БА ШҲДТ ҲАМРОҲ ШУДАНИ ӮЗБЕКИСТОН БА МУСТАҲКАМ ГАРДИДАНИ СОЗМОН ХИДМАТ МЕКУНАД

Ба Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон (Шӯрои туркӣ) ҳамроҳ гардидани Ӯзбекистон ва иштироки Президент Шавкат Мирзиёев дар ҳамоиши ҳафтуми Созмон дар Боку дар маркази эътибори ҷомеаи ҷаҳонии коршиносон ва доираҳои ҷамъиятию сиёсӣ қарор дорад.

Ба воқеаи мазкур ҳамчун қадами барои Ӯзбекистон муҳим дар роҳи ҳаракат намудани он дар роҳи сиёсати кушоди хориҷӣ ва таҳкими равобити дӯстона дар минтақа ва фазои васеъ тавсиф дода мешавад.
Инак, муовини раиси Ҳайати парлумони Евроосиё оид ба алоқаҳо бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон Андрис Америкс дар Боку бомуваффақият баргузор гардидани ҳамоиши Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабонро маъқул донист, ки дар он Ӯзбекистон бори аввал ба сифати иштирокдори комили ин созмони байналхалқӣ иштирок кард.
«Мо ба ҳамроҳ гардидани Ӯзбекистон ба Шӯрои туркӣ баҳои мусбат медиҳем. Боварӣ дорем, ки қадами мазкур ба таҳкими минбаъдаи Созмон ва ҳамкории байни иштирокдорони он мусоидат менамояд, ки барои рушди иқтисодиёт ва нигоҳ доштани устувории минтақаи мазкур муҳим мебошад», – изҳор намуд ӯ.
Раиси фонди дӯстии Ӯзбекистону Нидерландия Далия Чакар мепиндорад, ки ба Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон ҳамроҳ гардидани Ӯзбекистон, хусусан, бо назардошти бисёрарзишӣ ва  рӯшодии сиёсати замонавии хориҷии мамлакат қарори комилан мантиқӣ ва чашмдошт мебошад. 
«Қарори мазкур аз он далолат медиҳад, ки Ӯзбекистон афзалияти иштирок дар сохторҳои бисёрҷонибаро хуб дарк менамояд ва кӯшиш ба харҷ медиҳад аз онҳо самарабахш истифода намояд. Агар ба Шӯрои туркӣ ҳамроҳ шудани давлати аз  васеъ гардондани равобити байналхалқии худ манфиатдорро ба назар гирем, гуфтан мумкин аст, ки ин барои ҷамоавӣ пеш бурдани манфиатҳои мамлакатҳои иштирокдор дар дараҷаи ҷаҳонӣ майдони хуб ба ҳисоб меравад. Иштироки Ӯзбекистон дар фаъолияти ШҲДТ ба он аҳамият ва нуфузи зиёд мебахшад, чунки Ӯзбекистон – ин ними аҳолии Осиёи Марказӣ буда, аз нуқтаи назари стратегӣ давлати имкони ба бозорҳои бузурги минтақа баромаданро фароҳамоваранда ба ҳисоб меравад», шарҳ медиҳад арбоби ҷамъиятии Нидерландия.

АА «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: