Яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳони имрӯза мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.
Паёмадҳои ногувори пахшу паҳн гаштани он зимнан саросари ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвишу нигаронӣ рӯ ба рӯ кардааст. Гуфта мешавад, ки дар айни ҳол беш аз 300 миллион нафари рӯи замин аз мӯътодони доимии маводи нашъаовар маҳсуб меёбанд.
Ин матлаб дар маросими ифтитоҳи иҷлосияи 54-уми Зеркомиссияи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири СММ дар Шарқи Наздик ва Миёна гуфта шуд, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Иҷлосия то 27 сентябр давом хоҳад кард. Дар он намояндагони идораҳои бо муборизаи маводи мухаддир марбути кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Озарбойҷон, Арманистон, Баҳрайн, Олмон, Ҳиндустон, Италия, Эрон, Кувайт, Қирғизистон, Лубнон, Покистон, Русия, Британияи Кабир, ИМА ва Яман, ҳамчунин коршиносони маъруфи созмонҳои байналмилалӣ ширкат доранд.
Дар хитобаи директори иҷроияи Садорати СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов омадааст: «Дар ҳалли проблемаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Шарқи Наздик ва Миёна ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ ногузир аст. Сатҳи истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон ба дараҷаи рекордӣ расидааст. Ин иҷлосия имкон медиҳад, ки фиристодаҳои кишварҳои иштирокчии конфронс ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозиҳо дар мавриди мубориза бо маводи мухаддир ва таҳдидҳои дигарро таҳлил кунанд».
Таъкид бояд кард, ки Зеркомиссияи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ соли 1973 бар асоси қатъномаи Комиссияи назорати маводи мухаддир ва қатъномаи 1776 Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ЭКОСОС)-и СММ таъсис ёфтааст. Иштирокчиёни иҷлосияи Тошканд аз он манфиатдоранд, ки мубориза алайҳи маводи мухаддир дар ҳамдастӣ сурат мегирад, ҳамчунин фарох намудани доираи фаъолият бо дарназардошти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар он хеле мусоидат менамояд.
– Ин чорабинии хеле муҳим аст, ки дар Тошканд мегузарад. Дар бобати мубориза бо маводи мухаддир Ӯзбекистон бо кишварҳои зиёд ҳамкориҳоро ба роҳ мондаасту онро беш аз пеш тавсеа мебахшад. Зеро Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев маҳз ба ин масъала таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунад. Дар баробари ин, ҷиҳати барқарории суботу амният дар Афғонистони ҳамҷавор саъю кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешаванд. Дар ҷараёни иҷлосия роҳу усулҳои навро бо ҳам ҷустуҷӯ хоҳем кард, то ки мубориза бар маводи мухаддир натиҷаҳои беҳтарро ба бор биёрад, – гуфт ҷонишини Нахуствазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов.
– Ҳамаи пешниҳоду тавсияҳои ин иҷлосия аз тарафи Комиссияи СММ оид ба мубориза бар маводи мухаддир дар конфронси васеи Вена баррасӣ мегарданд. Ин конфронс аз он ҷиҳат хусусияти ба худ хос дорад, ки иштирокчиёни он ӯҳдадор мешаванд иҷрои пешниҳоду тавсияҳоро таъмин кунанд ва роҷеъ ба корҳои иҷрошуда ба Комиссияи мубориза бо маводи мухаддири СММ гузориши хос ироа намоянд, – иброз дошт роҳбари гурӯҳи СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Тофик Муршудлу.
Тавре ки вай тазаккур дод, яке аз ҷанбаҳои асосии кори конфронсро фаъолияти гурӯҳҳои алоҳида ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Тофик Муршудлу аъзои гурӯҳҳо ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро таҳти баррасӣ қарор медиҳанд. Вай таъкид кард, ки масъалаи ҷилавгирӣ аз мавҷи интиқоли маводи мухаддир, роҳҳои пайдошавии маводи синтетикии он низ ба доираи баҳс кашида мешавад ва иштирокчиён пешниҳодҳояшонро ироа медоранд.
Ӯзбекистон бори нахуст мизбонии иҷлосияи Зеркомиссияи СММ-ро бар дӯш дорад. Гуфта мешавад, дар давоми панҷ рӯзи баргузории иҷлосияи мазкур давлатҳои узви зеркомиссия як ҷо бо Маркази миллӣ-таҳлилии назорати маводи мухаддири назди Девони Вазирони Ӯзбекистон масъалаи вазъи ҳозираи ҳамкориҳои минтақавиро дар бобати мубориза бо маводи мухаддир ба таври васеъ муҳокима мекунанд.
Дар баробари ин, барномарезӣ шудааст, ки иштирокчиёни конфронс чаҳор мавзӯи калидиро дар шаклҳои гурӯҳҳои корӣ дида бароянд ва перомуни он табодули назар кунанд. Якум, муҳим будани табодули иттилоот ва нақши платформаҳои ҳамкории минтақавӣ. Дувум, гардиши ғайриқонунии афюн ва каннаафюни синтетикӣ ва чорабиниҳои мушаххаси мубориза бо он. Савум, сатҳи рекордии тавлиди маводи мухаддир ва муаммоҳои марбут ба он. Чорум, пиёда кардани чорабиниҳои бевосита дар бахши профилактикаи истеъмоли маводи нашъаовар ва муолиҷаи мӯътодоне, ки дар байни наврасон ва ҷавонон ба қайд гирифта шудаанд.
Ногуфта намонад, ки коршиносони зиёд аз сол аз сол афзоиш ёфтани теъдоди муътодони маводи мухаддир хеле нигарон ҳастанд. Ба гуфтаи онҳо ин вабо бештар доман густурдааст ва аз ин ҳисоб даҳҳо ҳазор сокини минтақаҳои мухталифи ҷаҳон қурбони он мегарданд. Ба истилоҳи онҳо ҳалли мушкилоти маводи мухаддир корест, ки танҳо аз роҳи дастаҷамъӣ ва ҳамкориҳои васеъ метавонад натиҷаҳову самараҳои дилхоҳ диҳад.
– Ҳалли ин масъала он вақт натиҷаи дилхоҳ дода метавонад, ки бар асоси маълумотҳои илмӣ алайҳи он бархӯрди ҷиддӣ сурат гирад. Дар акси ҳол мисли ҳозир, ки натиҷаҳо чандон қонеъкунанда нестанд, минбаъд низ ин раванд бетағйир идома пайдо хоҳад кард, – мегӯяд яке аз коршиноси маҳаллӣ Сулаймон Маҳмудов.
Мувофиқи барнома дар асоси роҳандозии иҷлосияи 54-уми Комиссияи мубориза бо маводи мухаддири СММ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, пешниҳоду тавсияҳо ҷамъбандиву натиҷагирӣ мешаванд ва матни гузориши хос мавриди тасдиқи иштирокчиёни он қарор мегирад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.