БА НАМОЯНДАГОНИ ВАО МАНДАТҲО СУПУРДА ШУДАНД

Дар маҷлиси навбатии Комиссияи марказии интихобот, ки дар Маркази байналхалқии матбуот баргузор шуд, масъалаҳои дар кадом тартиб ташкил кардани қитъаҳои интихобот дар назди ваколатхонаҳои дипломатии мамлакати мо дар давлатҳои хориҷӣ ва ғайра, чӣ гуна ташкил кардан ва ба ҳавзаҳои дахлдор вобаста кардани онҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар маҷлис аъзои КМИ, журналистон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ширкат варзиданд.

Мувофиқи моддаи 10-уми Кодекси интихобот таъсиси қитъаҳои интихобот дар ҳузури ваколатхонаҳои дипломатӣ ва ғайраи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар давлатҳои хориҷӣ сохтори қитъаҳои интихобот, ба ҳавзаҳо вобаста кардани онҳо ба зиммаи Комиссияи марказии интихоб вогузор шудааст. Қитъаҳои интихоботии назди ваколатхонаҳои дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар давлатҳои хориҷӣ бинобар тақдимномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ташкил карда мешавад.
Қитъаҳои интихобот камаш то 60 рӯзи интихобот, ба тариқи қоида, агар миқдори интихобкунандагон аз 20 нафар кам ва аз 3 ҳазор нафар зиёд набошад, ташкил карда мешавад.
Комиссияи ҳавзаи интихоботӣ рақами тартибии қитъаҳои интихоботиро ташкил мекунад ва рақами телефон, манзил, бинои овоздиҳии комиссияи қитъаи дахлдорро муайян мекунад, ҳамчунин, хабардоркунии интихобкунандагонро оиди ҳудуди ҳар як қитъа роҳандозӣ месозад.
Агар интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ дар як вақт гузаронда шавад, бинобар гузарондани интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ аз ҷониби комиссияҳои ҳавзаи интихоботӣ қитъаҳои ягонаи интихобот ташкил карда мешаванд.
Ҳамчунин, шаҳрвандоне, ки дар хориҷа муваққатӣ ё доимӣ истиқомат мекунанд, бинобар муроҷиати онҳо, ба рӯйихати қитъаҳои интихоботи воқеъ дар хориҷа дохил карда мешаванд.
Дар маҷлис ҳамчунин, масъалаи аз аккредитатсия гузарондани кормандони ВАО баррасӣ шуд ва мувофиқ ба низом оиди тартиби аз аккредитатсия гузарондани кормандони ВАО дар даври маъракаи интихобот ба як гурӯҳ журналистоне, ки бинобар масъалаи мазкур то имрӯз муроҷиат кардаанд, мандатҳо супурда шуданд.
Таъкид гардид, ки барои журналистони хориҷӣ низ, баъди аз аккредитатсия гузаштан, барои равшан кардани ҷараёни интихобот ҳама шароит фароҳам оварда мешавад.  
Дар хориҷ аз Ӯзбекистон ташкил кардани 53 қитъаи интихобот пешбинӣ шудааст, ки 7-тои он дар Русия воқеъ мегардад.
Дар охири маҷлис муаррифии иловаи мобилии «SAY-LOV-2019» низ баргузор шуд, ки он барои фаъолияти самараноки комиссияи интихобот созгориҳо фароҳам меоварад. 

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: