БА ТАЛАБОТИ БЕХАТАРӢ РИОЯ НАМОЕМ

Нишасти матбуотие, ки дар Маркази матбуоти миллии Ӯзбекистон бо ҳамкории Кумитаи давлатии бехатарии саноат баргузор гардид, ба мавзӯи «Корҳои амалишудаи Кумитаи давлатии бехатарии саноат дар чаҳоряки аввали соли 2021 ва нақшаҳои ояндаи он» бахшида шуд.

Нишасти матбуотие, ки дар Маркази матбуоти миллии Ӯзбекистон бо ҳамкории Кумитаи давлатии бехатарии саноат баргузор гардид, ба мавзӯи «Корҳои амалишудаи Кумитаи давлатии бехатарии саноат дар чаҳоряки аввали соли 2021 ва нақшаҳои ояндаи он» бахшида шуд.
Соли ҷорӣ ба ташкил шудани кумитаи мазкур 74 сол пур мешавад.  Кумита дар асоси беш аз ҳазор асноди меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ соҳаҳои саноат, радиатсия ва бехатарии ядроиро аз назорати давлатӣ гузаронида, бо якчанд ташкилоти байналхалқиву минтақавӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Тавре ки ҷонишини сарвари идораи Кумитаи давлатии бехатарии саноат Олимҷон Ҷӯраев таъкид кард, ҳоло дар ҷумҳурӣ дар 37 ҳазор корхона беш аз 158 ҳазор объекти истеҳсолии хатарнок истифода мешавад, ки дар онҳо зиёда аз 7 миллион нафар ходимон фаъолият доранд. 
Дар якчанд корхонае, ки таҳти назорати Кумитаи давлатии бехатарии саноат фаъолият доранд, аз ҷумла, ҷамъиятҳои саҳҳомии Комбинати металлургияи кӯҳии Олмалиқ, «Ӯзбекнефтегаз», «Ӯзбеккӯмир», «Ӯзметкомбинат», Комбинати металлургияи кӯҳии Навоӣ, Кумитаи давлатии захираҳои минералӣ ва геологияи ҷумҳурӣ рӯйдодҳои нохуш зуд-зуд ба вуқӯъ мепайванданд, ки 69 фоизашон ба сабабҳои ташкилӣ ва 31 фоизашон ба сабабҳои техникӣ вобаста мебошад.
Мутахассисон натиҷа гирифтанд, ки чунин рӯйдодҳо аз паст будани дараҷаи дониши коргарон оиди соҳаи бехатарии саноат, ташкили нодурусти ҷараёни кор, худсарӣ, беэҳтиётӣ ва ё таваккал кардани коргарон рух медиҳанд.
Аз ҳеч кас пӯшида нест, ки солҳои охир дар соҳаи хоҷагии газ мушкилоти зиёд ба назар мерасад. Бахусус, ҳолати заҳролуд шудан аз оксиди карбон бештар аст, ки се намуди он: сабук, миёна ва вазнин ба қайд гирифта мешавад. 
Дар нишасти матбуотӣ доир ба чунин рӯйдодҳои нохуш, сабаби ба вуқӯъ пайвастан ва ҳаллу фасли ин мушкилот маълумот дода шуд. Соли 2019 31 ҳолати заҳролудшавӣ аз оксиди карбон ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 21 нафар маҷрӯҳ ва 50 кас вафот кард. 
Соли 2020 бошад, ин нишондиҳанда боз афзуд: дар натиҷаи 70 ҳолати заҳролудшавӣ 66 нафар маҷрӯҳ гашта, фавти 91 нафар ба рӯйихат гирифта шудааст.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки сабаби фавти 5 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таълими олии  пойтахт, ки (4 декабри соли 2020) дар яке аз хонадонҳои кӯчаи Инҷободи ноҳияи Юнусобод иҷоранишин буданд, истифодаи дудбарои носоз мебошад.
Барои сӯхтани муътадили сӯзишворӣ бояд миқдори оксиген кофӣ бошад. Дар натиҷаи нарасидани ҳаво сӯзишворӣ намесӯзад ва сабаби хориҷ гардидани гази носӯхта мешавад.
Ба тариқи мисол, барои пурра сӯхтани як метри мукааби гази табиӣ 9,5 метри мукааб ҳаво ё 2 метри мукааб оксиген лозим аст. Хонаро зуд-зуд ҳаво дода истодан хавфу хатари эҳтимолиро аз байн мебарад.
Мутахассисони соҳа дар охири нишаст хулоса карданд, ки бояд ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ва хонадонҳо ба талаботи бехатарӣ риоя намоянд, ки гарави осуда умр ба сар бурдани аҳолӣ ва коҳиш ёфтани талафот мебошад.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: