БА ОМӮЗГОРОН ВА МУРАББИЁНИ ӮЗБЕКИСТОН

Омӯзгорони муҳтарам!

Дӯстони азиз!
Шумо ва дар симои шумо тамоми ҳамватанонамонро, ки ҳаёти худро ба кори муҳим ва наҷиби тарбияи авлоди ҷавон бахшидаанд, бо 1 октябр – Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён самимона муборакбод менамоям.
Дар бораи аҳамияти бузурги меҳнати пурмашаққат, айни замон шарафманди шумо сухан ронда, ба фикрам, овардани суханони мутафаккири бузург Абдулло Авлонӣ: «Дониши ғанӣ ва васеъгии ҷаҳонбинии инсон пеш аз ҳама ба тарбияи муаллим вобаста аст» мувофиқи мақсад мебуд.
Дарҳақиқат, ҳар яки мо барои ҷамъи фазилатҳои нек, комёбиҳои дар ҳаёт ба даст овардаамон аз шумо, азизон умрбод қарздор ҳастем.
Дар ин санаи бузург мо ба мураббиёни меҳрубон ва ғамхор, ки дониш ва таҷриба, ҳарорати қалбашонро барои он бахшидаанд, ки мо аз ҷиҳати маънавӣ ба камол расида, дар ҷамъият ҷойи муносибро ишғол намоем, миннатдории амиқ ва таманноҳои беҳтарин изҳор менамоям.
Дӯстони муҳтарам!
Ҳамаи мо хуб дарк менамоем, ки таълим ва тарбия на танҳо дар ҳаёти имрӯза, балки барои ояндаи ҳар як давлат ва ҷамъият аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Аз ин рӯ дар Ӯзбекистон ба масъалаҳои рушди таълиму тарбия дар миқёси давлат эътибори бузург дода мешавад.
Ба ин муносибат мехостам доир ба баъзе қарорҳои муҳими тӯли вақтҳои охир дар ин соҳа қабулшуда истода гузарам.
Мувофиқи қарори Президент аз 30 сентябри соли 2017 бори аввал дар ҷумҳурӣ Вазорати таълими томактабӣ ташкил карда шуд. Низоми таълими томактабӣ куллан ислоҳ карда шуда, дар муҳлати кӯтоҳ беш аз 980 боғчаи бачагона сохтаву ба истифода дода шуданд, корҳои тарбиявӣ дар онҳо бо истифодаи усулу воситаҳои наву пешқадамтарин амалӣ мегарданд.
Мувофиқи қарори Президент аз 14 августи соли 2018 миқдори музди меҳнати омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва болоӣ баробар карда шуда, аз соли нав афзоиши музди меҳнати омӯзгорони мутахассис 54 фоиз, педагогҳои тоифаи олӣ 64 фоизро ташкил медиҳад.
Баробари ин низоми ба кормандони педагогӣ додани вомҳои дарозмуҳлати имтиёзнок барои хариди хонаву ҷойи арзон бино бар лоиҳаҳои намунавӣ ва воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, инчунин ҷудо намудани вомҳои имтиёзнок ба аъзои оилаи онҳо барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба роҳ монда шуд.
Ба сифати давоми ин корҳо 5 сентябри соли ҷорӣ Фармони Президент «Дар бораи чораҳои иловагии такмил додани идоракунии низоми таълими халқ» қабул гардид, ки дар рушди соҳа пешомадҳои навро боз менамояд.
Чи хеле ки ба шумо маълум аст, дар фармон, аз ҷумла бино бар такмил додани идораи муассисаҳои таълими халқ, таҳкими пойгоҳи моддиву техникӣ ва таълимиву услубии онҳо, рушди минбаъдаи шабакаи созмонҳои ғайридавлатии таълими умумӣ, коркарди барномаҳои давлатии «Мактаби замонавӣ», дар ҳаҷми пурра додани нафақа ба омӯзгорон-нафақахӯрони коркунанда вазифаҳои дақиқ муайян шудаанд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар мамлакатамон ба рушди низоми таълими олӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Баробари мактабҳои олии нав филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ кушода мешаванд, квотаи қабул ба муассисаҳои таълими олӣ зиёд мегардад, бино бар самтҳои зиёди таълим шуъбаҳои ғоибона фаъолият нишон медиҳанд.
Ҳамаи ин бо назардошти талаботи замонавӣ ба куллан беҳтар гардондани сифати ҷараёни таълиму тарбия, фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзгорони муҳтарам, ҳамаи онҳое, ки дар ин соҳа фидокорона меҳнат мекунанд, баланд бардоштани обрӯву эътибори онҳо дар ҷамъият нигаронда шудаанд.
Дар мамлакат бино бар сохтмон, таҷдид ва таъмири муассисаҳои таълимӣ, аз он ҷумла дар доираи Барномаи сармоягузории соли ҷорӣ дар 356 муассисаи таълим 684 миллиарду 700 миллион сӯмина, дар доираи барномаи «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» дар 371 мактаби таълими умумӣ беш аз 424 миллиард сӯмина корҳо амалӣ гардиданд.
Умуман то августи соли 2018 аз Буҷаи давлатӣ ба соҳаи таълиму тарбия 12 триллиону 366 миллиард сӯм равона карда шуд, ки беш аз 26 фоизи хароҷоти умумиро ташкил медиҳад. Рақамҳои мазкур аз миқёси ислоҳот дар низом далолат медиҳанд. 
Албатта, мо хуб дарк менамоем, ки омӯзгорон ва мураббиён дар муваффақ гардидан ба мақсадҳои баланде, ки мо дар назди худ гузоштаем, нақши қиёснашаванда мебозанд.
Дар тарбияи авлоди ҷавон дар руҳи арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ, садоқат ба Ватан ва халқи худ, азхуд намудани донишу касбҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ мо пеш аз ҳама ба шумо, муҳтарам кормандони соҳаи таълим такя мекунем.
Барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки имрӯз вазъият дар ҷаҳон шиддатнок ва пешгӯинашаванда мегардад. Дар чунин шароити мураккаб пешгирӣ намудани хавфу хатарҳое, ки ба ҳаёти ҷавонон таҳдид мекунанд, мубориза бар зидди ҷаҳолат бо маърифат фаъолияти ибратноки шумо аҳамияти бузург дорад.
Вазифаҳои васеъмиқёс ва пурмасъулияти замон аз ҳамаи мо, пеш аз ҳама аз шумо, педагогҳои муҳтарам дар болои худ пайваста кор кардан, дар авлоди наврас ташаккул додани фазилатҳои баланди маънавию ахлоқӣ, мустақилона фикр карда тавонистан, ривоҷ додан ва ба рӯи об баровардани қобилияти онҳоро тақозо менамояд.
Боварӣ дорам, ки шумо, омӯзгорону мураббиёни азиз, ки қувваву ғайрати худро сарфи назар аз миллат, забон ва динашон барои баркамол, шаҳрвандони ҳақиқии Ӯзбекистон тарбия намудани тамоми бачаҳои мамлакати бисёрмиллатамон дареғ намедоред, ин вазифаи пуршарафро бо ифтихор ӯҳда мекунед.
Давлату ҷамъияти мо минбаъд низ то ки барои шумо шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда, фаъолияти фидокоронаатонро ба таври доимӣ дастгирӣ намояд, тамоми имкониятҳоро ба кор мебарад.
Омӯзгорон ва мураббиёни азиз!
Бори дигар ҳамаи шуморо бо ҷашни умумихалқии имрӯза муборакбод менамоям.
Ба шумо дар иҷрои вазифаи олиҷаноб ва масъулиятнокатон қувваву ғайрат, комёбӣ ва омад, ба хонадонатон хушбахтӣ ва беҳбудӣ таманно менамоям.

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: