18 майи соли 2021 модари танҳо Шоирахон Ҷалилова аз вилояти Андиҷон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯмак ба Раиси Сенати Олий Маҷлис Т.Норбоева муроҷиат кард.
18 майи соли 2021 модари танҳо Шоирахон Ҷалилова аз вилояти Андиҷон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯмак ба Раиси Сенати Олий Маҷлис Т.Норбоева муроҷиат кард.
Шаҳрванд Ш.Ҷалилова дар муроҷиати худ менависад, ки инак 10 сол боз дар хонаи иҷоравӣ зиндагӣ дорад. Барои он ки дар хонаи худӣ зисту зиндагӣ кунад, модараш ба ӯ 0,04 гектар заминро аз қитъаи наздиҳавлигиаш, ки он ҷо таваллуд шуда, ба воя расидаасту дар ноҳияи Избоскан ҷойгир мебошад, ҷудо кард.
Вале бинобар он ки барои бунёди хонаи хурди дуҳуҷрадор маблағ ва имконият надорад, кӯмаки моддӣ мепурсад. Мувофиқи муроҷиати ӯ барои омӯхтани вазъият ва расондани кӯмаки амалӣ сенатор М.Ғаниева бо намояндаи комиссияи «Халқпарвар»-и ноҳияи Избоскан ба хонаи Ш.Ҷалилова рафт. Сенатор тамоми масъалаҳоро бо ӯ ва модараш муҳокима карда, онро таҳти назорат гирифт.
Дар натиҷа ба Ш.Ҷалилова аз ҳисоби ҳокимияти ноҳияи Избоскан ва васоятгарон 4 тонна симон, 40 дона шифер, 3 мошин шағал расонда шуд.
Ҳоли ҳозир корҳои сохтмон оғоз ёфтанд.
Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.