БА НИЗОМИЁН ХОНАҲОИ НАВ

Дар маҳаллаи «Шодлик»-и кӯчаи «Тотувлик»-и шаҳри Тирмиз ба як гурӯҳ низомиён, ки дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ватанамон хидмат мекунанд, аз хонаҳои баланди серошёна, ки ба қарибӣ ба истифода дода шуданд,супоридани тантанавии он баргузор гашт.

Дар расми тантанавӣ иҷрокунандаи вазифаи хокими вилояти Сурхондарё Б. Пӯлотов иштирок намуд.
Дар ин тантана як гурӯҳ роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоят, роҳбарияти округи ҷанубӣ – шарқии Ватанамон ва дигар низомиён ширкат варзиданд. Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Б. Пӯлотов дар баромади хеш қайд кард, ки хидматҳои низомиёнро халқу Ватани мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Солҳои охир ҳукумати ҷумҳуриамон барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии низомиён ғамхориҳои зиёде зоҳир мекунад. Пасон ба 32 нафар низомие, ки то ҳанӯз соҳиби хона набуданд, калити хонаҳоро супориданд.
– Имрӯз хурсандии мо – оилаҳои низомиёнро ҳадду канор нест, – гуфт дар суҳбат Салима Азимова. – Мо чанд сол боз дар иҷора менишастем. Имрӯз барои мо рӯзи хурсандист ва онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард. Аз фурсат истифода бурда аз номи худам ва тамоми оилаҳои низомиён, ки имрӯз соҳиби хона гаштаанд ба Президенти Ҷумҳуриамон Шавкат Мирзиёев ташаккур мегӯям, – гуфт С. Азимова хурсандии имрӯзаашро пинҳон надошта.

Нуралӣ РАҶАБ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик»
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: