҳои бетонӣ дар ҳавлии бархе аз манзилҳои бисёрошёна чаро бо хасу хошок пур ва ба ҳоли худ гузошта шудаанд? Баъди боришоти дурудароз ба ҷои ростомада ҷорӣ шуда рафтани оби онҳо масъулонро ба ташвиш мегузорад ё не?
Гурӯҳи кории ҷумҳурӣ баъди боришоти августӣ дар пойтахт ҳолати бисёр объектҳои иҷтимоӣ ва манзилҳои истиқоматиро омӯхт ва ба хулосае омад, дар ноҳияҳои Чилонзор ва Шайхонтаҳур дар ин бобат норасоиҳои зиёд ба чашм мерасанд. Маълум гашт хонаи 23-юм воқеъ дар маҳаллаи «Нафосат»-и ноҳияи Чилонзор зоҳиран хушнамуд бошад ҳам, обҳои гурез рост ба таҳхона ҷорӣ шуда ва он пури об шудааст. Барои пӯшидани асбобҳои лозимии воридгоҳ ҳатто сарпӯши оддӣ мавҷуд нест. Даруни таҳхона ба як аҳвол. Қисми асосии қубурҳои гармигузарон таъмир ёфтаанд, аммо аз баъзе ҷои онҳо об мечакад.
Ногувории вазъият дар сохтори ирригатсионӣ воқеъ дар байни хонаҳои якум ва дуюми ҳамин маҳалла низ табъхиракунанда. Дар таҳхонаи ин манзилҳо, ҳамчунин, бинобар даромадани оби борон ҳавз ҳосил шудааст. Нуқтаи тақсимоти барқ ба ҳоли худ хобидааст. Калиди он дар кист, ҳеҷ кас намедонад. Манзилҳои чаҳорошёна дар маҳаллаи зикршуда соли 1965 бунёд ёфтаанд ва биноҳо абгор ба назар мерасанд. Бомҳо таъмир ёфтаанд ё не, масъулон ҷавоб гардонда натавонистанд. Вақте аъзои гурӯҳи корӣ бо ҳамроҳии ходимони ширкати хонаву ҷой ба бомҳо баромаданд, шиферпора, тахтаҳои пӯсида, пои мизҳои шикаста ва дигар партовҳоро диданд. Боми хонаҳои 31 ва 32-юм низ ҳамин гуна ҳол доштанд ва гузаштани чакка дар рӯзҳои боришот маълум шуда меистод. Роҳрав ва воридгоҳи ин биноҳо ба таъмир муҳтоҷ, оинаҳо – шикастагӣ.
Истиқоматкунандаи хонаи 54-уми мавзеи 2-юми ноҳияи Чилонзор Шерзод Шарифов бинобар зуд-зуд хомӯш шуда истодани нерӯи барқ ба идораҳои болоӣ шикоят фиристодааст. Барқ, ки паиҳам хомӯш шуд, асбобҳои маишӣ, яхдонҳо аз кор мебароянд. Фактҳо тасдиқ шуданд, вале масъулон баҳона пеш оварданд, гӯё ин кор мувофиқи реҷа ба амал бароварда мешавад. Аммо онҳо ба саволи он ки аз хомӯшшавии барқ аҳолӣ огоҳ карда шудааст ё не, ҷавоби аниқ дода натавонистанд.
Манзили бисёрқабатаи рақами 3-юм воқеъ дар ҳудуди ҷамъомади шаҳрвандии маҳаллаи «Катта Қозиработ» низ дар солҳои шастуми асри гузашта бунёд шуда, хеле хароб ба назар мерасад. Деворҳо кафида ва андоваҳо кӯчидаанд. Дар ин ҷо ҳам оби боришот рост ба таҳхона ворид мешавад. Бо кушодани дари хонадони рақами 32-ум ва назар кардан ба девору шифт табъ хира мешавад. Кушодану пӯшидани тирезаҳо – душвор, қулф кор намекунад. Дар бино 50 хонадон мавҷуд бошад, дар он 22 хонадон аз ноилоҷӣ зиндагӣ мекунанду халос. Дигарҳо хонаи худро партофта, ба ҷойҳои бехавф кӯч бастаанд. Гурӯҳи корӣ ба хулосае омад, биноро ё вайрон кардан ё куллан аз таъмир баровардан зарур. 
Маркази эҷодиёти техникии Авлоди баркамол, ки дар тасарруфи Вазорати таълими халқ мебошад, низ дар ҳудуди сектори якум ҷой гирифтааст.
Намуди зоҳирии бино бад нест, аммо дохили он бинобар бачашмрасии деворҳои кафида, рангҳои парида, доғ дар шифтҳо аз сабаби гузаштани чакка ва ғайраҳо табиати бинандаро хира месозад. Фарши чӯбин ҷо-ҷо шикаста ва хонаҳо дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доранд. Хонаҳое, ки холианд, ба сехҳои дӯзандагӣ ба иҷора дода шудаанд. Аҷиб, ба иҷора додашавии маскани илму ҳунар ба меъёрҳои қонунгузорӣ то кадом андоза созгор?
Дигар, ба саволи он ки ҷиҳози таълимии нав чаро дар берун, таҳи осмони кушод нигоҳ дошта мешавад, масъулон ҷавоб дода натавонистанд.
Лифти манзили бисёрошёнаи рақами 19 «а» воқеъ дар маҳаллаи «Ҷанггоҳ», ки дар қаламрави сектори 2-юми ноҳияи Шайхонтахур мавқеъ дорад, кор намекунад. Назар ба нақли сокинон, лифт он вақтҳое, ҳам ки кор мекард, ба асаби ҳама мерасид: аз боло ба ошёнаи якум фуромадан хоҳед, шуморо рост ба таҳхона мефуровард. Чӣ қадар душвории фуромаду баромад ба ошёнаҳои ҳаштуму нӯҳумро барои мӯйсафедон ё касҳое, ки саломатиашон хуб нест, худатон тасаввур кунед. Таҳхонаи манзили бисёрошёнаи рақами 13-ум – пури об. Симҳои барқ урён ба назар мерасанд, асбобҳо занг зада хобидаанд. Боми бинои бисёрқабатаи рақами 16-ум воқеъ дар маҳаллаи Янги Камолон, ки дар ҳудуди сектори 4-ум ҷой гирифта, таъмир надидааст. Лифт – носоз, таҳхонаро ба анбор табдил додаанд ва ҳоказо.
Умед аст аз пешниҳоду тавсияҳои гурӯҳи кории ҷумҳурӣ ширкатҳои хонаву ҷой ва идораҳои масъули дигар хулосаи дуруст бароварда, ҷиддан аз пайи рафъи норасоиҳо мешаванд.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: