ё худ чаро мо ин панди ниёгонро фаромӯш кардаем?
ё худ чаро мо ин панди ниёгонро фаромӯш кардаем?
ҲАШАР БАРОИ ТОЗАГИВУ ОБОДӢ
Имрӯзҳо бо раҳнамоии Президент ва ташаббуси ҳокимони вилояту ноҳия ва шаҳрҳо ба ободии ҷӯю заҳбур ва обгурезҳо эътибори махсус дода мешавад. Мардуми худогоҳи ноҳияи Самарқанд низ бо сарварии раисони маҳаллаву деҳкада ва гузарҳо барои равонии оби соф дар ҷӯйҳо ҳиссагузор мегарданд. Ҳашар барпо карда, мардумро ба якдиливу ҳамфикрӣ даъват месозанд. Аниқтараш, Наврӯзро бо ободии манзилу макон ва шодобгардонии киштзору боғистонҳо пешвоз мегиранд. Зеро пештар бо роҳи ҳашар марказҳои деҳа, масҷиду чойхонаҳо бунёд менамуданд. Роҳу кӯпрукҳо месохтанд, ҷӯй меканданд, бомҳои ҳамдигарро андова мекарданд. Алҳол, ки ҷӯйҳои сербар ба ҷӯйчаи хурдакак табдил ёфтааст, васеъгардонии он низ ҳашари мардумро тақозо мекунад. Ҳамаи ин хуб аст, аммо...
ТАНҲО «БАКЛАШКА» НЕ...
Вақте ки ҷӯйкобӣ сар шуд, техникаи Идораи истифода аз роҳи ноҳияи Самарқанд ба кӯмаки ҳашарчиён шитофт. Зеро даҳҳо километр ҷӯйро танҳо бо қувваи даст обод кардан имконнопазир буд. Пеш аз ҷӯйканӣ ҳама гумон доштанд, ки аз даруни он садҳо халта баклашкаи холӣ мебарояд. Аммо гувоҳ шудем, ки дар қаъри ҷӯйҳо танҳо баклашка набуд. Аз он шиша, кӯллукҳои гуногунандозаи занону бачагон, ҳатто лозимиҳои тагпӯшӣ мебаромаданд, ки боиси нафрати ҳашарчиён мегардид. Техника зуд вайрон шуд.
– Ман ҷӯйтозакуниро кори савоб, амали хайр, зуд тамом мешавад, гуфта оям, ҳамаи ифлосиҳо дар зери он будааст. Дар даруни кабинаи трактор шарм доштам, – изҳор дошт тракторрон Хуршед Рӯзиев.
– Баъзеҳо ҷӯйро бо хоку лой пуру хурд намуда, замини ҳавлиашонро калонтар кардаанд. Дар соҳилаш дарахт коридаанд. Акнун он дарахтҳо ночор аз байн мераванд. Тарбурию сарбурӣ гуфтаанд, – гуфт мудири шуъбаи экология ва муҳити зисти ноҳияи Самарқанд Ҷавоҳир Хоҷаев.
Сарварони секторҳо, ҳокими ноҳияи Самарқанд Носир Мавлонов, прокурор Ҷавлон Санаев, сардори идораи корҳои дохилӣ Аминҷон Тошев, мудири шуъбаи маҳалла ва дастгирии оила Саид Мардонов ва масъулони дигар рӯзе даҳҳо маротиба ба сари ҷӯйҳо расида, аз вазъи кор хабардор мешуданд. Барои он ки оби ҷӯйҳо равон бошад, бо даҳҳо нафари шахсони бепарвову худписанд, ки болои ҷӯйро маҳкам карда, ҳатто хонаҳо сохтаанд, муросо карда намешуд. Аз ҳама бадаш, баъзе ноинсофҳо ҷӯйро ба партовгоҳи ҳаммому ташнобҳои худ табдил додаанд!
Вақте ки трактор аз ҷӯй хоку гил мекашид, ба белаш чизе бархӯрд. Он овоз диққати ҳамаро ба сӯйи худ кашид. Ҳама диданд, ки устухони яклухти ҷонваре аз қаъри ҷӯй боло мешуд, вай устухони хар буд...
Ин чӣ ноинсофиву бевиҷдонист! Яке мегуфт, ман медонам, ки баъзе нонкӯру нонзадаҳо ҳоҷатхонаашонро дар болои ҷӯй сохтаанд...
Аз Дарғоти Ҳазормехи таърихӣ, ки дар сарҳади маҳаллаҳои Гулбоғу Даштиобод ва Қавчинони болои ноҳия қарор дорад, панҷ рӯд сӯйи шаҳри Самарқанд ҷорӣ мешавад. Ва ҳамаи онҳо аз маҳаллаи Гулбоғ мегузаранд. Дил мехоҳад, ки чунин ҳашар ҳар сол баргузор гардад, то ки хонаву ҷӯйҳо тозаву обҳо мусаффо бошанд ва барои ободиву зебоӣ, сарсабзу ҳуррамии диёр хизмат кунанд.
Озод ҲАМИДЗОДА,
раиси маҳаллаи Гулбоғи
ноҳияи Самарқанд.