БА МАҲАЛЛАҲО КУМАК МЕРАСОНАНД

ДАВЛАТОБОД. Дар ин ҷо барои ба амал татбиқ намудани барномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 18 марти соли 2022-юм дар бораи «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» як қатор корҳо амалӣ мегарданд.

Аз ҷумла, дар маҳаллаи «Эҷодкор»-и ноҳияи Давлатобод сифату самараи корҳо назаррас мебошанд.  Дар маҳалла  барои обод кардани роҳҳои дохилӣ, беҳтар намудани таъминоти оби ошомиданӣ, ободонӣ, пурра ба роҳ мондани таъминоти нерӯи барқ ва газ, навсозии низоми алоқа ва ахбору обёрӣ, ҳамчунин ба кор андохтани чароғҳои шафати роҳҳо корҳои зиёде иҷро шуданд. 
Чунин корҳои нек дар маҳаллаи «Дӯстии халқҳо» низ идома доранд. Дар ин ҷо  шабакаҳои оби ошомиданӣ нав карда, хатҳои нақли газ аз назар гузаронида мешаванд. Сайю ҳаракатҳо бинобар таъминоти барқ баҳри пурра қонеъ сохтани эҳтиёҷи сокинон хушнудкунанда мебошанд. Ба ин мақсад дар 4,5 километр масофа сохтмони шабакаи нави замонавии барқ бунёд меёбад. Дар 43 адад хонаҳои бисёрошёнаи ҳудуд корҳои таъмирсозӣ ба нақша гирифта шудаанд. Ҳоли ҳозир зоҳири ин биноҳо тармиму таъмир мешаванд, даромадгоҳҳо бозсозӣ мегарданд. 
ЧУСТ. Дар ин ноҳия низ бинобар барномаи мазкури давлатӣ корҳои зиёде иҷро мешаванд. Мо ба мақсади шинос шудан бо корҳое, ки бобати иҷрои барномаи давлатии «Деҳаи обод» амалӣ мегарданд, аз маҳаллаи «Қалъаи поён»-и ноҳия боздид ба амал овардем. Дар ин ҷо барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳудуд корҳои ободонсозӣ ва сохтмон босуръат идома доранд, дар кӯчаҳои дохилӣ лӯлаҳои оби ошомиданӣ гузошта мешаванд, корҳои бетонкунӣ давра ба давра амалӣ мегарданд. Ба 3,5 километр масофа шабакаҳои барқӣ кашида шудаанд. Дар маҳалла истгоҳи мавҷудаи барқӣ таъмир шуда, барилова боз як истгоҳи замонавӣ қомат рост кардааст. Барои  муассисаи таълими томактабии рақами 46-уми маҳалла бунёди бинои  замонавии дорои 180 ҷой пешбинӣ шудааст, барои сохтмони ин бинои нав 3 миллиарду 400 миллион сӯмина маблағ ҷудо гардидааст. Ин корро бинокорони  корхонаи хусусии «Олтин водий» таҳти роҳбарии Бахтиёр Абдуллоев амалӣ месозанд. Барои таъмири роҳи дарозиаш 8 километра корҳои бетонрезӣ ва асфалтпӯшкунӣ ба охир мерасанд. Ба 11 километр масофа лӯлаи оби ошомиданӣ кашида шуд, як иншооти нави об барпо гардид. Дар шафати кӯчаи марказӣ,  ҷӯйҳои сунъӣ гузошта шуда симчӯбҳои чароғи шабона устувор гардиданд. Барои ҳамаҷониба таъмир кардани бинои ҷамоати шаҳрвандони маҳалла хароҷоти 420 миллион сӯмина маблағ пешбинӣ шудааст, баҳри таъмири поликлиникаи оилавии рақами 48-ум бошад, харҷи 1,5 миллион сӯм дар назар аст. 
– Истгоҳҳои автомобилие, ки дар пояи лоиҳаҳои замонавӣ бунёд меёбанд, ҳамчунин шабакаҳои хидматрасонии маишӣ ва тиҷоратӣ баробари маҳаллаамонро ободу зебо гардондан, роҳи дури аҳолиамонро низ наздик мекунанд, – мегӯяд ёвари раиси маҳалла Ҳусанбой Сотимов. – Ба аҳолӣ, бахусус дар шафати роҳҳо гузошта шудани симчӯбҳои чароғи шабона хеле писанд омад. Онҳо шаби маҳаллаамонро низ чун рӯз равшан мекунанд. Мо инро пештар танҳо дар шаҳрҳо медидему ҳавас мекардем. 

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: