Ба озмуни «ЖУРНАЛИСТИ ФАЪОЛТАРИНИ СОЛ» марҳамат!

ҲАМКАСБОНИ МУҲТАРАМ!

Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон шуморо ба иштирок намудан ба озмуни «Журналисти фаъолтарини сол» даъват менамояд. Ба озмун маводҳое, ки аз 1 июни соли 2018 то 1 июни соли 2019 дар рӯзнома ва маҷаллаҳо, интернет-нашрҳо эълон шудаанд, дар барномаҳои телевизион ва радио пахш шудаанд, қабул карда мешаванд. 
Маводҳо бо тавсияномаи таҳририятҳо бояд ба воситаи шуъбаҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон то 5 июни соли ҷорӣ бо илова оиди маълумот дар бораи ҷойи кор, рақами телефон, нишонии муаллиф ва нусхаи шиноснома бояд тақдим карда шаванд.
Ба ғолибон ва ҷоизадорони озмуни «Журналисти фаъолтарини сол» диплом ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ 27 июн супурда мешаванд.
Маводҳо бояд бо ишораи ба озмуни «Журналисти фаъолтарини сол» ба манзили зерин фиристода шавад:

100129, шаҳри Тошканд, кӯчаи Навоӣ, 30.
Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон.
Телефонҳо: 71-244-64-61, 71-244-37-87.
www.journalist.uz   

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: