Дар шумораи 80-уми рӯзномаи «Овози тоҷик» (№80, 5 октябри соли 2024) мақолаи «Бишнав сухани маро, ки панд аст...»-и рӯзноманигор Саодат Бекназарова чоп шуда буд. Муаллиф дар мақола доир ба нақши забон, мавқеъ ва аҳамияти он ҳарф зада, таъкид мекунад, ки «Забон дар тамоми давраҳои тараққиёти ҳаёти ҷамъиятӣ барои рушду камоли маърифату маънавиёти инсон нақши калон бозидааст ва имрӯз ҳам ин вазифаи боифтихорро бошарафона адо менамояд».
Воқеан, яке аз узвҳои муҳими инсон забон мебошад, ки тавассути он мо бо ҳам мулоқот мекунем, ҳамдигарро мефаҳмем.
Мутаассифона, аз ин воситаи муҳим баъзе шахсон бебаҳраанду гурӯҳи дигар онро бо бадгӯиҳо олуда месозанд.
Рӯзе аз кор бармегаштам. Дар хиёбон тасодуфан ду духтарчаро дидам, ки бо якдигар бо имою ишора «суҳбат» мекарданд. Ба ҳолати ин духтарчаҳо дилам сӯхт. Аз байн чанд рӯз гузашту ҳолати дигареро шоҳид шудам. Дар хиёбон ду зан ҳамдигарро баланд-баланд таънаю маломат мекарданд. Суханҳои носазо мегуфтанд.
Ин ҳар ду ҳолат касро ба андеша водор месозад. Мо забони гӯё дорем, аммо ба қадри он намерасем, носазо мегӯем, дурӯғ ҳарф мезанем, ба ғайбат олуда мекунем. Лек дар ҷаҳон миллионҳо одамон ҳастанд, ки аз бахти сухан гуфтан ва шунидани ҳамсуҳбати худ бенасибанд.
Мо бандаҳо дар аксар маврид қадри тани солимамонро намедонем. Оё шарт аст, ки барои ин мо ҳатман бемор шавему арзиши азизтар будани тани солими худро бифаҳмем.
Шукри Худованд, ки дар давлати мо, барои чунин инсонҳои нуқсдор шароит фароҳам гардидааст. Ҷамъияти кар ва гунгҳо фаъолият намуда, барои таълиму тарбияи чунин шахсони ногиро шароити замонавӣ муҳайё карда шудааст. Баробари ин, марказҳои хусусие ҳастанд, ки дар он илм меомӯзанд. Мактабҳои махсус барои талабагони имконияташон маҳдуд амал карда, аз рӯи категорияшон онҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд ва аз рӯи ҳамин тақсимот ба онҳо дарс мегузаранд.
Ин мисолҳоро беҳуда наовардам. Дар мақолаи номбурда низ порчае аз рӯзгори файласуфи Юнони Қадим Эзоп ба қалам шудааст, ки дар он забон чун беҳтарин ва бадтарин чизи дунё бо мисолҳои фаровон оварда шудааст.
Он моро водор менамояд, ки ба қадри доштаҳои худ бирасем. Бо забон суханони самимиву меҳрбор бигӯем, дониш андӯзем, бо он тӯҳмат накунем, дурӯғ нагӯем, калимаҳои зиштро истифода набарем. Дар бораи онҳое, ки нуқс доранд, носазо нагӯем ва ба онон бо чашми таҳқир нигоҳ накунем. Ҳамеша ба ҳамдигар меҳрубон бошем.
Ш. ЙӮЛДОШЕВА.