Ба пешвози 90-умин солгарди зодрӯзи Чингиз Айтматов

Дар осори Чингиз Айтматов ҳодисаҳое, ки моро ба ҳайрат меоваранд, бисёранд.

ДУ ҲАЙРАТ

Дар осори Чингиз Айтматов ҳодисаҳое, ки моро ба ҳайрат меоваранд, бисёранд. Ҳоло мехостам дар бораи ду ҳодиса сухан ба миён оварам.
Беғубории Айтматовро бо кадом адиб метавон муқоиса кард? Ба назарам беғубории Тагор ва Кавабата ба покию беолоишии Айтматов наздиктар аст. Ман инро ба беғубории кайҳонӣ монанд кардан мехостам.
Осори  Айтматов пур аз фоҷеаҳои инсонист, онҳо беғубориҳоеанд, ки ба фоҷеа рӯ ба рӯ омадаанд. Агар ин ҳодисаҳо беғуборӣ намебуданд, ба фоҷеа рӯ ба рӯ намешуданд. Соҳиби ин беғуборӣ одамони ба бачаҳо монанданд. Бачаҳои эҳсосашон поку беолоиш.
Сарманшаи фоҷеаҳо бошад, мисли тарошаи сахту бешафқати бюрократияи ҳизбест, ки сталинизм офаридааст. Сталинизм ва дастгоҳи бюрократии он на Сегизбоев, Қашқатоев, Қучқорбоевҳоянд, балки силоҳи даҳшатангези офаридаи онҳо, одамсилоҳон – Обержандалов, Бозорбой, Абакир ва Ӯрозқуловҳо мебошанд.
Фоҷеаҳо аз қаъри бюрократизм ҷӯшида мебароянд. Қурбони ин фоҷеаҳо одамони озодандеш ва беғуборанд. Онҳо аз он ки маҳз озодандешу беғуборанд, қурбони макру ҳилаи дастгоҳи бюрократизм мегарданд. Ҷамила агар беғубор намебуд, оё садду монеаи урфу одатҳоеро, ки аз қавмаш ҳеҷ кас ба онҳо пирӯз наомадааст, бо озодандешии худ бартараф карда метавонист? Агар Тӯлғоной беғубор намебуд, вақте келинаш Алиман аз одами бегона дуқат мешавад, оё гуноҳи ӯро мебахшад. Вай натанҳо гуноҳашро бахшид, балки бо меҳри беандоза ӯро ба оғӯш кашид, бо шуҷоати ба худ хос бори гапу калочаҳои мардумро бардошт. Чунин беғубории умумиинсонию кайҳонӣ дар кадом адабиёт мавриди таҳлил қарор гирифтааст?
Магар кору амали онҳое, ки барои оянда бачаеро бо номи Кириск нигоҳ дошта, худро фидо карданд, аз чашмаи покию беғуборӣ маншаъ  намегирад? Авдий дар роҳи офаридани худои нав мисли бачаҳо раҳгум мезанад ва дар ҷодаи ислоҳ кардани одамони ислоҳнопазир худро фидо мекунад. Оё ин беғуборӣ нест?
Едигейу Уркунчиев, Гулсара, Қоранор, Акбара, Тошчайнар магар беғубор нестанд?
Оё ҳамин беғуборӣ эътибори аҳли дунёро ба фалсафаи мисли кайҳон пурвусъати Айтматов ҷалб нанамуд?
Танабой низ беғубор аст. Ин ҷо боз як чизро бояд ёдрас намуд. Чаро одамони мисли Танабой поку беғубор дар байни оташи ранҷу азобанд? Безабонии Танабойҳо муҷиби ҳайрат аст. Ёд доред, Сегизбоев бо ӯ чӣ кард? Ӯро душман ва ҷинояткор хонд. Ба сараш борони туҳмат борид. Вале Танабой дар рӯ ба рӯйи ин туҳмат оҷиз аст.
Вай худро ҳимоя карда наметавонад. Туҳмату буҳтонҳои ӯро тан мегирад. Ӯ кӣ будани Сегизбоевро медонад, биноан, ҳамаи айбмониҳояшро ба гардан мегирад. 
Ин хомӯшию гунгӣ ва безабонӣ эҷоду парвардаи кист? 
Ин хомӯшии кайҳонӣ натанҳо ба Танабой, балки ба Бӯстон Уркунчиев низ хос аст. Вале хомӯшии ӯ аз хомӯшии Танабой як андак фарқ дорад. Вай ба эътироз кардан ва изҳор доштани фикри худ ҷуръат менамояд. Аммо вай, бо вуҷуди ин, дар назди Қучқорбоев оҷизу хомӯш аст. Қучқорбоев ба фурӯ бурдани ӯ тайёр аст.
Магар Муъмини «Киштии сафед» низ хомӯш нест? Дар назди Урозқул хомӯшу безабон аст ӯ.
Оё ин хомӯшӣ яке аз фоҷеаҳои асосии романи «Як рӯзи ба аср баробар» нест?
Эҳ-ҳе, ин хомӯшӣ, ин хомӯшӣ! Решаҳои он басе амиқу ҳайратангезанд.
Чизи дигаре низ касро ба ҳайрат меоварад. Хомӯшии қаҳрамонони Чингиз Айтматов нишонаи беандешагӣ нест. Танабой фикру андешаҳои ҷолиб дорад. Агарчи ӯ алайҳи зулм исён намекунад, вале дар назди худу ҳаёт суолҳои кундаланг мегузорад. Дунёи равонии ӯ хеле мураккаб аст. Ин мураккабӣ бори нахуст дар образи Тӯлғоной муғча баста буд. Ин ҳолати равонӣ дар Танабой ранги дигар гирифт, рӯшантар шуд. «Чаро корам омад накард? – меандешад Танабоев, ки садҳо гӯсфандаш мурдааст. – Шояд бо дигар роҳ рафтаанд?
Эҳтимол раҳгум задаанд? На, набояд ин хел шавад? Роҳи интихобкарда роҳи дуруст буд. Пас, чаро ин хел шуд?
Магар раҳгум заданд? Ба бероҳа рафтанд? Ин ҳолат кай ва чӣ хел рӯй дод?»
Танабойи муборизи ҳаёти нав, ки бародарашро ба хотири ақида бадарға  кардааст, инак, дар назди мошини  бюрократии даҳшатангези Сегизбоевҳо гунгу лол аст.
Бале, беғубории безабонҳои Айтматов ҳайратангез аст. Натанҳо Танабой, дӯсти ӯ Ҷӯра – парторг низ хомӯш аст. Дилаш пур аз орзую ниятҳои неканд. 
Вале алайҳи бюрократия мубориза бурда наметавонад, ирода надорад.
Вай дӯстони зиёде дошт, ки ба халқ некӣ кардан мехостанд, вале натавонистанд. Маро мисли шамъ хомӯш шуда истодани Ҷӯра ва қабл аз хомӯш шудан аз Танабой хоҳиш кардани ӯ, ки билети ҳизбияшро ба кумитаи ноҳия (райком) бурда супорад, ба ҳайрат овард. Охир худаш ҳам динаякак, ғайриихтиёр, ба аз сафи ҳизб баровардани Танабой саҳм гузошта буд. Аҷобатро бубинед, ки пеш аз марг билети худро ба Танабой васият мекунад. Чӣ, ӯ хаёлпараст аст? Вазъиятро намедонад? Оё дарк намекунад, ки ба билети ӯ ҳеҷ кас эътибор намедиҳад? Боз ҳамон феномен: БЕҒУБОРӢ!
Ба туфайли ин беғуборӣ мо боз бо як бешафқатию лоқайдӣ – беқадрии инсон рӯ ба рӯ меоем. Танабой билети дӯсташро бо чӣ хаёлҳо мебараду танҳо аз пасаш садои дари райкомро мешунавад, ки таққӣ пӯшида мешавад.
Оё шуморо чунин беқадрӣ писанд аст?
Айтматов оқибатҳои харобии иҷтимоиро тавассути чунин ҳодисаҳо нишон медиҳад. Беқадрӣ дар биёбони беғуборӣ сад пора мегардад ва ба хомӯшии дилаш хунрез табдил меёбад...

ДАР ДУНЁИ БЕОРОМ

Асарҳои хубу хонданӣ моро ба олами ғояҳои нав ворид месозанд.
Инсоният ба куҷо меравад? Бо ин равиш ба куҷо мерасад? Айтматов дар асари худ «Кунда» кӯшиш кардааст, ки ба ин суол посух диҳад. Суол мураккаб аст, ҷавобаш мураккабтар аз он. Айтматов ин суолро дар асари худ ба миён гузошта, ҷавобашро ба хонанда ҳавола мекунад. Бигузор, ҳар кас ҷавоби худро дошта бошад.
Роман, баъди ба дасти хонанда расидан, мавриди баҳсу мунозираи шадид қарор гирифт. Фикру мулоҳизаҳои ба якдигар зид баён шуданд. Баъзе адибон ва мунаққидон ба он баҳои баланд доданд. Гуфтанд, ки бо «Кунда» классикаи замони нав оғоз меёбад. Бино ба фикри адабиётшиносони дигар танҳо мавзӯи «Кунда» нав буд. Замони рукуд ба ин гуна мавзӯъҳо даст задан намемонд. 
Бигирем, «Мастер ва Маргарита»-ро, ки чанд даҳсола ба чопаш рухсат нашуда буд... Иддае гуфтанд, ки «Кунда» асари парокандаест, қисмҳои он байни худ иртиботе надоранд, пайванду тамомияте, ки дар Арасту ҳаст, дар он нест. Адабиётшинос Сергей Аверинтсев изҳор дошт, ки Айтматов ба мавзӯи насронӣ, Инҷил ва Исо беҳуда даст зад, ин мавзӯъҳо хоси нависандаи Шарқ нестанд. Ҳол он ки ҷозибаи «Кунда» на дар мавзӯи он, балки дар он мебошад, ки нависанда  масъалаи имонро дар назди инсони муосир басе ҷиддӣ ва фоҷеавӣ гузошта тавонистааст.
Имон чист, беимонӣ чист? Хонанда аз «Кунда» ба ин суолҳо ҷавоб пайдо хоҳад кард.
Чунин ба назар мерасад, ки асар оғози дуҳазорсоларо бо охираш мепайвандад. Айтматов мазмуну моҳияти муборизаи дуҳазорсоларо барои имон дар як асари кӯчак гунҷондааст.
Ҳар як халқ Авдӣ, Бӯстон, Исо, Акбара, Қучқорбоев ва Бозорбоевҳои худро дорад. Дар маркази таърихи фарҳанги ҳамаи халқҳо талошу мубориза барои имон қарор дорад. Имон таърихи ҳамаи халқҳоро ба ҳам наздик мекунад. Мубориза барои имон ғояи умумиинсонист. Шояд дуздӣ ва ришвахӯриро баъзе халқҳо дарк нанамоянд. Аммо имонро ҳамаи халқҳо идрок мекунанд. Имон фарзанди инсонро аз ҳалокат бозмедорад. Вақте имон коҳиш ёфт, бори ҷабру ситамаш ба дӯши табиат меафтад. Қатлиому бадарғакуниҳо дар Мӯйинқуми бузург, ки дар роман мавриди тасвир қарор гирифтааст, ба туфайли беимонӣ ба вуқӯъ мепайвандад.
Дар ниҳояти кор беимонӣ оромию осоиштагии табиатро халалдор месозад. Ба ҷуз замину обу ҳаво одамизод  пуштбоне надорад. Дар замони мо ҳамин пуштупаноҳ зери хатар монд. Вуҷуди замину обу ҳаво бар асари беэътиборию беэътиноии одам ба ларза меояд. Бубинед, Акбараю Тошчайнар, бепуштпаноҳ, Авдӣ, Исо ва Бӯстон бепуштупаноҳанд. Ҳама чиз гуё ориятиву амонат аст. Гӯё дар лаби вартаи сиёҳу бетаг қарор доранд, дар оғӯши тарсу биму ҳаросанд. 
Авдӣ дар осмони  баланди муҳаббат ва наҷотбахшиҳои рӯҳӣ ба сар мебарад. Мо ба дунболи пиндорҳои Авдӣ, ки саршори зебоию адолат ва некиянд, мегардем. Олами Бӯстон низ олами маънавии бегарду олоиш аст.
Бахту фоҷеаи Авдӣ дар халоскории ӯст. Мисли ҳамаи наҷоткорон бо издиҳоми чашмаш баста бархӯрд мекунад. Дар ин ҷо мо гувоҳи он мегардем, ки одамизод дар тӯли ду ҳазор сол он қадар тағйир наёфтааст.
Мисли он ки ду ҳазор сол қабл Исои наҷотбахшро чормех карда буданд, баъди ду ҳазор сол Авдии ба некӯкорӣ даъватнамударо низ дар Мӯйинқуми беодам ба саксавуле меовезанд.
Оташи дар як гӯшаи дунё забоназада ва Акбараю Тошчайнарро бехонумон сохта, дар ниҳояти кор даст ба домани хонадони поку беолоиши фарзанди замин – Бӯстон низ мезанад... 
Ин китоб виҷдони ба нолиш омада мебошад ва садои онро ҳар қадар, ки гарону дилхарош набошад, бояд инсоният бишнавад.

Иброҳим ҒАФУРОВ, Арбоби санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: