Ба муносибати 27-солагии Рӯзи истиқлол

АРМУҒОНИ БИНОКОРОН

Чанд рӯз муқаддам дар шаҳри Бухоро даҳ бинои бисёрошёна ба соҳибони худ супорида шуд. Дар натиҷа дар мамлакатамон дар қатори аввалинҳо 420 нафар шаҳрвандони камдаромад, ногирон ва муҳтоҷи хонаю ҷой соҳиби манзилҳои арзони истиқоматӣ гардиданд.
Имсол дар вилоят бунёд намудани 1524 хонаю ҷой, ки қимати онҳо ба 260 миллиарду 300 миллион сӯм мерасад, пешбинӣ шудааст. Муҳимтараш аксарияти онҳо манзилҳое мебошанд, ки дар асоси лоиҳаҳои нав дар деҳот сохта мешаванд.
Ба ғайр аз ин хизматчиёни ҳарбӣ ва халоскорони низоми Вазорати мудофиа ва Вазорати вазъиятҳои фавқулодда, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, нозирони профилактика, роҳбарони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва идоракунии давлатӣ, ҷавонони фаъол низ соҳиби чунин имконият мегарданд.


Нодирдевонбегии маҷмӯи Лабиҳавзи шаҳри Бухоро намуди идона дошт. Дар ин ҷо маросими тантанавии ба оилаҳои камдаромад ва муҳтоҷ супоридани 193 манзили арзон, ки аз ҳисоби кредитҳои имтиёзнок бунёд гардидаанд, ба амал омад.
Ба тадбир ҳокими вилоят Ӯктам Барноев ибтидо гузошт ва калидҳои хонаю дарро ба соҳибонашон супурд.
Соҳибхонашудагон барои ин ғамхорӣ ба сарвари давлат миннатдорӣ изҳор намуда, баҳри равнақи халқу Ватан бо меҳнати фидокорона ҷавоби амалӣ гардонданашонро таъкид карданд.
Соли гузашта дар вилоят 70-то ҳамин гуна манзил (қиматашон 9 миллиард сӯм) сохта шуда бошад, имсол миқдори онҳо қариб се баробар афзуд.

Рӯ ба рӯи бинои шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шофиркон бахши посбонии ҳамин шуъба дар бинои  якошёна ҷой дошт.
Ба туфайли азму кӯшиши бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Хӯҷа-Ғуломте» дар ҷои он бинои замонавии дуошёнаи дорои ҳама гуна қулаиҳо – ошхона, хонаҳои истироҳатӣ, маънавият ва маърифат, шустушӯ ва ғайра дар муддати кӯтоҳ қад боло кард.
26 августи соли ҷорӣ маросими ба истифода супоридани он ба вуқӯъ омад.
Дар тадбир вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон Пӯлод Бобоҷонов иштирок кард ва кормандони соҳаро дар арафаи 27-умин солгарди соҳибистиқлолии мамлакат бо туҳфаи муносиб муборакбод намуд.

А.АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик», дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: