БА ҚОНУНШИКАНИҲОИ ВОБАСТА БА ЗАМИН ХОТИМА ГУЗОШТА МЕШАВАД

Пӯшида нест, ки солҳои охир толону тороҷгариҳои вобаста ба замин авҷ гирифтааст.

Пӯшида нест, ки солҳои охир толону тороҷгариҳои вобаста ба замин авҷ гирифтааст. Фурӯши замин аз ҷониби ҳокимон ва ҳатто фермерон боиси зиёд шудани ҳолатҳои  бунёди иморатҳо дар  заминҳои обёришаванда гардид.
Маҳз ба туфайли ин қонуншиканӣ тахриби оммавӣ ба амал омад. Аз ҳама бадаш, аз ин бештар мардуми оддӣ ҷабр диданд.
Бо мақсади пурра бартараф кардани чунин қонуншиканиҳо, истифодаи замин дар асоси қонунӣ, тибқи принсипҳои бозорӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба фармон  «Дар бораи чораҳои таъмини баробарӣ ва шаффофият дар муносибатҳои замин, ҳифзи боэътимоди ҳуқуқҳои замин ва табдили онҳо ба активҳои бозор» имзо гузошт.
Мо бо прокурори раёсати  назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба рушди соҳаҳои аграрӣ ва озуқавории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элдор АЪЗАМОВ  сӯҳбат кардем.
— Мақомоти прокуратура  дар мубориза бо қонуншиканиҳои марбут ба замин чӣ гуна чораҳо меандешад?
— Дар мониторинге, ки  мақомоти прокуратура якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор дар соли 2020 ва 5 моҳи соли равон гузарондааст, ҳолати худсарона азхуд кардани  7,1 ҳазор гектар замини кишоварзӣ  ошкор карда шуд.
Дар 8,7 ҳазор гектар замини кишоварзӣ сохтмони ғайриқонунӣ сурат гирифтааст. Ғайр аз он, дар 877 вазъ ҳолатҳои бемақсаду бесамар истифода бурдан аз 5,3 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ муайян карда, ин заминҳо ба захираи ҳокимияти ноҳияҳо баргардонида шуданд.
Дар ин давра аз ҷониби ҳокимиятҳо 7,5 ҳазор қарор доир ба ҷудо кардани  замин ғайриқонунӣ қабул шуда, 120 ҳазор гектар замин ғайриқонунӣ ҷудо шудааст. Соли гузашта дар 2200 ҳолати дар судҳои маъмурӣ баррасишуда қарорҳои ба замин марбути ҳокимони ноҳияҳо беэътибор дониста шуданд.
Дар маҷмӯъ 588 нафар барои вайрон кардани қонунгузории замин ба ҷавобгарӣ кашида, 42 нафар ба зиндон маҳкум карда шуданд.
Дар натиҷаи чорабиниҳои назоратӣ, ки мақомоти прокуратура дар ин самт гузаронидааст, бинобар бартараф кардани қонуншиканиҳо 397 тақдимнома пешниҳод карда шуд. 7 500 эътироз алайҳи ҳуҷҷатҳои ғайриқонунӣ тақдим карда шуд. 1300 мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашида шуданд.
Дар бораи баргардонидани заминҳои худсарона азхудшуда ва вайрон кардани иншоотҳои ғайриқонунӣ ба судҳо тақрибан 2000 аризаи даъво пешниҳод шудааст. Дар тадбирҳои назоратӣ баргардонидани 5700 гектар замини худсарона азхудшуда  таъмин карда, дар зиёда аз 2000 гектар сохтмони иншоотҳои ғайриқонунӣ бартараф карда шуданд.
— Оё тартиботе, ки бо фармони нав дар бораи замин ҷорӣ карда мешаванд, ба қонуншиканиҳо дар ин самт хотима мебахшад?
— Президент вазъро дар соҳаи истифодаи замин дониста, ин фармони таърихиро қабул кард. Санги асосии тамоман нави муносибатҳои заминӣ гузошта шуд. Бо фармон низоми куллан нави муносибатҳои истифодаи замин ташаккул меёбад.
Дар ҷамъомадҳои селектории Президент ва роҳбари Маъмурият вазифаҳои муҳиме, ки аз талаботи фармон бармеоянд, муайян карда шуданд.
Бояд гуфт, ки зарурати ҳифзи заминҳои ҳосилхез, оқилона ва самаранок истифода бурдан аз онҳо, аз ҷониби шахсони мансабдор ва шахсони масъули назорати замин дар соҳа ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додан ва афзоиши ҷинояткорӣ дар низом яке аз сабабҳои асосии қабули фармон буданд.
Дар фармон омадааст, ки ҳадафи асосӣ таъмини баробарҳуқуқӣ ва озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муносибатҳои замин ва шаффофият дар ин равандҳо, ҳифзи боэътимоди ҳуқуқи замин ва ба активҳои бозор табдил додани онҳо мебошад.
— Ҷиҳатҳои муҳимтарини меъёрҳои наве, ки бо фармон ҷорӣ мешаванд, кадомҳоянд?
— Бо фармон аз 1 августи соли 2021 ҳуқуқи мақомоти давлатӣ барои ҷудо кардани қитъаҳои замин, ба истифода додан, ба захира гирифтани онҳо, муайян кардани ҳуқуқ, тағйир додани намуди замин ё қабули дигар намудҳои ҳуҷҷатҳо бекор карда шуд.
То ворид кардани тағйироти дахлдор ба қонунгузорӣ аз ҷониби Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, мақомоти намояндагии маҳаллӣ ва ҳокимияти иҷрои вилоятҳо, шаҳри Тошканд, ноҳияҳо ва шаҳрҳо ҷудо кардани қитъаҳои замин  қатъӣ боздошта шуд.
Аз 1 августи соли 2021 қитъаҳои замин ба сектори хусусӣ — дар асоси ҳуқуқи амвол ва иҷора, дар асоси ҳуқуқи истифодаи доимӣ ба мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрвандон ҷудо карда мешаванд.
Тартиби ҷудо кардани замин бо ихтиёри меросии якумрӣ, мулки доимӣ, ҳуқуқи истифодаи муваққатӣ бекор карда шуд. Заминҳои кишоварзӣ танҳо дар асоси иҷора, дар асоси натиҷаҳои озмуни кушоди электронӣ, ки бо қарорҳои ҳокимони вилоятҳо тасдиқ шудаанд, дода мешаванд.
Заминҳои барои  кишоварзӣ пешбининашуда ба воситаи савдоҳои музоядаи электронии онлайн дар асоси ҳуқуқи амвол ва ҳуқуқи иҷора фурӯхта мешаванд ва қитъаҳои замин ба ташкилотҳои давлатӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар асоси ҳуқуқи истифодаи доимӣ бо қарори ҳокими вилоят дода мешаванд.
Қитъаҳои замин танҳо аз заминҳои холӣ ва ба захира гирифташуда ҷудо карда мешаванд. Айнан бо як ҳуҷҷат ё дар як вақт гирифта мондан, ба захира гирифтан, ба шахси дигар ҷудо кардани қитъаи замин вайрон кардани тартиби додани замин ба ҳисоб рафта, тибқи қонун ҷазо пешбинӣ шудааст. Бо ташаббуси бевосита ҷудо кардани қитъаҳои замин ё ба тариқи дигар муқаррар кардани имтиёзҳо ва истисноҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ манъ карда мешавад.
— Кадом ташкилотҳо ба Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба ошкоркунии пешакии вайронкунии қонунгузории замин ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳое, ки ба пешгирии онҳо равона карда шудаанд, дохил карда шудаанд? Шӯро чӣ кор мекунад?
— Бо фармон таҳти роҳбарии Прокурори генералӣ  доир ба сари вақт ошкор кардани ҳолатҳои  вайронкунии қонунгузории замин ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои ба пешгирии онҳо нигарондашуда Шӯрои ҷумҳуриявӣ ва дар маҳалҳо  шӯроҳои ҳудудӣ таъсис дода шуд.
Прокуратураи генералӣ,  прокуратураҳои  Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд мутаносибан мақомоти кории Шӯрои ҷумҳуриявӣ ва шӯроҳои ҳудудӣ мебошанд.
Ба таркиби Шӯро муовинони Сарвазир, вазирони адлия, корҳои дохилӣ, сохтмон ва кишоварзӣ, раиси Суди олӣ, раисони кумитаҳои Сенат ва Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, муовини Прокурори генералӣ, муовини раиси Хидмати амнияти давлатӣ, раисони Кумитаи давлатии андоз, Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал, раиси Кумитаи рушди кирмакпарварӣ ва қарокӯлпарварӣ, сардори инспексияи назорати маҷмӯи агросаноатии назди Девони Вазирон, директори Агентии кадастри назди  Кумитаи андози давлатӣ ва дигар ташкилотҳои масъул дохил карда шуданд.
Ҳадафи асосии ин ошкор ва пешгирӣ кардани қонуншиканӣ дар марҳилаи ибтидоӣ мебошад.
Яке аз вазифаҳои асосии Шӯро муайян кардани мушкилот дар истифодаи қонунгузории замин, ҳалли онҳо, аз ҷумла таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмил додани қонунгузорӣ мебошад.
Омӯзиши таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар самти истифодаи оқилонаи замин, омода кардани пешниҳодҳо бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ, мунтазам назорат намудани риояи қонунгузории замин, ташаккул додани таҷрибаи ягонаи татбиқи қонун дар соҳа, таъмини бевосита татбиқи қонунгузории замин ва назорати давлатӣ, аз ҷумла омӯзиш ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти масъули давлатӣ дар соҳа, инчунин мутаносибан шунидани ҳисоботи роҳбарони ин мақомот ва зерсохторҳои онҳо аз ҷумлаи онҳост.
Ғайр аз он, Шӯро тадбирҳои ҳифзи замин, хусусан заминҳои кишоварзӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани қонуншиканиро дар марҳилаи аввал муайян ва амалӣ менамояд. Тавассути суръатбахшии василаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди тақсим кардан ва истифодаи замин ба суръат бахшидани равандҳои рақамисозӣ дар соҳа мусоидат мекунад. Ҳамкориро бо оммаи васеъ, ВАО ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли дигар масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани самаранокии қонунгузории замин ва пешгирии вайронкунии қонунҳо ташкил менамояд.
Бо мақсади ҷалби шаҳрвандон ва аҳли ҷомеа ба ин раванд, ошкоркунии пешакӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо Прокуратураи генералӣ бот канали телеграми «YER NAZORATI» -ро роҳандозӣ кард.
Тавассути ин бот шаҳрвандони мо имконият доранд, ки дар бораи вайронкунии қонунҳо ва дигар ҳолатҳои истифодаи заминҳои кишоварзӣ ва ғайрикишоварзии ҳудудҳои истиқомати худ зуд маълумот пешниҳод кунанд.
Ҳамаи ин ба пешгирии вайронкунии қонунҳои замин, муҳимаш, ба таври қатъӣ қарор ёфтани таҷрибаи истифодаи оқилонаи замин, ки сарвати миллии мост, мусоидат мекунад.

Суҳбатнигор
Норгул АБДУРАИМОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: