Депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис 15-25 июни соли 2020 дар ҳудудҳо корҳои ҷориеро, ки бобати беҳсозии дараҷаи ҳаёти аҳолӣ, таъмин намудан бо кор, кам намудани камбағалӣ, ҳал намудани мушкилоти соҳибкорон ба амал татбиқ мегарданд, омӯхтанд.
Депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис 15-25 июни соли 2020 дар ҳудудҳо корҳои ҷориеро, ки бобати беҳсозии дараҷаи ҳаёти аҳолӣ, таъмин намудан бо кор, кам намудани камбағалӣ, ҳал намудани мушкилоти соҳибкорон ба амал татбиқ мегарданд, омӯхтанд.
Дар ҷараёни омӯзиши мазкур маълум гардид, ки мафҳуми камбағалӣ, аниқсозии методология ва мизонҳои он бинобар хусусиятҳои ҳудудиаш, вуҷуд надоштани механизмҳои дақиқи кам намудани камбағалӣ дар маҳалҳо муносибатҳои гуногун барои муайян намудани қишри аҳолии ба муҳофизати иҷтимоӣ эҳтиёҷманд бархурдҳои гуногунро ба вуҷуд меорад. Ин дар навбати худ сабаби он мегардад, ки самараи корҳои бо чунин гурӯҳҳои аҳолӣ татбиқгарданда дар дараҷаи поён боқӣ мемонад.
Дар давоми омӯзиш маълум гардид, ки дар баъзе ноҳияҳо шаҳрвандоне, ки ба «дафтари оҳанин» дохил гаштаанд, ҳамин гуна тоифаи шаҳрвандони дигар дар такя бар мизонҳои дигар ба чунин «дафтари оҳанин» дохил нагаштаанд. Чунин муносибатҳои гуногун дар маҳалҳо боиси ба вуҷуд омадани баъзе масъалаҳои мураккаб мегардад. Масалан, вақте ки депутатҳо чунин ҳолатҳоро дар маҳалҳо омӯхтанд, баъзе шаҳрвандоне, ки ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёз доранд, ба «дафтари оҳанин» дохил нагаштаанд. Дар баъзе ноҳияҳо, дар хонадони аҳолӣ вақте ки суҳбатҳо баргузор гардиданд, маълум гардид, ки нисбат ба субсиди барои оилаҳои эҳтиёҷманд ҷудогардида эҳтиёҷ дар амал аз он ҳам зиёд мебошад.
Ҳамин тариқ, зимни омӯзиш маълум гардид, ки дар баъзе ҳудудҳо муайян намудани камбағалӣ, аз ҳар ҷиҳат хона ба хона дақиқ дастгирӣ намудани тоифаи камбағали аҳолӣ ва дар ин бобат ташаккул додани захира ва ҳам тақсим намудани захираҳо барои ноҳия (шаҳр)-ҳо, секторҳо ва ҳатто маҳаллаҳо тафовутҳои эҳсосгарданда ба амал омад. Дар бобати дастгирӣ намудани оилаҳое, ки аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ дар як ҳолат қарор доранд, барои як оила як намуди кӯмак расонда шуда бошад, айнан чунин оилаи дигар дар як вақт дар якчанд намуди кӯмак дастгирӣ гардидааст, ки ин нишон медиҳад, ки дар ҷараёни мазкур таъсири омили инсонӣ хеле калон аст.
Ҳангоми омӯзиши масъала дар маҳалҳо аз ҷониби депутатҳо бинобар дараҷаи салоҳияти иҷтимоиву иқтисодии ҳолатҳои ҳудудҳо тақозо гардид, ки мизонҳои аниқи камбағалӣ ва дар ин замина таҳияи аниқи барномаҳо зарур мегарданд.
Аз ин бар омада ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – вазири тараққиёти иқтисодӣ ва коҳиши камбағалӣ Ҷ.Қучқоров фиристодани дархости парлумонии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳолати корҳои татбиқшаванда дар заминаи аниқ намудани мизонҳои дараҷаи камбағалӣ, таҳияи стандартҳои минималии таъминоти иҷтимоӣ ва асосҳои меъёрӣ» қарор қабул гардид.
Эътибори асосӣ дар қарор бобати дар мамлакат ба амал татбиқ намудани барномаи коҳиши камбағалӣ таъмин намудани самарадорӣ ва шаффофӣ татбиқ гардидани чорабиниҳо, мизонҳои аниқ намудани камбағалӣ ва муддати таҳияи усулҳои баҳодиҳӣ ва дар методологияи нав то чӣ андоза таҷассум ёфтани меъёрҳои байналхалқӣ нигаронда шуд.
ӮзА.