БА «ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТИ РОҲ» ДИГАРГУНИҲО ВОРИД ШУДАНД

Дар мамлакатамон сол аз сол воситаҳои нақлиёт зиёд мегарданд.

Ин сабаби тирбандии мошинҳо шуда, ҳам ба пиёдагард ва ҳам ба ронанда мушкилиҳо эҷод мекунад.
Ба мақсади аз наздик шинос кардан бо чорабиниҳое, ки ба бартарафсозии мушкилоти мазкур нигаронида шудаанд, дар Маркази матбуоти миллии Ӯзбекистон бо иштироки роҳбарияти Садорати бехатарии ҳаракати роҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Барои баланд бардоштани самаранокии корҳои таъмини бехатарии ҳаракати роҳ ва мутобиқ сохтани «Қоидаҳои ҳаракати роҳ» ба талаби замон 9 апрели соли ҷорӣ қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи дохил кардани илова ва дигаргуниҳо ба «Қоидаҳои ҳаракати роҳ» қабул карда шуд. 
– Бинобар ин қарор, ба якчанд қоида ва аломатҳои сари роҳ дигаргунӣ ва иловаҳо дохил шуд,– гуфт котиби матбуоти Садорати бехатарии ҳаракати роҳи Вазорати корҳои дохилӣ Акмал Юнусов. – Аз ҷумла: дар роҳҳои дар ду самт ҳаракатдошта ва роҳҳои ҳаракаташон яксамтаи дар байн роҳи трамвай надоштаи нуқтаҳои аҳолинишин ба истодан ва қарор гирифтани нақлиёт рухсат дода мешавад; воситаҳои нақлиёте, ки дар чорроҳаи ҳалқадор ҳаракат мекунанд, нисбат ба воситаҳои нақлиётие, ки ба ҳалқа ворид шуда истодаанд, бартарӣ доранд; ҳамаи воситаҳои нақлиёт дар рӯзи равшан чароғҳои ба наздик равшанибахшанда ё чароғҳои сигналии рӯзонаро фурӯзон намоянд; дар платформаҳои боркашонии болояш кушоди воситаҳои нақлиёт, ба ҷуз асфалти гарм, борҳои калонҳаҷм ва вазнин, ҳангоми кашондани маводи сохтмон, маҳсулоти хоҷагии деҳот, саноату озуқаворӣ ва дигар борҳои резанда бояд бо брезент ё дигар газвори ғафс пӯшонда шавад...
Ба ҷуз ин, А. Юнусов доир ба аломатҳои нави сари роҳ низ маълумот дод.
– Масалан, аломати «василае, ки ба гузаргоҳи роҳи оҳан монеа эҷод мекунад» – дар вурудгоҳи роҳи оҳане, ки бо чунин сохтор ҷиҳозонида шудааст, насб мешавад. Аломати «тирбандӣ» бошад, ронандаро огоҳ месозад, ки ба ҷойи тирбанди роҳ наздик шуда истодааст, — гуфт ӯ.
Ходимони соҳа таъкид карданд, ки ҳамаи маълумотро оиди қарори мазкур аз сайти Lex. uz метавон дарёфт кард. Қарор аз моҳи майи соли ҷорӣ пурра ба амал татбиқ мешавад.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО сабаби иваз карда шудани гувоҳномаи ронандагиро пурсиданд.
– Ходимони соҳа таҷрибаи қоидаҳои ҳаракати роҳи давлатҳои ИДМ ва дастовардҳои иттилооти технологиро омӯхта, пешниҳод намуданд, ки гувоҳномаи нави ронандагӣ ҷорӣ карда шавад. Дар гувоҳнома чип насб карда мешавад, ки дар он ҳамаи маълумотҳо оиди ронанда мавҷуд аст. Ин ҳам барои ронанда ва ҳам барои ходимони соҳа созгор мебошад. 

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: