Ба муносибати ҷашни Наврӯз аз 19 то 23 марти соли 2022 аз ҷониби Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ дар саросари кишвар бо мақсади ташкили истироҳати гуворо ва ҷалби аҳолӣ ба саёҳат ба самтҳои сайёҳии дохилӣ тахфифҳои зерин ҷорӣ карда шуданд.
ҶС «Uzbekistan Airways»:
барои сокинони ҷумҳурӣ аз рӯи ҳамаи намудҳои тарифҳои парвозҳои дохилии байниҷумҳурӣ 50 фоиз тахфиф ҷорӣ карда шуд. ҶСК «Ӯзбекистон темир йуллари» барои тамоми рейсҳои дохилии ҷумҳурӣ:
ба нафакахӯрон, ногироҳо, иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 ва шаҳрвандонии ба онҳо баробар кардашуда — 50 фоиз;
барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, мактаббачагон, донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо, донишҷӯёни муассисаҳои таълимии махсуси ВКД, МВ, ХДВФ, ДСК ва ДБХ – 15 фоиз;
оилаҳо (ду ва зиёда нафар - зану шавҳар, фарзандони то 18-сола, падар ё модаре, ки кӯдаки то 18-сола доранд) (бо пешниҳоди нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ҳуҷҷатҳои муқарраркунандаи муносибат) - 15 фоиз;
ҷамоа (ҳамкорон) барои аъзоёни гурӯҳ – 15%;
барои ҳамаи категорияҳои мусофирон дар қатораҳои баландсуръати барқии «Афросиёб» - 10% тахфиф ҷорӣ карда шуд.
Дар зиёратгоҳҳое, ки бо чиптаи даромади пулакӣ, ки аз ҷониби Фонди хайрияи ҷамъиятии «Вақф» идора мешаванд, барои калонсолон 20% ва барои ҷавонон 50% тахфиф ҷорӣ карда шуд.
Ҳамзамон, номгӯи тахфифҳои пешниҳодшуда (ихтиёрӣ) барои осорхонаҳо, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои хӯрокворӣ дар саросари ҷумҳурӣ ва чорабиниҳои ба нақша гирифташуда, инчунин субъектҳои соҳибкории соҳаи туризм, ки дар соҳаи туризми дохилӣ амал мекунанд, тибқи замима фиристода мешаванд, хабар медиҳад хидмати матбуоти вазорат.