Қароре, ки ба ҳаёти нави ноҳияи Сӯх ибтидо бахшида, ба таъмини манфиатҳои халқ нигаронда шудааст
Қароре, ки ба ҳаёти нави ноҳияи Сӯх ибтидо бахшида, ба таъмини манфиатҳои халқ нигаронда шудааст
Чораву тадбирҳо оиди ривоҷи ҳаматарафаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯх, ки бар асоси қарори Президент амалӣ мешаванд, дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд ба иҷро мерасанд. Ин маъниро Сарвазир А. Арипов зимни ташриф ба ноҳияи Сӯх арз намуд.
Сарвазир дар ҷамъомади фаъолони ноҳия қарори Президент “Дар бораи тадбирҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021”-ро ба таври васеъ баррасӣ намуд.
Ӯ гуфт, ки ягон вазифаи аз тарафи сарвари давлат супурдашуда иҷро нашуда намемонад. Гузашта аз ин, дар мамлакат ба минтақаҳои наздимарзӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда мешавад. Инро дар мисоли ноҳияи Сӯх метавон равшану возеҳ дид. То имзои ин қарор ҳар як хонаводаи он мавриди таҳқиқу омӯзиши мутахассисону мутасаддиён қарор гирифт.
Дарвоқеъ, дар ноҳияи Сӯх аллакай чандин кори муфид иҷро шуд. Яке аз чунин корҳо ҷалби бекорон ба шуғл мебошад. Наздики се ҳазор нафар ба кор таъмин карда шуданд. Ба таври мисол, 345 нафар дар бунёди иншооти бузурги шаҳри Тошканд машғул ба кор шуданд, 995 нафар ба муассисаҳову ташкилотҳои ноҳия ба кор ҷалб гардиданд.
Барои тармими роҳҳои дохилии ноҳия 18 миллиард сӯм сарф шуд. Барои 15 ҳазор сокини ноҳия таъмини барқ беҳбуд ёфт. Ҷиҳати таъмин бо оби ошомиданӣ 20 километр лӯлаи об кашида шуд. Барои беҳтар шудани сифати робита 74 километр шабакаи нахи оптикӣ кашида, 5 стансияи базавӣ насб гардид. Дар мавзеи Ҳушёр 200 гектар замин азхуд карда шуд.
– Худ аз худ маълум мешавад, ки қарори Президент давоми мантиқии ин корҳо мебошад, — гуфт Сарвазир.
Вай дар ҷамъомади фаъолон боз изҳор кард, ки дар ноҳия татбиқи 146 лоиҳа пешбинӣ шудааст. Барои он 639 миллиард сӯм ҷудо шудааст. Ин бар он маъност, ки барои 11 ҳазор нафар ҷойҳои нави кор фароҳам оварда мешавад. Танҳо барои ривоҷ додани соҳаи саноат ва кишоварзӣ 95 лоиҳа таҳти иҷро қарор гирифтаву 5 ҳазор нафар аҳолии маҳаллӣ ба ҷои кор таъмин мегарданд.
Қайд гардид, ки домани нақшаҳои таҳти иҷро хеле фароханд. Барои ривоҷ додани инфрасохтори роҳу нақлиёт, муҳандисию коммуникатсионӣ ва иҷтимоӣ корҳои бетонрезӣ ва мумфарш намудани 160 километр роҳи шағалпӯш мадди назар аст. Дар ин миён ба 106 километр роҳи ноҳамвор шағал рехта мешавад, 40 километр роҳҳои пиёдагард бо бетони симентӣ фарш мегарданд.
Дар маркази маъмурии ноҳия мувофиқи нақшаи умумии шаҳраки Ровон ҳафт иморати панҷошёна ва ҳар кадомаш дорои 30 хона бунёд хоҳад шуд. Дар соҳаҳои тандурустӣ ва таълим низ як қатор корҳо ба сомон мерасанд, ки беҳбуди ҳаёти ходимони ин соҳаҳоро ифода хоҳанд кард. Ҳар як лоиҳа таҳти назорати мутасаддиён қарор гирифта, он бо сифати баланд ва дар мӯҳлати таъиншуда анҷом мепазирад.
Яке аз аввалин иқдоме, ки бар асоси қарори сарвари давлат сурат мегирад, дар муддати як моҳ дар ноҳия бунёд намудани майдончаи парвозу фуруди ҳавопаймоҳои хурд ва чархбол мебошад. Барои татбиқи ин нақша иҷрои корҳои амалӣ шурӯъ шудаанд. Ин майдончаи ҳавоӣ дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Навобод” бунёд мегардад. Масоҳати умумии он ҳудуди 10 гектарро фаро мегирад. Маҳз дар ҳамин ҷо қаблан низ майдони хурди ҳавоӣ мавҷуд буд.
Дар айни ҳол барои парвоз ва фуруди ҳавопаймо ва чархбол дар майдони ҳавоии байналхалқии Фарғона низ корҳои мушаххас ба сомон мерасанд. Барои ин хатисайр ҷалб намудани ҳавопаймоҳои хурди Ан-2-и ширкати ҳавонавардии «Humo air»-и Ӯзбекистон ва чархболҳои Ми-8-и марбути ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Uzbekistan Helicopters»-и “Роҳҳои ҳавоии Ӯзбекистон” пешбинӣ шудаанд.
Гунҷоиши мусофирони ҳавопаймои Ан-2 аз 12 нафар иборат аст ва чархболи Ми-8 аз 16 то 20 нафар мусофир мекашонад. Вақти парвоз аз майдони ҳавоии Сӯх ба Фарғона тақрибан 35-40 дақиқаро дар бар мегирад. Интизор меравад, ки дар рӯзҳои аввал ду маротиба ҳавопаймо ва чархбол дар ин хатисайр парвоз анҷом медиҳанд. Дар оянда мувофиқи талабу эҳтиёҷ дар ин хатсайр ҳавопаймову чархболи иловагӣ ба кашонидани мусофирон машғул хоҳанд шуд.
Тавре ки дар қарори Президент омадааст, барои мақбул шудани нархи билети мусофирон чораҳои хос дида мешаванд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ маҳз барои иҷрои қарори Президент ва рафъи мушкилоти мардуми ноҳия шурӯъ ба кор хоҳанд кард. Зеро дар айни ҳол ин ширкатҳо ба даст овардани фоидаро мадди назар надоранд.
Пешбинӣ шудааст, ки ин зарарро Девони Вазирон бо истифода аз захираҳои хазинаи худ ҷуброн хоҳад кард. Дар оянда ҳалли ин масъала зимни пешбинӣ ва тасдиқи буҷаи давлатӣ мадди назар гирифта хоҳад шуд.
Мирасрор
АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.,
АЗ ЧУНИН ҒАМХОРӢ ХЕЛЕ САРФАРОЗЕМ
Ба воситаи яке аз шабакаҳои телевизион сериал тамошо мекардам. Ҳамсоязан омада гуфт, ки ҳадаҳа тугмаи шабакаи телевизионии “Ӯзбекистон-24”-ро пахш кунам. Зеро дар бораи Сӯх қарори муфид содир шудааст. Инро гуфту зани ҳамсоя баромада рафт. Ман тугмаро пахш кардаму бо тамоми эътибор ба экрани телевизор чашм дӯхтам.
Ровии барномаи “Ахбор” оид ба ҳамон қарори Шавкат Мирзиёев ҳарф мезад. Донистам, ки сарвари давлат дар бораи ҳаматарафа ривоҷ додани ноҳияи мо қарори махсус имзо кардааст. Ин рӯйдоди барои мардуми ноҳияамон муҳим маро хеле хурсанд намуд. Баъд боз фаҳмидам, ки қарори хоси Президент тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми моро фаро гирифтааст.
Дар ҳақиқат, ноҳияи дурдасти мо солҳои зиёд ба чунин ҳусни таваҷҷӯҳи сарвари давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ ниёз дошт. Мардум орзу мекарданд, ки ин пораи хоки Ватан низ сазовори ҳар гуна таваҷҷӯҳ мебошад.
Баъди ба истиқлолият расидани кишвар дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд ва ҳамеша барои ин шукр мегузорам. Орзуву ормонҳои зиёди мардуми мо амалӣ мешаванд. Махсусан, ғамхориҳои пай дар пайи сарвари давлат, ки нисбати ноҳияи мо сурат мегиранд, мардуми моро бештар рӯҳбаланд месозанд ва ҳисси меҳру муҳаббатро нисбат ба Ватани азиз афзун мегардонанд.
Шубҳае нест, ки баъди ин қарор ноҳияи мо аз ҳар нигоҳ рушду нумӯъ мекунад ва ба дастовардҳои калон ноил мешавад. Ман як зани нафақахӯр ҳастам ва давлати пирӣ меронам. Мардуми мо низ ҳеч гоҳ орому қарор надоранд ва баҳри рушду ривоҷи кишвар талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. Деҳаҳо обод мешаванд, роҳҳо равону зиндагӣ беш аз пеш фаровон мегардад.
Тавре ки аз мутолиаи қарори имзокардаи сарвари давлат дарёфтам, дар он ривоҷи ҳамаи соҳаҳо ба назари эътибор гирифта шудааст. Аз ҷумла, Президент ба масъалаҳои беҳбуди роҳ ва шароити аҳолӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст. Ҳамин нукта боиси қайд аст, ки ҳар сокини ин марзу бум дар боби ободу зебо шудани диёри биҳиштосо саҳме мегузорад.
Банда низ ҳамроҳи фарзандонам дар ободу зебо гаштани ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи худамон “Ҳазрати Алӣ” саҳмгузорӣ мекунем. Ба наздикӣ аз ҳисоби буҷаи оила 300 метр кӯчаи маҳаллаамонро бо шағал ҳамвор кардем. Баъд ба мумфарш намудани он камари ҳиммат бастем. Ин кор низ дар муддати кӯтоҳ анҷом пазируфт ва ҳоло чангу ғубор аз кӯчаи мо бардошта шудааст. Одамон низ хурраму шоданд.
Ғайр аз ин, обод намудани қабристони деҳаамон низ шарти ногузир шуда монд. Ҳама бандаи хокӣ ҳастем ва оқибат турбати моро мардум ба ҳамин қабристон бурда ба хок месупоранд. Қабристон ҷои муқаддас аст, зеро дар он падару модар ва бибиву бобоҳои мо хуфтаанд. Мо ғайр аз он ки қабри гузаштагонамонро зиёрат мекунем, дар боби ободу зебо намудани он низ бояд даст ба кори хайру савоб занем. Бо маслиҳату машварати раиси ҷамоатамон Субҳонҷон Нишонов ва як гурӯҳ колонсолони маҳалла қарор кардем, ки дарвозаи қабристон бояд нав шавад. Ин корро анҷом додем ва як дарвозаи хуб оварда шинондем.
Фаслҳои баҳору зимистон дар ноҳияи кӯҳии мо боришот хеле зиёд аст. Баъзан оби борон аз ҳар тараф ҷорӣ шуда, ба самти қабристон рафта мерезад. Барои ҳамин дар атрофи он лотоки симентӣ хобондем, то ки ин об қабрҳоро зер накунад. Ҳамчунин дар як гӯшаи он барои зарурат таҳоратхона низ сохтем.
Масъалаи коҳиши камбизоатӣ дар қарори Президент хеле бамаврид таъкид шудааст. Ҳамаи мо медонем, ки дар ин масъала солҳои зиёд касе ошкоро ҳарфе намезад. Ба забон овардани он ҳатто барои мақомоти роҳбарии мамлакат ғайри қобили қабул шумурда мешуд. Аммо сафеду сиёҳ аст, замину осмон мегӯем, неку бад ҳаст ва бою камбизоат низ дар ҷомеа мавҷуд аст.
Ҳоло ҳомиёни зиёд барои оилаҳои камбизоату хонаводаҳои камтаъмин дасти саховат дароз мекунанд ва кӯмакҳои моддӣ мерасонанд, бо маҳсулоти мавриди ниёзашон таъмин мекунанд. Дар ин замина хонаводаи мо низ иҷрои як қатор корҳои савобро барномарезӣ кардааст. Чанде муқаддам бо раиси маҳалла барои амалӣ намудани чунин нақша аз чанд хонаводаи камбизоати маҳаллаамон боздид намудем ва феҳрасти оилаҳоеро тартиб додем, ки ба кӯмак бештар ниёз доранд. Мувофиқи имконият ба аъзои ин оилаҳо орду равған ва гӯшт тақсим кардем.
Боз бармегардам сари мавзӯи қарори Президент, ки ҷавобгӯ ба ҳамаи дарду доғи мардуми мо мебошад. Ин қарор мардуми моро аз мушкилоти зиёд раҳо хоҳад кард. Барои ҳамин аз сарвари давлат хеле сипосгузорам. Дар тайи се соли охир корҳои бузург барномарезӣ ва анҷом дода мешаванд. Ҳаёти мардум тамоман ҷилои нав касб менамояд. Соҳибкорони зиёд пайдо шуданд, ки дар фаровонии ҳаёти мардум низ саҳми худро мегузоранд. Кадрҳои малаканок дар арсаи гуногуни меҳнат кору вазифа анҷом медиҳанд. Ҳамаи ин натиҷаи сиёсати хирадмандонаи мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев мебошад.
Юлдузхон НИШОНОВА,
нафақагир аз деҳаи Сариканда.
ОРЗУҲОИ МО ҶОМАИ АМАЛ МЕПӮШАНД
Дар ин рӯзҳо аз он ифтихор мекунам, ки шаҳрванди ҷумҳурии соҳибистиқлол ҳастам. Чаро ифтихор накунам? Ноҳияи мо дар муддати беш аз бисту панҷ соли охир аз чунин ғамхории сарвари давлат баҳраманд нашуда буд.
Вақте ки наврас будем, медидем, ки гоҳ-гоҳ дар фазои мо ҳавопаймо пайдо мешавад. Он хеле паст парвоз мекард ва баъди чанд лаҳза аз назарҳо нопадид мешуд. Мо намедонистем, ки он аз куҷо меояду ба куҷо меравад. Баъд дубора ғурроси садои мотори онро мешунидем ва медидем, ки ба самти муқобил парвозкунон меравад.
Ҳамон замон низ нисбати ҳамсолони дигари худ кунҷков будам. Боре аз калонсолон пурсидам, ки ин ҳавопаймо аз куҷо омадаву боз ба куҷо меравад. Онҳо дар ҷавоб мегуфтанд, ки ин ҳавопаймои хизмати тиббист. Баъзан бо даъвати фаврии сардухтури шифохонаи минтақавии Сӯх аз маркази вилоят духтуронро оварда мебарад. Ба гуфтаи онҳо агар бемори вазнин бошад, ӯро ба бемористони марказии вилоят интиқол медиҳанд.
Аммо бо гузашти солҳо ин майдони ҳаво “бекор монд” ва парвозу фуруд омадани ҳавопаймои тиббӣ низ қатъ гардид. Дар урфият мегӯянд, ки “ба ҷӯи обомада боз об меояд”. Акнун ин майдони ҳавоӣ дубора фаъол мегардад ва ҳатто масоҳати он васеъ мешавад. Сӯхиён ба воситаи ҳавопаймоҳову чархболҳо худро ба маркази вилоят мерасонанд. Аммо ин хобу хаёлеро мемонд, ки иҷрояш имконнопазир менамуд.
Қарори маълуми Президент содир гардид ва он бунёди майдони ҳавоӣ ва ба роҳ мондани парвози ҳавопаймоҳову чанд чархболро аз Сӯх ба Фарғона ва баръакс пешбинӣ кардааст. Қарорро хондаму тасаввур кардам, ки мӯъҷиза ҳам рӯй медодааст. Зеро равуо аз тариқи марзи Қирғизистон барои мардуми диёрам мушкилиҳои зиёдеро эҷод менамуд. Баъзан аз муомилаи сарди ходимони гумруку марзбонон ва милисаҳои сари роҳ табъамон хира мегардид. Барои ҳамин қарори мазкурро бо хурсандӣ истиқбол гирифтам.
Дар он зикр шудааст: “Вазорати нақлиёт баъди як ҳафтаи ҳалли масъалаи истифодаи ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Қирғизистон дар муддати як ҳафта бо нархи барои аҳолӣ мақбул ба роҳ мондани парвозҳои нақлиёти ҳавоии хурдро аз шаҳри Фарғона ба ноҳияи Сӯх таъмин намояд. Ҳокимияти вилояти Фарғона дар муддати як моҳ майдончаи парвози ҳавопаймоҳо ва чархболҳоро дар ноҳияи Сӯх ташкил кунад”.
Ин банди қарорро хонда бори дигар хурсанд шудам ва хурсандии атрофиёнамро дида чанд қабат гӯшт гирифтам. Чунки бо вуҷуди шиддат гирифтани пандемияи коронавирус ва то андозае пойин рафтани сатҳи иқтисодиёти мамлакат ба мардуми ноҳия чунин ғамхорӣ зоҳир мегардад ва ин кори саҳлу сода нест. Мехостам, ки инро ҳар як сокини ноҳияи мо хеле хуб дарк намояд ва ба қадри он расад.
Қариб ним аср дар ин ҷо зиндагӣ карда бошам, ҳанӯз чунин эътибор ва ғамхории ҳукумати ҷумҳуриро нисбати мардуми ин диёри дурдастам надидаам.
Рӯзе фаро хоҳад расид, ки ҳоҷатмандон тавассути ҳавопаймо як бор аз Сӯх ба Фарғона парвоз мекунанд ва тамоми азияти солҳои дароз кашидаашонро аз лавҳи хотир фаромӯш месозанд. Фикр мекунам, ки оҳиста парвоз аз тариқи хатсайри Сӯх – Фарғона ва баръакси он ба як ҳоли табиӣ табдил меёбад ва мардуми мо дар сурати пеш омадани зарурат ба ин ҳавопаймоҳову чархболҳо савор мешаванду дар як они воҳид ба манзил рафта мерасанд.
Вақте ки кас роҳи яксоатаи байни Сӯх – Фарғонаро аз тариқи марзи кишвари ҳамсоя дар се-чор ва баъзан даҳ-дувоздаҳ соат ва аз он ҳам бештар тай мекунад, ҳолати ӯро тасаввур кардан мушкил аст. Агар ин фард зане бошад, ки дар даст кӯдаки ширмак дорад ва ё одами пиру барҷомонда аст, дар он сурат-чӣ? Солҳо мардуми мо маҷбур буданд, ки зимни равуо ба маркази вилоят ҳамин мушкилиҳоро паси сар намоянд.
Гузашта аз ин, баъзан роҳи миёни Сӯху Фарғона моҳҳо баста шуда, мардуми мо наметавонист бемори худро ба шифохонаи марказӣ расонад. Бо ба роҳ мондани парвозҳо мушкилиҳову муаммоҳои зиёду печ дар печ ҳаллу фасл хоҳанд шуд ва эътирозҳо низ аз байн хоҳанд рафт.
Истиқболи ноҳияи мо равшан аст. Чунки бо қарори Президент боз корҳои зиёд ба фарҷом мерасанд ва шаҳраку деҳоти он беш аз пеш ободу зебо мегарданд, ҳаёти мардум фаровон мешавад. Ба ин эътимоди комил дорам.
Субҳон ИСОЕВ,
сокини ҷамоати шаҳрвандони
маҳаллаи Мӯлгон.
ИН ҚАРОР АҲАМИЯТИ ТАЪРИХӢ ХОҲАД ДОШТ
Дар муддати бештар аз дуним моҳи охир ноҳияи дурдасти мо бештар мавриди таваҷҷӯҳи Президент ва ҳукумат қарор гирифтааст. Ҷиҳати иҷрои корҳои барномарезишуда тамоми шароити созгор фароҳам оварда хоҳад шуд.
Қарори сарвари давлат бечуну чаро аҳамияти таърихиро касб хоҳад кард, зеро бори аввал дар таърихи ноҳия оид ба ривоҷу равнақи ҳаматарафаи он қарори махсус ба имзо расид. Ба ибораи дигар, содири чунин қарор тамоми мардуми ноҳияро хушҳол намуд. Дар дилу дидаи онҳо шӯълаи умед пайдо шуд ва оҳиста орзуву ормонҳои онҳо ҷомаи амал мепӯшанд.
Бо мақсади истифодаи босамар аз захираҳои мавҷуда, модернизатсияи шабакаҳои муҳандисию коммуникатсионӣ, ривоҷ додани инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолотӣ, афзун намудани салоҳияти саноат, беҳбуд бахшидани соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани сифати сервис ва хизматрасонӣ, ҳамчунин дар шароити пандемияи коронавирус таъмин кардани аҳолӣ ба ҷои кор ва аз ҳисоби афзоиш додани даромади молӣ беҳтар намудани дараҷаи зиндагонии аҳолии ноҳия дар ин қарор зикр ёфтааст.
Бар ин асос дастури чораву тадбирҳои ривоҷи ҳаматарафаи иқтисодиву иҷтимоӣ барои солҳои 2020-2021 дар ноҳияи мо мувофиқи иловаи 1 тасдиқ гардидааст. Дар он ривоҷ додани тамоми соҳаҳо акси худро ёфтааст. Аз ҷумла, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатбардор, пуштбонӣ аз соҳибкорӣ, ривоҷи кишоварзӣ ва чорвопарварӣ, беҳбуди роҳи нақлиёт, шароити манзили зисти аҳолӣ, корҳои ободонӣ, таъмин кардани базаи моддию техникии соҳаҳои таълим ва тандурустӣ, таъмини аҳолӣ ба ҷои шуғл ва амсоли он дар қарори Президент пешбинӣ гардидаанд.
Мувофиқи он роҳу усулҳои ривоҷи ҳаматарафаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия муайян карда шудаанд. Яке аз ин роҳҳо ташкил намудани иқтидорҳои нав барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатбардор ва ҳавасмандкунии истеҳсолот, рушди хизматрасонӣ, ба таври васеъ дастгирӣ намудани соҳибкорӣ мебошад.
Агар ба мазмун ва мундариҷаи қарор диққату эътибор диҳем, мебинем, ки соли 2020 бошандагони ноҳия аз супурдани андози молу мулк ва замин озод карда шудаанд. Ҳамчунин ставкаи андоз барои соҳибкорон ва шахсони ҷисмонӣ то 31 июли соли 2021 50 % муқаррар карда шудааст.
Ин барои аҳолии мо имтиёзҳои хеле калон мебошад. Зеро солҳои охир қисмати зиёди аҳолии ноҳия аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва майдонҳои кишти худ ҳосили мувофиқи табъ рӯёнда натавонистанд. Дар ин бора мардум борҳо ба ҳокимияти ноҳия муроҷиат кардаанд ва дар ҳалли ин мушкилот мадад пурсидаанд.
Муҳтавои асосии шикояти мардум мушкилоти обёрӣ, дастнорас ва ё қимат будани маводи кимёвӣ ва боз чандин омили дигар мебошанд, ки дар натиҷаи он аҳолии ноҳия аз майдонҳои кишт ҳосили дуруст ба даст наовардаанд, аз ин лиҳоз пардохти андоз барои ин заминҳо барояшон бори гарони иқтисодиро эҷод менамояд. Акнун ин масъала ҳаллу фасл гардид.
Масъалаҳои дигар низ ба нафъи мардуми ноҳияи мо хизмат хоҳанд кард. Ба таври мисол, Вазорати молия вазифадор шудааст, ки барои сохтани манзил ба аҳолии ноҳия қарзҳои ипотека ихтисос диҳад. Дар ин қарор инъикоси масъалаи мазкур низ натиҷаи ҳамон таҳқиқу омӯзиши роҳбарони вазорату идораҳое мебошад, ки чанд муддат дар ноҳияи мо анҷом дода шудаанд. Баъди суҳбату мулоқотҳо ҷиҳати ҳаллу фасли он ба сарвари давлат пешниҳод гардидаанд.
Ҳалли масъалаҳои зиёд низ дар қарори Президент оид ба ноҳия тазаккури худро ёфтааст. Як ҳайати хоси корӣ таъсис ёфтааст, ки ба он Сарвазир сарварӣ мекунад. Дар ин ҳайат аз ҳокими вилояти Фарғона то вазирону роҳбарони идораҳои мухталифи ҷумҳурӣ шомил шудаанд. Ҳар кадоми онҳо ба ноҳияи мо бо навбат омада, раванди иҷрои ин корҳоро назорат мекунанд. Ҳадафи асосӣ бо сифати баланд ва муддати муқарраршуда таъмин гардидани иҷрои лоиҳаҳои таҳти татбиқ мебошад.
Боз як нукта қобили зикр аст, ки дар бораи ҳар як лоиҳаи таҳти иҷро моҳе як маротиба дар ноҳия ва ҳар се моҳ як маротиба дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷамъомад баргузор мегардад ва ин масъала баррасӣ мешавад. Ҳамзамон доир ба мушкилоту муаммоҳои ҳалли лоиҳаҳо чораҷӯиҳо сурат мегиранд. Ин ба он маъно мебошад, ки иҷрои қарори сарвари давлат бекаму кӯст таъмин гардад.
Нуктаи дигари ин қарор мониторинги ба амал баровардани лоиҳаҳои таҳти татбиқ мебошад, яъне монеаҳое, ки барои иҷрои он пайдо мешаванд, зуд бартараф карда хоҳанд шуд. Ҳамчунин омӯзиши ҳолати ҳақиқии камбизоатӣ ва чораҷӯиҳои лозимӣ барои коҳиш додани он аз вазифаҳое мебошад, ки дар қарор иҷрои он пешбинӣ шудааст.
Ба ин тартиб, дар қарор ягон соҳа ё самти кор оид ба ноҳия аз мадди назар дур намондааст. Ин шаҳодат медиҳад, ки ташрифҳои чандинкаратаи Сарвазир ва роҳбарони идораҳои воломақом, анҷоми дидору мулоқотҳои онҳо бо мардуми маҳаллӣ, таҳқиқу омӯзиш беҳуда сурат нагирифтаанд. Бо боварии қатъӣ метавон гуфт, ки қарори мазкур баҳри ободӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми мо нигаронида шудааст.
Аз номи ҳокимияти ноҳия ва мардумамон барои ғамхориҳои беназир ба Президенти муҳтарам Шавкат Мирамонович Мирзиёев арзи сипосу миннатдорӣ мекунем.
Маъмурҷон
БОТИРОВ,
ҷонишини якуми ҳокими
ноҳияи Сӯх.