Ба пешвози ҷашни 565-солагии Камолиддини Беҳзод

БО НАВОӢ ВОХӮРДАНИ БЕҲЗОД

Олимҷон БӮРӢ 


БО НАВОӢ ВОХӮРДАНИ БЕҲЗОД

Бузургон нагарданд пушти умед,
Саодат бар эшон биёяд падид.
Ба қалби чунин қавм оташ бувад,
Гаҳе шод з-он, гоҳ дилғаш бувад.
Ба офоқ гарданд ҷӯёи Ҳақ,
Ҳама кори онон бигардад сабақ.
Амонат бувад олами бебақо,
Чӣ лозим ҳамин ақлу дарку зако?
Куҷо кашфиёт асту меъморӣ аст,
Ҳам он чи ки аз килкҳо нақш баст.
Дар олам агар ҳаст якчанд рӯз,
Чаро пас чунин кори пурранҷу сӯз?
Ҳар он кас, ки гӯяд ба инҳо ҷавоб,
Ҳам ӯ нек донад гуноҳу савоб.
Ба қонуни фиқҳ аст ҳақ устувор,
Касеро, ки дил дӯст, н-ояд ба кор.
Ҳар он чиз фармони Холиқ, ҳақ аст,
Вале чун тавонӣ зи тақдир раст?
Агар Ҳақ намедод бар ман шуур,
Куҷо буд дар нақши ин банда нур?
Навоӣ чу дид он ҳама як ба як,
Бидонист дар нақши ӯ нест шак.
Ва ҳатто, ки бинмуд лутфи зиёд,
Ки омад ба даргоҳ бо эътимод.
Ба қонуни ислом будаст зид,
Ки кори мусаввир кори палид.
Иҷозат набудаст бар кори нақш,
Чӣ кас зидди шоҳ аст дилдори нақш?
Бад-ин фикр ҳар рӯз маъюсу шод,
Ҳамерафт Беҳзод – шогирди род.
Ба дарбор бошад варо мунтазир,
Ҳамон марди оқил, тавоно вазир.
Ниҳоят кам одам, ки Наққошро
Надонад  ба Ҳироти зебонамо.
Зи аҳволи ҳар шахс мепурсид ӯ,
Ба таъзим мекард ҳар дам руҷӯ.
Пас аз ин саломи самимиву гарм
Мулоқот карданд бо қалби нарм.
«Шумо хуб ҳастед, Наққоши мо?
Ба фикрам, ки Беҳзод номи шумо».
«Бале, ҳаст Беҳзод, амири кабир,
Биёмад, ки бинад намои вазир.
Баланд аст ихлосу меҳре писанд,
Саломат бимонад ва ҳам арҷманд».
Табассум намуда Навоӣ ба ӯ,
Ба тавсифи нақшаш биёвард рӯ.
Вазир аз сари лутфу икрому дин,
Ба Беҳзод бинмуд маоше таин...

Муҳаммад ШОДӢ

БА ҲУСНИ ТУ ЗАМОНҲОЯНД МАФТУН

Сар афрозам, Ватан, бо кӯҳсорат,
Биошомам ҳавои обшорат.

Аҷаб водии тиллоии бар чашм –
Гуҳарбор абрҳои навбаҳорат.

Баҳори рӯзу умри мост сарсабз,
Гулафшон то баҳори рӯзгорат.

Гувороии умр эҳсос созам,
Дар  оғӯши баҳори пурнигорат.

Ба ҳусни ту замонҳоянд мафтун,
Ҷаҳонҳо дар канори беканорат.

Ба дил хоҳам, ки кӯчонам баҳорон,
Ду-се байт аз баёзи лолазорат.
***
Кушоӣ ту дари меҳру муҳаббат,
Кушоӣ ту бари меҳру муҳаббат!

Назар дӯзам ба боғу бӯстонат,
Бубинам манзари меҳру муҳаббат.

Муҳаббатномаию меҳрнома,
Ватан, эй маҳзари меҳру муҳаббат.

Ту ҳастӣ дар самои толеи мо 
Фурӯзонахтари меҳру муҳаббат.

Ба чашми ҳар ватандору ватандӯст
Дурахшӣ чун зари меҳру муҳаббат.

Муҳаббатзодаему меҳрзоде,
Ту ҳастӣ модари меҳру муҳаббат.

Агар моем аз ҷон дӯстдорат,
Туӣ ҷонофари меҳру муҳаббат.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: