БА ТАРТИБ ОВАРДАНИ ТӮЮ МАРОСИМҲО

Дар Сенати Олий Маҷлис ҷамъомади якуми Комиссияи ҷумҳурӣ оид ба мувофиқсозии гузарондани тӯйҳо, тантанаҳои оилавӣ, маърака ва маросимҳо баргузор шуд.

Дар он ташкил кардани чорабиниҳои тарғиботие, ки дар ҳудудҳо аз рӯйи таъмин кардани иҷрои қарори якҷояи шӯроҳои Сенат ва Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис «Дар бораи минбаъд такмил додани низоми ба тартиб даровардани баргузоркунии тӯйҳо, тантанаҳои оилавӣ, маърака ва маросимҳо» ва масъалаҳои дигар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа аъзои Комиссияи ҷумҳурӣ, намояндагони вазорату идора ва созмонҳои дахлдор, созмонҳои ғайритиҷоративу ғайридавлатӣ, кормандони васоити ахбори оммавӣ ширкат карданд.
Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки халқи мо аз қадим дорои урфу одат ва анъанаҳои ба худ хос мебошад ва  чун мерос онҳоро ҳифз карда меояд, то ки ба ояндагон бирасонад. Дарҳақиқат, ин вазифаи ҳар як инсони худшинос мебошад, ки мероси маънавии гузаштагонро ҳифз кунад ва нагузорад онҳо осеб бинанд. Аммо, чунонки маълум аст, вақтҳои охир тӯю анъанаҳои оилавӣ, маросиму маъракаҳо ба дабдабаву худнамоӣ табдил меёбанд, ки оқибатҳои хуб ба бор намеорад. Аз як тараф, дар натиҷаи худнамоӣ ба ҳар гуна исрофкорӣ роҳ дода шавад, аз ҷониби дигар ба буҷети оилаҳо зиён меорад. Тасаввур кунед, баъзе аъзои оила солҳо меҳнат карда, сармоя ҷамъ меоранд ва ҳамаи он заҳматҳоро дар як рӯз ба бод медиҳанд. Ба ин хотир, дар маҷлис қайд гардид, ки ба ҷойи тӯйҳои пурҳашаму дабдабанок роҳандозии тӯйҳои камхарҷ аз ҳар ҷиҳат ба мақсад мувофиқ аст.
Ба тасвиб расидани қарори зикршуда дар ин самт қадами муҳим ба шумор меравад. Барои таъмини иҷрои он бо дарназардошти низом «Дар бораи ба тартиб даровардани гузарондани тӯйҳо, тантанаҳои оилавӣ, маърака ва маросимҳо» ба ҳуҷҷатҳои қонун дигаргунӣ ва иловаҳо ворид карда, ҷавобгарии дахлдорро муайян намудан ва дар ин бобат кор кардани лоиҳаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии меъёрӣ лозим меояд. 
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки муҳокимаи масъалаи ба тартиб овардани тӯйҳо ҳодисаи нав нест, ҳанӯз соли 1917, яъне беш аз сад сол пеш дар съезди Шӯрои исломия масъалаи баргузор кардани тӯйҳо мавриди муҳокима қарор гирифта буд. 
Байни ҷамъият корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ кардан лозим меояд, намояндагони дин дар ин бора фаъолии худро мебояд нишон диҳанд, барои ба тартиб гузарондани тӯйҳо фаъолияти инспекторони профилактикаи мақомоти корҳои дохилӣ низ бештар таъсиргузор хоҳад буд. Одамон ба ҷойи исрофкорӣ дар тӯю маросимҳо метавонанд маблағи аз тӯйҳои камхарҷ сарфагардидаро барои таълими фарзандони худ сарф намоянд. Агар диққати мардум ба ин тараф нигаронда шавад, ба чӣ қадар комёбиҳо ноил шудан мумкин аст. Ҳамчунин, зикр шуд, ки дар Ӯзбекистон намояндагони миллатҳои гуногун низ буду бош доранд, роҳбарони марказҳои миллии маданиро низ ба ин корҳо ҷалб намудан зарур.  
Дар маҷлис дар бобати дида баромадани маросимҳои азодорӣ низ сухан рафт ва ҳозирин таъкид намуданд, ки аз ҷониби намояндагони дин барои пешгирии ҳар гуна маросимҳои зиёдатии азодорӣ бояд корҳо пурзӯр карда шавад. 
Барои ба тартиб овардани тӯю маросимҳо, пеш аз ҳама, байни занону духтарон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад, зеро касоне, ки духтар мебароранд, дар вазъияти имрӯза бисёр машаққат мекашанд. Чунонки мушоҳида мешавад, соҳиби духтар маҷбур аст ба ғайр аз молу ашёи худ боз чӣ қадар қарз гирад. Пас, ҳоли онҳое, ки беш аз ду-се духтар доранд,  чӣ мешавад? 
Қарори мазкур аз 1 январи соли 2020 эътибор пайдо мекунад.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: