Забон сарвати бебаҳо ва бузурги миллат ба шумор меравад.
Дар банди чоруми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» оварда шудааст: «Роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва органҳои маъмурие, ки дар ҷумҳурӣ кор мекунанд, барои иҷрои вазифаҳои хидматиашон бояд забони давлатиро ба дараҷаи кофӣ донанд. Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳрвандоне, ки забони давлатиро намедонанд, таълим ва омӯзиши бепулро таъмин менамояд».
Забону сухан барои равнақи ақлу дониши инсонӣ, камолоти маънавии шахс нақши бағоят калон мебозад, зеро намунаҳои барҷастаи дониши инсон маҳз ба туфайли забон баён гардида, дар шакли нутқи хаттӣ ба наслҳои минбаъда мерос мондааст. Шуур ҳақиқатро инъикос менамояд, забон бошад, ҳамон ҳақиқатро ифода ва баён мекунад. Бинобар ин, миёни забону шуур ҳамбастагии қавиву ногусастанӣ мавҷуд аст. Инсон тавассути ҳамин ду неъмати олӣ – шуур ва забон аз дигар мавҷудоти олам фарқ мекунад, ки дар ин бобат Абулқосими Фирдавсӣ фармудааст:
Ба омӯхтан чун фурӯтан шавӣ,
Суханҳои донандагон бишнавӣ.
Бо мақсади иҷрои Фармони роҳбари давлат «Дар бораи чорабиниҳои куллан баланд бардоштани нуфуз ва мавқеи забони ӯзбекӣ ҳамчун забони давлатӣ» аз 21 октябри соли 2019, фармони Президент «Дар бораи тадбирҳои боз ҳам инкишоф додани забони ӯзбекӣ ва такмил додани сиёсати забон дар мамлакат» аз октябри соли 2020, қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани фаъолияти Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбекӣ ба номи Алишер Навоии Тошканд» аз 3 марти соли 2020, дар Маркази таълим ва такмили ихтисос ва бахшҳои минтақавии кор бо забони давлатии назди Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки ба номи Алишер Навоии Тошканд барои намояндагони дигар миллатҳо, ки мехоҳанд забони ӯзбекиро омӯзанд, курси «Забони ӯзбекӣ» ба фаъолият оғоз намуд.
– Барномаи таълимии курси «Забони ӯзбекӣ» 144 соатро ташкил намуда, дар давоми 3 моҳ омӯзонда мешавад. Тавассути барномаи таълимӣ шунавандагон алифбо, калимаҳо, навиштану хондани калимаҳо, суҳбат, саволу ҷавоби хаттӣ ва даҳониро меомӯзанд. Баробари омӯхтани забон аз маданияти забони давлатӣ низ бархурдор мегарданд, – мегӯяд омӯзгори забони давлатии донишгоҳ Азизбек Бердиев.
Ӯзбекистон мамлакати сермиллат. Барои онҳо озодии забон, урфу одат, арзишҳои миллӣ муҳайё карда шуда, дар фазои дӯстиву ҳамгароӣ, якдилӣ ва ҳурмати якдигар умргузаронӣ мекунанд.
Таъкид гардид, ки то соли 2024 482 нафар ходимони Вазорати мудофиа, ҷамъиятҳои саҳҳомии «Ӯзкимёсаноат», «Ӯзагролизинг», «Тошкент метрополитени», Кумитаи давлатии гумрук ва дигар ташкилотҳои давлатӣ, инчунин 89 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Туркия, ИМА, Мексика, Афғонистон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Русия, Арабистони Саудӣ ва ғайра курси таълимии мазкурро бомуваффаққият хатм намуда, соҳиби сертификат шуданд. 8 нафар ходимони Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷӣ курси «Забони ӯзбекӣ»-ро ройгон азхуд намуданд.
Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ дар 6 гурӯҳ (15 нафарӣ) шаҳрвандони миллатҳои дигар забони ӯзбекиро меомӯзанд. Ба онҳо омӯзгорони ботаҷриба, мутахассисони забони ӯзбекӣ дарс медиҳанд.
– Ӯзбекистон ватани ман аст. Мардуми меҳмондӯст, урфу одат, таомҳои миллии онро дӯст медорам. Барои суҳбат бо ҳамсояҳо, доду гирифт, мулоқот дар дӯкону бозор, кӯчаву нақлиёт донистани забони давлатӣ зарур аст. Аз ин лиҳоз, дар курси забони ӯзбекӣ таълим гирифта истодаам. Охир, «забон донӣ – ҷаҳон донӣ» гуфтаанд, – мегӯяд хонандаи курси мазкур, сокини ноҳияи Учтепаи пойтахт Татяна Короткова.
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».