БА РӮЗНОМА ҶАВОБ ОМАД

Дар «Овози тоҷик» (шумораи 9, 30 январи соли 2021) мақолаи Ашӯрвой Тошматов бо номи «Гурӯҳҳои тоҷикӣ беҳбудӣ мехоҳанд» чоп шуда буд.

Дар «Овози тоҷик» (шумораи 9, 30 январи соли 2021) мақолаи Ашӯрвой Тошматов  бо номи «Гурӯҳҳои тоҷикӣ беҳбудӣ мехоҳанд» чоп шуда буд.  Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси ҷумҳурӣ ҷавобан ба мақолаи мазкур ба рӯзнома чунин менависад.

Дар мақола гуфта шудааст, ки дар соли хониши 2020/2021 дар Донишгоҳи давлатии Бухоро қабул ба гурӯҳи забон ва адабиёти тоҷик амалӣ нагардид. 
Аз рӯйи иҷрои қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба боз ҳам ташаккул додани механизми нишондодҳои қабул ба муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ» аз 19 майи соли 2008 ва аз 27 июни соли 2015 ҳар сол қабул ба муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ аз тарафи Вазорати рушди иқтисодӣ ва кам кардани камбизоатӣ ва якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар асоси эҳтиёҷ ба кадрҳо ба тартиб дароварда мешавад. Дар муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ дар самтҳои таълим ба роҳ мондани омодасозии кадрҳо дар асоси талаб ва эҳтиёҷ ба   мутахассисони соҳа, бо назардошти салоҳдиди моддиву техникӣ ва илмиву педагогии муассисаи таълими олӣ мувофиқи қарори дахлдор  ташкил мешавад. Мувофиқи параметрҳои давлатӣ, ки дар асоси замимаи №1 ба қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи параметрҳои супориши давлатӣ оиди қабул ба муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли хониши 2019/2020» тасдиқ шудааст, ба самти «филология ва забонҳо: забони тоҷикӣ» ба Донишгоҳи давлатии Бухоро 25-то (дар асоси гранти давлатӣ 5, шартномавӣ 20-то) квотаи қабул ҷудо карда шудааст. Шумораи донишҷӯёне, ки алҳол дар ин самт таҳсил мегиранд, 24 нафарро ташкил медиҳад. Дар соли хониши 2020/2021 бошад, дар асоси қарори мазкур квотаи қабул барои гурӯҳи тоҷикӣ ҷудо карда нашудааст.
Таъкид намудан ҷоиз аст, ки назар ба ҳолати 15 сентябри соли хониши 2020/2021 дар мактабҳои таълими умумии тасарруфи Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Бухоро шумораи хонандагоне, ки ба забони тоҷикӣ аз синфи 1 то 11 таҳсил мегиранд, ҷамъ 8 нафарро ташкил медиҳанд. 
Боз ба эътирози дигари муаллифи мақола рӯшанӣ андохтанием, яъне доир ба ташаккули ҷараёни таълим дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқи вилояти Тошканд чунин маълумот овардан мумкин.
Дар соли хониши 2019/2020 ба гурӯҳи забон ва адабиёти тоҷик 18 нафар, дар соли хониши 2020/2021 бошад, 30 нафар талаба қабул карда шудааст.
Мақолаи А. Тошматов аз ҷониби Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо маъмурияти Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқ омӯхта шуд. Дар курси якуми гурӯҳи забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таълими олӣ аз рӯйи 3 фанни мутахассисӣ ва 3 фанни ғайримутахассисӣ, дар курси 2 бошад, 8 фанни мутахассисӣ ва 1-то ғайримутахассисӣ омӯзонда мешавад. Нақша ва барномаи машғулотҳову дарсҳо тасдиқ карда шудааст, дар асоси нақша ва барномаҳои фаннӣ профессор-омӯзгорони баландмалака пурра бо забони тоҷикӣ дарс медиҳанд.
Инчунин, дар давоми суҳбат бо донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2 маълум шуд, ки онҳо доир ба машғулот ва сифати дарсҳо эътироз надоранд. 
Маълум менамоем, ки пешниҳодҳо доир ба рушди таълими забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ дар доираи ваколати вазорат омӯхта хоҳанд шуд.

С. БУЗРУКХОНОВ,
ҷонишини вазири Вазорати таълими олӣ ва миёнаи 
махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: