Достон ва овозаи оилаи Шоҳаҳмад Шомаҳмудов, ки дар даврони ҷанги хонумонсӯз ва фалокатбори солҳои 1941-1945 фарзандони ятиму бекасро аз минтақаҳои ҷангзадаи мамлакат парасторӣ кардааст, ба ҳамаи мо маълум аст.
Қиссаи «Одами бемарг»-и нависандаи тоҷикистонӣ Теша Раҷаб низ аз хусуси ин оилаи воқеан интернатсионалистӣ нақл мекунад.
Муаллиф, ки солҳои 90-ум як муддат дар Тошканд иқомат карда буд, аз хусуси ин оила ва чӣ гуна бо супориши маъмурияти рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик») замони таҳсил солҳои 60-ум дар Мактаби олии партиявии Тошканд дар хусуси Шоҳаҳмадота ва оилаи калону муттафиқи он очерк навиштан, чӣ гуна писархонди он гардиданаш ва сабабҳои ба зодгоҳ – деҳаи Бурҷимулло барнагаштани Шоҳаҳмади ҳанӯз ҷавон қиссаҳои зиёд мекард. Теша Раҷаб боз мегуфт, ки ин қисса дар қолаби очерк он замон дар «Ҳақиқати Ӯзбекистон» чоп шуда буд ва баъдан онро васеъ ва муфассалтар намуда, ба пероҳани қисса оро додааст, ки аз он айём ёд намуда, ҳоло мехоҳем порчаеро барои хонандагони гиромии «Овози тоҷик» пешкаш намоем.
Тоҷибой ИКРОМОВ,
муовини сармуҳаррир.
Теша РАҶАБ
ОДАМИ БЕМАРГ
Дар меҳмонии
Шоҳаҳмадота
«...Толеъам баландӣ кард: Шоҳамадотаро дар хонааш дарёфтам. Ӯ дар рӯйи кати чӯбине, ки дар зери каппатоки на чандон баланд гузошта шуда буд, дар болои кӯрпачаи серпахтае ба болишт такя карда менишаст. Дар гирду пеши кат чор-панҷ нафар кӯдакони пасту баланд ва гуногунсурат парвонавор давр мезананд.
Писарчаи зираку чашмкабуде, ки ба назар панҷсола менамуд, аз дасти Шоҳаҳмадота кашолакунон:
– Бобоҷон, ҳакта алобача бухал, – гӯён ду пои худро ба як мӯза қава карда буд.
– Ҷони бобо, ҳоло мағоза руст... кушода шавад, харида медиҳам, – ваъда медод Шоҳаҳмадота сари ӯро силакунон.
Вале чӣ тавре ки: «Ҳукми кӯдак аз ҳукми подшоҳ ҳам зӯртар аст» мегӯянд, он писарбачаи шӯх ҳамоно якравӣ мекард. Аммо ба тарафи кат қадам монда омадани маро пайхас карда, ё аз шарм буд, ё Шоҳаҳмадота магар чизе гуфт, ки ӯ оҳувор давида аз кат фаромаду ба сӯйи хона шитофт...
Шоҳаҳмадота маро бо чеҳраи кушод истиқбол гирифта, баъд аз ҳолу аҳволпурсие, ки ба мардуми тоҷику ӯзбек хос аст, табассумкунон «Хӯш, хизмат!» гуфт. Ман мақсади омадани худро фаҳмондам. Ӯ баъд аз андаке таваққуф гуфт:
– Мебахшед, писарам... ҳозиракак худи шумо барин як ҷавонмарди навча аз ким-кадом газета аз пешам рафт... Бечора, забони ӯзбекиро намедонистааст. Ман бошам, забони русиро. Ҳамин хел писарам... Навъе карда ба саволҳояш ҷавоб додам. Чӣ кор кунам, ин аҳвол аз бесаводиам-дия, дар вақташ шароити хондан надоштам.
Шоҳаҳмадота инро гуфту ба тарафи болохонаи хушҳавою зебое, ки ҳоло гулҳои пурнақшу нигори пешайвонаш гӯё ба ман табассум карда меистоданд, чашм давонда, бо овози баланд:
– Ҳакима, – гӯён ҷеғ зад.
– Лаббай, дадаҷон, – дар пешайвони болохона духтарчаи 12-13 солаи зардинарӯе намоён шуд.
– Ҳамон журналу газетаҳоро аз ҷевон пеши акомуллоят гирифта биёр, духтарам, – фаҳмонд мусоҳиби ман.
– Хуб, ҳозир дадаҷон, – гӯён духтарча аз болохона фуруд омада, баъд аз фурсате як даста рӯзномаю маҷаллаҳои гуногунро бардошта овард.
– Ана, писарам, ҳаёти оилаи мо дар ҳамин оина барин равшан... Навигариҳояшро худам илова мекунам, – ҳамаи он коғазҳоро ба дасти мо дода истода, гуфт Шоҳаҳмадота.
Ҳарчанд ин таклиф бархилофи раъйи ман буд, лек мӯйсафедро ранҷондан нахостам.
Чанд муддат байнамон хомӯшӣ ҳукмрон гашт. Оромиро танҳо бақаррос зада ҷӯшидани самовор, ки ҳоло дар гӯшаи кат меистод, халалдор мекард.
Ман муддате хоҳам-нохоҳам бо варақ задани рӯзномаю маҷаллаҳо андармон шудам. Лек ҳар яки онҳо ҳусни таваҷҷӯҳи маро ҷалб накард: қариб ҳамаи хабару мақола, лавҳаю очеркҳое, ки дар бораи ҳаёти ин оилаи интернатсионалӣ маълумот медоданд, ба ман шинос буд.
– Ҳа, писарам, чаро ба дафтарчаатон чизе наменависед? Ё қизиқаш нест-мӣ? – пиёлаи чойро ба ман дароз карда, пурсид Шоҳаҳмадота.
– Не, ҳамааш шавқовару лек шинос-дия, падар... Ба мо ягонта «обнарасидагиаш» лозим буд, – нимшӯхию нимҷиддӣ ҷавоб додам.
– Эҳ-ҳа... ба шумоён даст диҳанд, оринҷро меқапидед-ку,– бо тамоми овозаш қоҳ-қоҳ зада хандид Шоҳаҳмадота ва баъд аз андаке таҳаммул гуфт:
– Хайр, майлаш... кунҷковиатон ба ман маъқул, писар. Қиссаи чӣ хел ба Маскав рафтанамро ба шумо нақл мекунам.
Шоҳаҳмадота пиёлаи холиро ба рӯйи миз гузошта, дар ҷойи нишастааш дурусттар ҷойгир гашту баъд ба сухан даромад.
– Охирҳои соли гузашта буд. Хонавода ҳама ба соли нав тайёрӣ медидем. Пагоҳии барвақт. Аҳли оила дар сари дасторхон гирд омада, таҳтӯл мекардем. Нохост дарвозаро касе сахт-сахт кӯфт. Мана ҳамин духтари кенҷаам – Ҳакима ба пешвозаш баромад. Кӣ гумон мекунед, писарам?
– Ягон дӯстатон будагист-дия, – аз саволи ногаҳонӣ андаке гаранг шуда, ҷавоб гардондам.
– О, бале, раҳмат ба падаратон, писар... Бародари масковагиам – Артём Акимович будааст.
Баробари кушодани дарвоза духтарам:
– Ура-а-а-а!... Амаки Артёмам омаданд, – гӯён худро ба оғӯши ӯ партофт.
Артём Акимович бо чеҳраи шоду хандон маро ба оғӯш кашид:
– Интизор-ку набудӣ, Шоҳ? – гуфта пурсид. Ӯ маро ба тариқи шӯхӣ «Шоҳи ӯзбекҳо» гуфта ном мебурд...
– Росташро гӯям, ин қадар умед надоштам. Ҳазор бор қуллуқ бародар, – иқрор шудам ман. – О, ақаллан телеграмма надодӣ-а, Артём? – ба гилагузорӣ даромадам ман.
– Адреси хона аниқ бошад, ташвиши зиёдатӣ чӣ даркор, дӯстам?
– Анна Афанасевнаро чаро наовардед, ака? – пурсид Баҳрихолаатон.
– Он кас аз шумоён қаҳр кардагӣ: «То худи онҳо наоянд, ман намеравам» гуфта таъин ҳам карданд.
Қисса кӯтоҳ, мақсади омадани Артём Акимович ҳам ҳамин будааст. Чолу кампир ночор раҳи Масковро пеш гирифтем...
***
Ба ростӣ, ҳарчанд се сол боз бо ин оилаи мушфиқу меҳрубон хат фиристода, хат мегирифтем ва дар бораи фарзандони онҳо бисёр чизҳоро медонистем, лекин шунидан дигару дидан дигар будааст, писарам.
Дӯстони вафодор беҳтар аз хешанд, гуфтаанд бузургони гузашта: Артём Акимович 11 рӯз иззати меҳмондориро ба ҷо овард. Бо ҷойҳои таърихӣ ва зебои Масков шиносамон кард. Шиносоӣ махсусан бо оромгоҳи доҳиамон
– Ленини аъзам ба ман хеле гуворо буд.
– Эҳ, кош Илич зинда мебуду ту бо ӯ ҳамсуҳбат мешудӣ, Шоҳ!... Илич ҳамеша зинда-куя, вале ту, Шоҳ, шахсан ба худи ӯ дар бораи ҳалли масъалаи миллӣ рапорт медодӣ, Владимир Илич беҳад шод мешуд..., – табассумкунон гуфт Артём Акимович.
– Чаро як Шоҳи ман? Худи шумо-чӣ, Артём-ака? – гап партофт Баҳрихолаатон.
– Фарзандони мо намояндагони ҳашт миллатанд... Аз шумоён бошад, Баҳрӣ, аз шонздаҳто. Ана, барои ҳамин-да, дугона, – ба гап ҳамроҳ шуд Анна Афанасевна.
– Оре, дӯстон! Ҳамаи ин самараи ниҳоли дӯстии халқҳои мост. Фарзандони бакамолрасондаи моён бошанд, меваҳои ана ҳамин ниҳоли дӯстист..., – ҳамаи гуфтугузорҳои моро гӯё ҷамъбаст намуд Артём Акимович.
– Ҳа, писарам, сафари Масков ба ман хотираҳои нек ва лаҳзаҳои ҳаяҷоновар бахшид, – ба нақли шавқангези худ нуқта гузошта гуфт Шоҳаҳмадота.
Ман ба ӯ аз таҳти дил миннатдорӣ изҳор карда, хайрухуш намудам...
Ин сатрҳоро, ки ман бештар аз чоряк аср муқаддам иншо намуда будаму онҳо дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дарҷ гардида буданд, бе ҳеҷ гуна ислоҳ ба диққати хонанда ҳавола мекунам, то ки ӯ ба шахси воқеӣ будани падархонди ман – Шоҳаҳмадота ва аҳли оилаи бузурги вай боварии куллӣ ҳосил кунад.
Қиссаи
писархондшавиам
Тақдирро бинед, ки баъди тахминан се рӯз аз нав бо Шоҳаҳмадота вохӯрдам: дар доираи ҳамон ҳафтаи дӯстӣ дар мактаби мо низ шабнишинии ҳаяҷоноваре бо иштирокчиён ва меҳмонони олиқадри ҳафта баргузор гардид, ки дар қатори дигарон қаҳрамони очерки ман Шоҳаҳмадотаю ҳамсарашон холаи Баҳрӣ ҳузур дошанд.
Азбаски рӯзу соати шабнишинӣ пешакӣ эълон шуда буд, намояндагони ҳар як республикаи Осиёи Миёна ба он ба тарзи худ тайёрӣ медид. Аз ҷумла, тоҷикон ҳам. Дар омади гап бояд гуфт, ки ҳамон сол дар мактаби мазкур аз Тоҷикистон бештар аз 100 нафар шунавандагон таҳсил мекарданд. Ва шӯрои «Ҳамшаҳриён»-и тоҷикон дар мактаб нуфуз ва шуҳрат дошт.
Ана ҳамин шӯро қарор дод, ки дар он шабнишинӣ ҳамчун намояндаи Тоҷикистон ман ҳам суханронӣ кунам. Аниқтараш меҳмонон ва алалхусус оилаи интернатсионалии Шоҳмаҳмудовҳоро хайрамақдам гӯям.
– Чаро президенти шӯро худаш баромад намекунад? – ба қарори шӯро эътироз баён карданӣ шуда, аз котиби комитети партиявии мактаб, ки маро барои машварат ба кабинеташ даъват карда буд, пурсидам.
Котиб баъди каме андеша ҷавоб дод:
– Аввалаш ин ки Шоҳаҳмадотаро аз дигарон дида, ту хубтар мешиносӣ... (Котиб ҳамон очеркамро, ки дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дарҷ гардида буд, далел овард.) Дуюмаш ин ки ту ятим калон шудаӣ ва талхии ҳаёти сағирахонаро чашидаӣ...
Сеюмаш: гап-гап ҳаст, ки дар шабнишинӣ худи Шароф Рашидов иштирок мекардаанд. Ва инро ҳам ту нағз медонӣ, ки он кас натанҳо ходими намоёни партиявӣ, балки нависандаи шинохта ҳам мебошанд. Акнун мақсад фаҳмо? – котиб бо умед ба рӯям назар дӯхт.
(Давом дорад).