БА МУҚОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ БОЯД ДАСТҶАМЪОНА МУБОРИЗА БУРД

Шаҳри Тошканд конфронси ҳафтуми байналмилалии илмию амалии бонуфузеро мизбонӣ намуд, ки таҳти унвони «Мубориза бо терроризм – ҳамкориҳои бидуни марз» баргузор гардид.

Муассисии ин конфронсро Сохтори минтақавии зиддитеррори Созмони ҳамкории Шанхай бар дӯш дошт. Дар ин ҷамъомад намояндагони Кумитаи зиддитеррори Шӯрои амнияти СММ, идораҳои амният ва мубориза бо терроризми ҳашт кишвари узви СҲШ ва ду кишвари нозири он, сардорон ва ҷонишинҳои мактабҳои олии бехатарӣ, Созмони байналмилалии пулиси ҷиноии Интерпол, институтҳои сиёсӣ ва ҳуқуқ, марказҳои зиддитеррор, ҳамчунин вакилони 13 созмони бонуфузи ИДМ ва ташкилотҳои байналмилалӣ  ширкат карданд. 
Директори  Кумитаи иҷроияи Созмони минтақавии зиддитеррори СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳон ба таҳдиди пуршиддат ва доманфарохи терроризм ва тундгароӣ рӯ ба рӯ мебошад. Конфронси мазкур метавонад ҷиҳати ҷилавгирии дастҷамъона алайҳи ин иллатҳои хатарбор пешниҳодҳои мушаххас дар миён гузорад ва ҷиҳати иҷрои он чораҷӯӣ сурат гирад.
– Дар айни ҳол гурӯҳҳои террористӣ нерӯҳои худро аз майдонҳои ҷангу низоъҳое, ки дар бархе аз мамолики арабӣ идома доштанд, берун кашидаву  ба кишвари сеюм, аз ҷумла,  Ҷумҳурии исломии Афғонистон  мунтақил намудаанд. Аз ин рӯ чунин ҳол метавонад вазъияти минтақаро ба бумбасти ҷиддӣ мувоҷеҳ кунад, – изҳор кард Ҷумъахон Ғиёсов.
Ба ном “Давлати исломӣ” ҳанӯз ба ҳайси як нерӯи муқтадир ва харобиовар дар ҷаҳон боқӣ мондааст. Онҳо пойгоҳи худро дар Афғонистон тақвият бахшиданианд.
Намояндаи минтақавии Идораи СММ дар мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории Осиёи Марказӣ хонум Ашитта Митал ба он нукта таваҷҷӯҳро ҷалб намуд, ки давлатҳо муттаҳидона роҳҳои нави мубориза бо ин иллати ногуворро ҷустуҷӯ мекунанд. 
– Ин ҷо қайд гардид, ки  фаъолиятҳои террористон аз савдои ғайриқонунии силоҳ, маводи мухаддир  сарчашма мегиранд, аммо нуктаи дигари муҳим мавҷуд аст, ки набояд аз мадди назарҳо дур монад. Он ҷалбу ҷазби ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ мебошад, ки аз масъалаҳои мубраму нигаронкунанда ба шумор меравад, – гуфт Ашитта Митал.
Ба таъкиди ин хонум дар минтақаҳои таҳти ҷангу даргириҳо кӯдакон низ ба доми террористон меафтанд ва дар сангарҳои онҳо таълими низомӣ мегиранд. Бояд аз ин раванд низ қотеъона ҷилавгирӣ кард ва ин кӯдаконро аз вартаи нобудшавӣ наҷот дод.
Конфронс дар се иҷлосияи васеъ ду рӯз давом кард. Дар ҷараёни он мутахассисони маъруф ва варзидаи идораву созмонҳои иштирокчии он маърӯзаҳои ҷолиб  ироа карданд, ки муҳтавои ҳар кадоми он ба пешгирӣ аз таҳдиди терроризму тундгароии исломӣ ва наҷоти ҷомеа аз ин иллатҳои фоҷиабор нигаронида шуданд.  Бо анҷоми кори се иҷлосияи конфронс мақомоти Сохтори зиддитеррори СҲШ барои хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ брифинг баргузор намуд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: