БА СЕ КОРХОНА ТАҲКУРСӢ ГУЗОШТА ШУД

Дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқанд» дар фазои мутантан пойдевори се корхона рехтаву хиштҳои аввали он гузошта шуд.

Ин корхонаҳо дар оянда дастгоҳи муҳаррики барқии борбардор ва барои хоҷагии қишлоқ тракторҳо истеҳсол мекунанд. 
Ба қарибӣ ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев бо мудири ширкати  «Evergreen motors group»-и Куриёи Ҷанубӣ Ким Чанг Кун дидору мулоқот кард ва роҷеъ ба татбиқи лоиҳаҳо ба тавофуқ расид. Таъкид бояд кард, ки ҷаноби Ким Чанг Кун аз соҳибкорони варзидаи куриёӣ шумурда шуда,   мақоми мушовири Нахуствазири Ӯзбекистонро низ бар дӯш дорад ва шаҳрванди ифтихории вилояти Фарғона мебошад.
Дар ҷараёни ин гуфтугузорҳо сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Куриёи Ҷанубӣ Виталий Фен низ ширкат намуд. Вай гуфт, ки дар ояндаи наздик вилояти Фарғона дар ин минтақа ба яке аз вилоятҳои аз ҳар нигоҳ пешрафта ва босалоҳият табдил дода хоҳад шуд.
– Бо сармояҳои Куриёи Ҷанубӣ дар вилоят якчанд корхонаи муштарак арзи вуҷуд намудааст. Бар асоси он беш аз 500 ҷои нави корӣ низ фароҳам оварда шуд. Ин ҳамкориҳо дар афзоишу болоравии иқтисодиёти вилоят хеле мусоидат менамояд, – гуфт Шуҳрат Ғаниев.
Ба таъкиди ҳокими вилоят моҳи майи соли равон  бизнес-форуми доманфарох барномарезӣ шудааст. Дар он наздик 200 нафар соҳибкорон аз Куриёи Ҷанубӣ ширкат хоҳанд кард. Шуҳрат Ғаниев тазаккур дод, ки дар ин бизнес-форум баррасии лоиҳаҳои зиёд низ мадди назар қарор хоҳад гирифт.
Дар ҷараёни ин дидору гуфтугӯи миёни ҳокими вилоят ва мудири ширкати «Evergreen motors group»-и Куриёи Ҷанубӣ се лоиҳа муҳокима карда шуд. Бар асоси лоиҳаи якум дар қаламрави Минтақаи озоди иқтисодии Қӯқанд  корхонаи электромобилҳои «Hyunday» сохта хоҳад шуд. Дар ин корхона тавлиди даҳ ҳазор электромобил ба роҳ монда мешавад ва аз ин шумор ҳафт ҳазор адади он ба Тоҷикистон ва Қирғизистон ба фурӯш хоҳанд рафт. Интизор меравад, ки тибқи қарордодҳои пешакӣ баъзе кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Чехия, Словения ва Булғористон низ як миқдори электромобилҳои ин корхонаро харидорӣ мекунанд. 
Лоиҳаи дуюм аз ифтитоҳи филиали Донишгоҳи JEI дар шаҳри Фарғона иборат аст. Таъкид бояд намуд, ки барои дар биноҳои тайёр ташкил намудани муассисаҳои таълимоти олӣ  меморандум ба имзо расидааст. Агар он ба протоколи корҳои байнидавлатӣ ворид карда шавад, дар он сурат Куриёи Ҷанубӣ барои роҳандозии он дар ҳаҷми  се миллион доллари ИМА сармояҳои худро ворид хоҳад кард. 
Татбиқи лоиҳаи сеюм дар Минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқанд» сохтани корхонаҳоро барномарезӣ кардааст. Бунёди ин корхонаҳо ворид намудани сармояро ба миқдори 520 миллион доллари амрикоӣ тақозо менамояд.
Дар ҷараёни мулоқоту музокираҳои байни Шӯҳрат Ғаниев ва Ким Чанг Кун шартнома ба имзо расид. Бар асоси ин шартнома дар вилоят сохтану мавриди баҳрабардорӣ қарор додани 50 корхонаи нав тарҳрезӣ шудааст. Гуфта мешавад, бунёди ин корхонаҳо ҳудудан 5 ҳазор ҷои нави шуғл фаро меоварад.
– Соҳибкорони мо дар Минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқанд» бар асоси шарикӣ бунёди сӣ корхонаи мухталифро бар ӯҳда хоҳанд дошт. Хишти аввали корхонаҳое, ки мо гузоштем, дар ин ҷода қадамҳои аввалини мо маҳсуб меёбанд, – гуфт мудири ширкати  «Evergreen motors group»-и Куриёи Ҷанубӣ Ким Чанг Кун.
Баъди анҷоми маросимҳои расмӣ Ким Чанг Кун аз ҷойҳои таърихии шаҳри Қӯқанд, ҳамчунин корхонаи «Шаффоф омадли саноат» боздид ба амал овард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: