Зараре, ки дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти гузаронидани тафтиши пешакӣ, мақомоти истинтоқ, тафтишоти пешакӣ, прокуратура ва суд дар натиҷаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф расонида шудааст, - аз ҳисоби давлат пурра ҷуброн карда шавад.
Дар ин бора дар брифинг дар АИКО сардори хадамоти иттилоотии Маркази миллии ҳуқуқи башар Ғулом Мирзоев хабар дод.
Тибқи талаботи қонун, ҳоло зарари ҷисмонӣ ва маънавӣ, инчунин моддии ба қурбониёни шиканҷа расонидашуда ё фоидаи аз даст рафта, хароҷоти вобаста ба зарари маънавӣ, машварати ҳуқуқӣ, доруворӣ ва хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии равонӣ ва иҷтимоӣ аз ҷониби давлат ҷуброн карда мешавад.