БА ОРЗУЯМОН РАСИДЕМ

– мегӯянд фарзандони хонаводаи лӯлӣ

Субҳи содиқ касе дарвозаамро кӯфт. Баромадам, дар таги дар ҳамсояам Гулшода Эргашева меистод. Аз чеҳрааш аён буд, ки хеле хушҳол аст.
– Ассалому алейкум, шодиёна диҳед, фарзандонам Дамир, Ишода ва Лобарро ба мактаби миёнаи рақами 1-уми ноҳияи Олмазори пойтахт қабул намуданд. Ман ва шавҳарам Санъат хондану навиштанро намедонем. Бисёр фикр мекардем, ки ояндаи фарзандонамон чӣ мешавад. Бо кӯмаки шумо ва рӯзномаи “Овози тоҷик” орзуямон ҷомаи амал пӯшид,– бо хушнудӣ изҳор намуд Гулшода. 
Рости гап, аз ин хушхабар ман ҳам хурсанд шудам. Албатта, ҳар як шахс мехоҳад самараи меҳнаташро бинад ва хидматҳояш зоеъ наравад.
– Хурсандии фарзандонам ҳадду канор надорад. Онҳо дар мактаб дӯстони зиёде пайдо карданд, аз ҳама муҳимаш, бо китоб, бо илму дониш ошно шуда истодаанд. Ба шумо, ба “Овози тоҷик”, ба мудири котибияти Шурои депутатҳои халқи ноҳияи Олмазор Даврон Раҳматуллоев, роҳбари шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки ҳокимияти ноҳия Ҳусниддин Маҳмудов  аз номи оилаам ташаккур мегӯям,– мегӯяд  Гулшода.  
– Барои чӣ то ҳол бо чунин ташаббус набаромадед?
– Рост мегӯед, худамон беэътиборӣ кардем. Дар мавзеи Қарасуви Самарқанд истиқомат мекардем. Фарзандонамро ба мактаби миёнаи 58-уми ҳудуди маҳалла дода будам, вале бо баъзе сабабҳо онҳо дар он ҷо таҳсил гирифта натавонистанд. Баъди ба Тошканд кӯчида омадан, на кори таъин доштему на хонаву ҷой.   
Дар мақолаи камина бо номи “Мо низ хондан мехоҳем,– мегӯянд фарзандони хонаводаи лӯлӣ”, ки дар рӯзномаи “Овози тоҷик” (6 июли соли 2022, №54) рӯйи чопро дида буд, дар хусуси ба мактаби миёнаи рақами 1-уми ноҳияи Олмазор қабул накардани фарзандони лӯлӣ ҳарф зада будем. Таҳририяти “Овози тоҷик” мактуби шикоятии ин оилаи ташаббускорро ба идораҳои масъул расонид. Баъди пурсишу санҷишҳо ба ин масъала рӯшанӣ андохта шуд. Дамири 11-сола ба синфи 4, Ишодаи 10-сола ба синфи 3 ва Лобархони 7-сола ба синфи 1 қабул карда шуданд. 
Оре, дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол таълим ба ҳама баробар аст. Дар мақолаи аввала низ таъкид намуда будем, ки аз лӯлиҳо низ инсонҳои бузург, донишманд, соҳибиқтидор баромадаанд. Акнун бояд аз пайи натиҷаи кор шуд. Оё фарзандони лӯлӣ мактабро то охир мехонда бошанд? 
Ба қавле, вақт ҳаками олӣ  аст.

Даврон АҲМАД,
ш. ТОШКАНД.  
Дар сурат: руҳшиносон Сурайё Қурбонова ва Гулчирой Қӯзиева бо бачаҳо машғулот мегузаронанд.
Суратгир: муаллиф.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: