БА ҚОИДАҲОИ ИСТИФОДАБАРӢ РИОЯ КУНЕМ!

Бо вуҷуди ба роҳ монда шудани корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ, огоҳкуниҳои доимӣ, дар маҳаллаву корхона, манзилҳои истиқоматӣ, мактабу муассисаҳои таълимӣ, дар байни аҳолӣ бобати риоя кардан ба қоидаҳои бехатарӣ ва тарзи истифодабарии газ аз ҷониби ходимони соҳа баргузор кардани вохӯриҳо, дар натиҷаи истифодаи нодуруст аз газ ва асбобу таҷҳизотҳои газӣ сӯхторҳо содир мегарданд, ки шахсро ба андеша водор месозанд.

Дар ин бобат, аз ҷониби ходимони шуъбаи бехатарӣ аз сӯхтори шаҳри Янгийӯл низ корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Дар рӯзномаҳои миқёси шаҳр ва вилоят доир ба мавзӯи риоя кардан ба қоидаҳои истифодабарии печкаҳои гармидиҳӣ ва гази табиӣ мунтазам мақолаҳо чоп мегарданд. Аз моҳи ноябри соли 2018 то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Янгийӯл барои пешгирӣ аз заҳролудшавӣ 13 ҳазор хонаводаҳои манзили истиқоматӣ ва биноҳои бисёрошёнаи аҳолӣ аз назорат гузаронда шуда, зиёда аз 3 ҳазор дудбарои носоз ва беш аз 236 ҳолати истифодабарии худсарона аз рӯдаҳои резинӣ муайян гардид. 
Воқеан, дар натиҷаи содир гардидани ҳамагуна сӯхтор аҳолӣ зарари моддӣ ва маънавӣ мебинад. Тавре ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, баъзе шаҳрвандон ба носоз будани печкаҳои гармидиҳӣ ва таҷҳизоти газӣ бепарвоӣ зоҳир мекунанд, ба қоидаҳои истифодабарии онҳо риоя намекунанд, ба беэҳтиёткориву беэътиборӣ роҳ медиҳанд. Ин бемасъулиятии шаҳрвандон бошад, аксар вақт ба ҳодисаҳои нохӯш сабаб мегардад. Бояд гуфт, ки истифодаи дуруст ва эҳтиёткорона аз газ дар дасти ҳар кадоми мост. Бояд ҳамеша зирак ва ҳушёр бошем, ба қоидаҳои бехатарии сӯхтор риоя кунем, ба бемасъулиятӣ роҳ надиҳем. 
Ходимони соҳа таъкид мекунанд, ки таъмиру тоза кардани печкаҳои гармидиҳӣ дар давоми мавсим, риоя ҳатмӣ ба қоидаҳои бехатарии истифодабарӣ аз газ ва асбобу таҷҳизоти он, ба мақсади гарм кардани хонаи истиқоматӣ аз плитаҳои газ истифода бурдан, дар рӯйи плитаи газ хушк кардани сару либос ва ғайра ба манфиати кор нест. 
Аз сӯхтор ҳифз кардани сарвати халқу Ватан, аз ҷумла ҳаёти инсон вазифаи ҳар кадоми мост. Барои ин риоя кардан ба қоидаҳои бехатарии тамоми намуди сӯхтор, бартараф кардани камбудиҳои дар натиҷаи тафтиши ходимони назорати давлатии сӯхтор муайяншуда, аҳамияти муҳим дорад.
Барои ҷабр накашидан аз офати сӯхтор бояд ҳамеша огоҳ бошем ва ба қонуну қоидаҳои бехатарӣ албатта амал кунем.

Мирзоалӣ ИБОДУЛЛОЕВ,
инспектори калони шуъбаи бехатарӣ аз сӯхтори шаҳри Янгийӯл, сержант.   

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: