БА ШАРОФАТИ ТАШАББУСИ СЕНАТОР ОИЛАҲОИ ЭҲТИЁҶМАНДИ НОҲИЯИ САРИОСИЁ АЗ «ДАФТАРИ ОҲАНИН» ХОРИҶ КАРДА ШУДАНД

Бо ташаббуси Президент маҳалла ба сифати ҳалқаи асосии ҷомеаи мо пазируфта мешавад.

Бо ташаббуси Президент маҳалла ба сифати ҳалқаи асосии ҷомеаи мо пазируфта мешавад. Барои ҳамин ҳам бобати баланд бардоштани нақши он дар идораи ҷомеа корҳои васеъмиқёс амалӣ мегарданд.
Аз ҷумла, узви Сенати Олий Маҷлис Абдулғанӣ Сангинов дар доираи корҳое, ки бинобар маҳаллаҳо мушаххас шудаанд ва тезондани рушди тамоми деҳоту маҳаллаҳои мо бобати беҳтар намудани шароити аҳолии эҳтиёҷманди ноҳияҳои Сариосиё ва Узун, ки ба «дафтари оҳанин», «дафтари бонувон» ва «дафтари ҷавонон» дохил карда шудаанд, корҳои амалиро татбиқ менамояд.
Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ҳумоюн»-и ноҳияи Сариосиё ба мақсади муайян кардани онҳое, ки ба «дафтари оҳанин», «дафтари бонувон», «дафтари ҷавонон» ворид гардидаанд, ҳамчунин баргузор кардани мулоқоти ошкоро бо халқ чорабинӣ баргузор шуд. Дар он ҳокими вилояти Сурхондарё Т.Боболов, узви Сенати Олий Маҷлис А.Сангинов, кормандони масъули ҳокимияти ноҳия иштирок карданд.
Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ҳумоюн», ки дар қисмати ҷанубу шарқии ноҳияи Сариосиё ҷойгир шудааст, аз маркази шаҳр тақрибан 30-35 километр дур мебошад. Роҳе, ки маркази шаҳрро ба ҷамоат мепайвандад, солҳои дароз боз ба таъмир эҳтиёҷ дошт. Ин барои сокинон мушкилоти зиёдеро фароҳам меоварад. Бо ташаббуси сенатор роҳе, ки ба маҳалла мебарад, куллан таъмир гардид. Тақрибан 16 километр роҳе, ки то деҳаи дурдасти кӯҳӣ меравад, асфалтпӯш карда шуд, 3,8 километри он бетонпӯш гардид.
Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ҳумоюн» (Хуфар) 447 оила ва тақрибан 4 ҳазор нафар буду бош доранд. Ба оилаҳои маҳалла, ки ба «дафтари оҳанин» дохил карда шудаанд, кӯмаки моддӣ расонида шуд. Ғайр аз ин ба 4 нафар сокини маҳалла, ки имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд мебошад, аробачаҳо тақдим карда шуданд. Ба мақсади дастгирӣ намудани оилаҳои камтаъмин ба як қатор оилаҳо чорвои калон ва мурғ дода шуд. Барои 9 нафар заноне, ки ба «дафтари бонувон» дохил карда шудаанд, мошинҳои дарздӯзӣ пешкаш гардиданд.
Ба шаҳрвандони камтаъмин ва ногироҳое, ки дар маҳалла зисту зиндагӣ доранд, кӯмаки амалӣ расонида шуд ва ба шарофати он онҳо аз «дафтари оҳанин, «дафтари бонувон» ва «дафтари ҷавонон» хориҷ гардиданд.

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: