БА МУФТӢ УСМОНХОН АЛИМОВ ОРДЕНИ «ЭЛ-ЮРТ ҲУРМАТИ» СУПУРДА ШУД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 январ раиси Раёсати мусалмонони Ӯзбекистон – муфтӣ Усмонхон Алимовро пазируфт ва ӯро бо 70 солагиаш табрик кард.

Роҳбари давлат фаъолияти Усмонхон Алимовро бинобар эҳё, эҳтиёткорона ҳифз намудани суннатҳои милливу динӣ, омӯхтан ва тарғибу ташвиқ кардани мероси ғановатманди олимону мутаффакирони бузург, таҳкими кушодадилии байнидинӣ дар ҷомеа махсус зикр сохт.
Таъкид шуд, ки роҳбари Раёсати мусалмонони Ӯзбекистон яке аз арбобони бонуфузи динии на фақат кишвари мо ва Осиёи Марказӣ, балки тамоми ҷаҳон ба шумор меравад, узви Маҷлиси муассисони Иттиҳоди мусалмонони олам ва узви Шӯрои уламои умумиҷаҳонӣ интихоб шудан, ҳамчунин ба рӯйхати 500 нафар мусалмонони баобрӯтарини ҷаҳон дохил гардидани ӯ боиси ифтихори тамоми мардуми Ӯзбекистон мебошад.
– Мо ҷаноби муфтиро ҳамчун маорифпарвари хастанопазири ислом мешиносем ва қадр мекунем. Асарҳои ӯ, аз ҷумла «Тафсири ирфон», «Имом Бухорӣ-султони муҳаддисон», «Тарбияи кӯдак дар оила» дар қалби халқи мо мақоми шоиста доранд, – гуфт роҳбари давлат.
Президент Шавкат Мирзиёев ба раиси Раёсати мусалмонон, муфтӣ Усмонхон Алимов ордени «Эл-юрт ҳурмати»-ро ба сифати эътирофи олии саҳми бузурги вай дар рушди маданияти ислом ва илм дар мамлакат, тадқиқот ва дар сатҳи байналхалқӣ васеъ паҳн кардани моҳияти инсонпарварӣ ва ғояҳои неки дини ислом, мероси бебаҳои илмии олимон ва мутафаккирони бузург, барои хизматҳояш дар кори таъмин сохтани эътидоли муҳити иҷтимоиву маънавии ҷомеа, таҳкими ҳамдилии байнимиллӣ, фаъолияти ибратбахшаш бинобар тайёр кардани мутахассисони дорои донишҳои амиқи динӣ ва дунявӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳи муҳаббат ба Ватан, фарохдилӣ ва эҳтиром ба суннатҳои миллӣ супурд.
Усмонхон Алимов ба роҳбари  давлат барои мукофоти олӣ сипосгузорӣ карда, қайд намуд, ки солҳои охир баробари тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият дар соҳаи дину маърифат низ ислоҳоти амиқ татбиқ мегарданд. Муфтӣ изҳор дошт, ки тайёр аст дар кори бузург бинобар омӯхтани дини муқаддаси ислом, эҳё кардан ва ба насли оянда расонда додани мероси гузаштагон фаъолона кӯмак расонад.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки Раёсати мусалмонони Ӯзбекистон ва намояндагони соҳаи дин иштироки фаъолро бинобар таъмин сохтани эътидоли иҷтимоиву маънавии мамлакат ва корҳои  маърифатие, ки ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ғояҳои инсонпарварӣ, кушодадилӣ, сулҳу субот нигаронида шудаанд, вазифаи худ мешуморанд. 
Махсус зикр гардид, ки ислоҳоти мустақим оид ба тайёр кардани ворисони сазовори ниёгони бузурги мо, такмил додани низоми таълими дин дар мамлакат, омӯзиши амиқи илман асосноки ислом ҳамчун дини воқеан инсонпарвару накӯкор, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев амалӣ мешаванд, аз ҷониби халқи мо ва ҷомеаи байналхалқӣ баҳои баланд мегиранд. 

ӮзА.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: