Ба соҳибкорони пешқадам мукофотҳои давлатӣ супурда шуданд

  • Ба соҳибкорони пешқадам мукофотҳои давлатӣ супурда шуданд

22 август дар Маркази байналмилалии конгресс бахшида ба Рӯзи соҳибкорон чорабинӣ баргузор гардид.

Президент Шавкат Мирзиёев соҳибкорони кишварамонро бо ҷашн табрик намуда, таъкид кард, ки соҳибкорон дар афзун гардондани иқтидори иқтисодии кишварамон қувваи асосӣ ба ҳисоб мераванд.  

– Обрӯ ва мавқеи соҳибкорон дар ҷомеа рўз ба рўз меафзояд, тоҷироне зиёд мешаванд, ки дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ мавқеи бузург,  обрўю бренди худро доранд. Чунин муносибат ба соҳибкорон минбаъд низ яке аз самтҳои муҳимтарини  сиёсати иқтисодии мо боқӣ хоҳад монд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 20 август ба муносибати Рӯзи соҳибкорон гурӯҳи намояндагони соҳа, ки ба рушди кишвар ҳиссаи муносиб ҳамроҳ намудаанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонда шуданд.  Дар чорабинӣ сарвари давлат ба 29 нафар чунин соҳибкорони фидокору пешқадам ордену медалҳо супурд.

Ҳамчунин, бо қарори Президент аз 19 август нишони сарисинагии “Фаол тадбиркор” таъсис дода шуд. Ҳоло дар маҳалҳо ба 100 нафар соҳибкорон ин нишонаҳо супурда мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: