БА «ОВОЗИ ...» ХУД ОБУНА МЕШАВЕМ

Қариб як аср аст, ки рӯзномаи «Овози тоҷик» дар радифи нашрҳои аввалини Ӯзбекистон тоҷикзабонони ин сарзаминро аз меваҳои гузидаи маърифату маънавият баҳраманд мекунад.

Дар шумораҳои нахустини ин рӯзнома чакидаҳои қалами устод Садриддин Айнӣ ва Фотеҳ Ниёзӣ, Ҷалол Икромӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ барин шогирдони ӯ сабт гаштаанд... 
Банда аз аввали солҳои ҳафтодуми асри гузашта бо рӯзнома дар мулоқотам. Шоири боистеъдод Ҷонибек Қувноқ, марди закӣ, эҷодкори сертабассуму хушгуфтор Юсуф Мирзоев ҳар сафар маро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифта, бо суҳбату маслиҳатҳои дилкаши худ дар замирам меҳри рӯзноманигориро меафзуданд. Боре тасодуфи хушбахтонае сабаб шуду дар хонаи Ҷонибекака бо Лоиқи бузургвор низ ҳамсуҳбат шудам...
Ҳоло дар мамлакатамон кушодадилии миллӣ, дӯстиву рафоқати байни миллатҳо ба як рукни сиёсати давлат табдил ёфтааст. Алалхусус тайи ду соли охир дар ин соҳа корҳое ба сомон расиданд, ки натанҳо ӯзбекистониён, балки кулли мардуми Осиёи Марказиро шоду масрур карданд. Дар қатори даҳҳо миллатҳое, ки сокини ин сарзамини шарифанд, миллионҳо тоҷикзабонон низ дар роҳи гулгулшукуфии кишвар саҳм мегиранд. Алҳол шиорҳои «Ӯзбекистон – хонаи умумии мо», «Ин Ватани азиз – барои ҳамаамон» гапҳои баландпарвози хушку холӣ нестанд, мо инро дар фаъолияти рӯзмарраи Президенти кишвар ва сиёсати давлат мушоҳида мекунем. Боиси хушнудиву шукргузорист, ки ҳамзабонони мо тавассути «Овози тоҷик» аз ислоҳоти бузург, роҳи тараққиёти имрӯзаву дурнамои давлат, робитаҳои дӯстонаи байни давлатҳои ҳамсоя... ба забони модариашон сари вақт огоҳ мегарданд.
Дар шароити кунунии тараққиёти техника бархе иддао доранд, ки воситаҳои ахбори чопӣ аз ҷиҳати оперативӣ ҷойи худро ба интернет додааст. Рост аст, ки интернет воситаи тезкор аст. Инро касе инкор намекунад. Аммо ин ҳақиқат маънои онро надорад, ки рӯзнома дигар ба дарди ҷомеа барнамехӯрад. Зеро рӯзнома низ паҳлӯҳои аз интернет афзалро дорост. Охир, дар саҳифаҳои он солномаи зиндагиамон сабт гашта, ба як навъ таърих табдил меёбад. Ғайр аз ин, рӯзнома омӯзгори беминнати забони адабӣ аст. Боз аз рӯзнома таҳлил ва таҳқиқу таҳрир намудани матолиб қулайтар буда, шумораи заруриро нигоҳ доштан осонтар аст. Зеро пайдост, ки на ҳама имконияти принтерхарӣ дорад...
Дар вилояти Сирдарё намояндагони беш аз ҳафтод миллат зиндагонӣ мекунанд ва тоҷикон аз ҷиҳати миқдор дар ҷойи дуюманд. Боиси таассуф аст, ки солҳои охир дар вилоят ҳаводорони «Овози тоҷик» кам шуд.
Мо ҳоло дар паи ташкил намудани Маркази мадании тоҷикони вилоят ҳастем ва ҳамзамон ин масъаларо муҳокима карда, чораву тадбирҳои заруриро андешидем. Ҳоло кӯшиш мекунем ва гумони ғолиб дорем, ки шумори мухлисони рӯзнома нисбат ба солҳои гузашта ба таври назаррас меафзояд.

Мунаввар ПАРДАЕВ, 
журналисти собиқадор.

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: