БА “РӮЗИ ШАШМАҚОМ”-И ТОҶИК

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон дар толори Донишкадаи миллии санъати мусиқии Ӯзбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ ба муносибати 12 май – Рӯзи Шашмақом, ки дар Тоҷикистон ба таври васеъ таҷлил мешавад, барномаи консертӣ таҳти мавзӯи «Пули дӯстӣ» баргузор шуд.

Пеш аз оғози чорабинӣ сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, мусиқишинос Абдувалӣ Абдурашидов, муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишкадаи миллии санъати мусиқии Ӯзбекистон Азизҷон Зокиров, директори Маркази миллии санъати мақоми Ӯзбекистон Соибҷон Бегматов ва ҳунарманди маъруф аз ИМА Рошел Рубинов дар бораи дӯстии абадии халқҳои тоҷику ӯзбек ва муштаракоти санъату фарҳанги ду миллат суханронӣ карданд. 
Дар чорабинӣ арбобони маъруфи санъат, устодон, донишҷӯён ва мухлисони санъати мақом ширкат карданд. Намунаҳои беҳтарини мусиқии классикии халқҳои тоҷику ӯзбек аз тарафи  устодону донишҷӯёни донишкадаи мазкур иҷро карда шуд.
Ҳамчунин, дар давоми чорабинӣ сафир А. Раҳмонзода бо роҳбарияти Донишкадаи миллии санъати мусиқии Ӯзбекистон ва роҳбари Маркази миллии санъати мақоми Ӯзбекистон доир ба  тақвият додани ҳамкориҳои минбаъда мулоқот намуд. Илова бар ин, ӯ бо фаъолияти Донишкадаи миллии мусиқии Ӯзбекистон ва имкониятҳое, ки дар он ҷо фароҳам оварда шудааст, шинос шуда, аз осорхонаи академик Юнус Раҷабӣ дидан кард. Қобили зикр аст, ки дар донишкада ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ таҳсил мекунанд.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: