Коронавирус мусибати тамоми ҷаҳон аст. Ин беморӣ амалан ба ҳамаи мо таҳдид мекунад, аммо ба ҳаросу воҳима набояд дода шуд.
Коронавирус мусибати тамоми ҷаҳон аст. Ин беморӣ амалан ба ҳамаи мо таҳдид мекунад, аммо ба ҳаросу воҳима набояд дода шуд.
Бояд ба ҳамаи қоидаҳои карантин риоя кард, дастро тез-тез шуста, дар хона бимонед ва дар ҳалқаи оилаатон бошед. Ва ҳамаи инро карда метавонед! Аммо оё ҳама ба ин чораҳои маҷбурӣ риоя мекунанд? Мутаассифона, не.
Имрӯз, бо харид аз мағоза баромада, ба одамон эътибор додам. Чаро онҳо ҳарчанд дар ниқобанд, вале масофаро нигоҳ намедоранд, чаҳорнафарӣ муошират мекунанд? Наход ҷорӣ гардидани ҷаримаҳо сабақ нашуда бошад? Афзоиши шумораи сироятшудагон чӣ? Ҳамаи мо бояд дар мубориза бар зидди коронавирус саҳми худро гузорем, корҳоеро анҷом диҳем, ки ҳаёт ба маҷрои пештарааш афтад. Ин вирус на танҳо мушкилоти давлат ё ҷомеаи муайян, балки мушкилоти ҳар як инсон аст. Якҷоя мо метавонем онро мағлуб кунем! Худ ба худ мушоҳида намоед, ки барои ин шумо кадом корро анҷом додед?!
7 апрел бори аввал дар Чин касе бар асари коронавирус ба ҳалокат нарасид ва дар музофоти Ҳубей ягон ҳолати нав ба қайд гирифта нашуд. Аммо қабл аз ин, аз 22 январ сар карда, ҳукумати Чин ҳамарӯза дар бораи марги нав хабар медоданд.
Аз 23 январ дар музофоти Ҳубей карантини қатъӣ ҷорӣ карда шуд. Ду моҳ берун баромадан мумкин набуд, рейсҳои ҳавоӣ ва роҳи оҳан боздошта шуданд, ба сокинон маслиҳат дода шуд, ки дар хона бимонанд. Ва ба низоми карантинӣ танҳо 10 март камтар сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд: ҳаракатҳо қисман имконпазир гардиданд, корхонаҳои асосӣ ба кор сар карданд. Аз 25 март ба вуруд ва хуруҷ аз вилояти Ҳубей иҷоза дода шуд. Ва ба ин танҳо пас аз кам шудани шумораи мубталошудагони коронавирус дар Чин иҷозат дода шуд.
Аз 8 апрел дар Ухан қисме аз истгоҳҳои метро кушода шуданд, корхонаҳои зиёд, тарабхонаҳо ва марказҳои савдо ба кор дароманд. Ва ҳамаи ин ба туфайли он аст, ки мардуми Чин муттаҳид шуданд. Онҳо бе ягон шарт ба тамоми талабот риоя карданд!
Коронавирус ҷаҳони моро тағйир дод: он озодии одамонро аз даст рабуд, аммо имкони бо хешовандон бештар мулоқот карданро фароҳам овард. Аммо бо ин инъом чӣ кор карданро ҳама ба таври худ ҳал мекунад. Оё вақтро судманд мегузаронем? Оё онро ба фарзандонамон сарф мекунем? Албатта! Одамон усулҳои зиёди дар хона андармон кардани бачаҳро ёфтанд. Ё шояд шумо машғулоти умумӣ доштед, ки ба онҳо дар давоми рӯзҳои корӣ вақти кофӣ надоштед? Ҳоло вақти бозӣ кардан ё китоб хондан, нақл намудани ҳикояи ибратомез аст. Вақтро судманд гузаронед! Карантин ба охир мерасад, ва мо боз вақти хоб будани бачаҳо ба кор медавем.
Халқи мо қавиирода, меҳрубон ва олиҳиммат аст. Мо якҷоя соҳибқудратем!
Чӣ хеле ки Президент Шавкат Мирзиёев дар муроҷиати худ ба халқ таъкид намудааст, агар ҳамаи мо якдилу ботаҳаммул бошем, ба тавсияҳои духтурон риоя кунем, албатта ба ин беморӣ ғолиб меоем!
Худро эҳтиёт кунед ва сиҳат бошед!
Зӯҳра АБДУЛЛАЕВА, сармутахассиси АУСҒҒӮз оид ба ҳуқуқи инсон,
дипломатияи халқӣ ва рушд
равобити байналмилалии СҒҒ.
ӮзА.