БА ҚӮШРАБОТ 169 НАФАР ШИФОКОР ЛОЗИМ

Қӯшработ аз ноҳияҳои дурдасти вилояти Самарқанд аст. Дар ҳудуде, ки беш аз 125 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунад, динамикаи афзоиш 2,2 фоизро ташкил медиҳад. Айни замон дар муассисаҳои табобатӣ-профилактикии ноҳия 131 нафар шифокор, 851 нафар ходимони миёнаи тиббӣ фаъолият дошта бошанд ҳам, боз ба 169 нафар шифокори дорои маълумоти олӣ эҳтиёҷ ҳаст.

Қӯшработ аз ноҳияҳои дурдасти вилояти Самарқанд аст. Дар ҳудуде, ки беш аз 125 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунад, динамикаи афзоиш 2,2 фоизро ташкил медиҳад. Айни замон дар муассисаҳои табобатӣ-профилактикии ноҳия 131 нафар шифокор, 851 нафар ходимони миёнаи тиббӣ фаъолият дошта бошанд ҳам, боз ба 169 нафар шифокори дорои маълумоти олӣ эҳтиёҷ ҳаст.
Ҳар сол муассисаҳои таълими олии соҳаи тибро даҳҳо ҷавонони қӯшработӣ хатм мекунанд. Лекин аксарияти онҳо ба зодгоҳашон барнамегарданд. Корро дар Самарқанд, Тошканд ва шаҳрҳои дигар афзал медонанд.
– Соли ҷорӣ мутахассисони ҷавоне, ки муассисаҳои таълими олиро хатм кардаанд, дар асоси роҳхат ба ҳудуди зодгоҳи худ фиристода шуданд, – мегӯяд роҳбари иттиҳодияи тиббии ноҳияи Қӯшработ Б.Эгамбердиев. – Ба ноҳияи мо низ 18 нафар писарону духтарон ба кор омаданд. Дар арафаи хатми донишгоҳ бо онҳо вохӯрда, фаҳмондем, ки дар ноҳия барояшон ҳама шароитро фароҳам месозем. Онҳоро, баъди омадан, ба сифати шифокори амалиёти умумӣ ба нуқтаи тиббии деҳот, поликлиникаи аҳолӣ ба кор ҷойгир намуда, касони ба манзил эҳтиёҷмандро бо хона таъмин кардем. Ба ҳар яке аз онҳо велосипед додем. Ҳоло ҳам мо омода ҳастем, шифокорони қӯшработиеро, ки дар ҳудудҳои гуногуни кишвар фаъолият дошта, хоҳиши ба ноҳияамон омада кор кардан доранд, қабул кунем ва барояшон тамоми шароитҳоро муҳайё созем. Бо ин мақсад бо ҳамкории ҳокимияти ноҳия, профессорон ва муаллимони донишкадаҳои тиббии мамлакат, шифокорони ботаҷриба ва ҳамкасбонеро, ки дар ноҳияи мо таваллуд шуда, ба камол расидаанд ва айни замон дар ҷойҳои дигар меҳнат мекунанд, ба чорабинии «Қӯшработ даъват мекунад!» таклиф кардем.
Ба иштирокдорони чорабинӣ дар бораи мустаҳкамкунии пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои тиббии ноҳия, корҳои бобати ба аҳолӣ хизмати тиббии таъҷилӣ ва сифатнок расондан маълумоти муфассал дода шуд.
Шифохонаи марказии ноҳия, ки соли 2011 мукаммал таъмир гардида буд, айни замон боз  таъмирталаб мебошад. Ба наздикӣ муассиса бо 167 миллион сӯм аз таъмир баромад. Пеш аз мавсими тирамоҳу зимистон низоми гармкунӣ мукаммал таъмир гардид. Шуъбаи ҷарроҳӣ таҷдид шуда, 4-то толори алоҳидаи амалиёт ташкил гардида, бо асбобу ускунаҳои замонавӣ ҷиҳозонида шуд. Дар шуъба имконияти гузарондани якчанд амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ фароҳам оварда шуд.
Барои самаранок фаъолият кардани кормандон ба 300 нафар дар асоси вом  аппарати телефонии «Uzmobile» гирифта доданд, мошинҳои нави ёрии таъҷилии тиббӣ ва мукаммал таъмир гардидани мошинҳои мавҷуда самарадории хизмати тиббиро боз ҳам афзун мегардонад.
Дар чорабинии «Қӯшработ даъват мекунад!» вазифаҳои дар назди иттиҳодияи тиббии ноҳия истода, муаммоҳои мавҷуда қайд гардида, масъалаи ба муассисаҳои тиббии ноҳия ҷалб кардани кадрҳои ҷавони дорои салоҳияти зеҳнӣ, дониш ва таҷрибаи ғанӣ муҳокима карда шуд.

Ғ. ҲАСАНОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: