БА ТАШВИШ АСОС НЕСТ

Нигарониҳои як қатор соҳибкорони риштонӣ, ки дар бозори деҳқонии ноҳия дӯкону фурӯшгоҳҳои худро доранд, асоси воқеӣ надорад.

Чунки ҳукумат барои онҳо ҷубронпулиро мепардозад. Бино ба ин манбаъ  бо қарори ҳокими ноҳияи Риштон бозори деҳқонӣ куллан бозсозӣ мешавад ва зарари молии мардум дар фурсати наздиктарин пардохт мегардад.
– Қабл аз шурӯи иҷрои корҳои бозсозӣ соҳибкорону тоҷирон огоҳ карда шудаанд ва касе наметавонад ба кори сохтмон халал расонад,– мегӯяд масъули дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят Гулбаҳор Саидғаниева.
Ба гуфтаи ӯ аз татбиқ гардидани ин нақша ягон соҳибкори риштонӣ зарари моддӣ нахоҳад дид. Зеро ба онҳо зарари молии дӯкону биноҳои дигаре ҷуброн хоҳад шуд, ки дар он соҳибкорон фаъолият мекунанд ва акнун тибқи нақша бояд вайрон карда шаванд. Бо вуҷуди ин бархе аз соҳибкорон намехоҳанд дарк намоянд, ки ҳаёт пеш меравад ва корҳои бозсозӣ тақозои имрӯз мебошад. 
Тавре ки Г.Саидғаниева боз тазаккур дод, дар вақтҳои охир чанд тан аз соҳибкорони риштонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ пахш намуда, аз қарори ҳокимияти ноҳия ҷиҳати вайрон кардани дӯконҳояшон норизоӣ намудаанд. 
– Ин набояд мавриди нигаронии соҳибкорону тоҷирон қарор гирад. Иҷрои корҳои бозсозии бозори деҳқонии маркази ноҳия бо қарори №751 аз 7 апрели соли 2017 шурӯъ шудааст. Аммо танҳо ба далели он ки барои ҷуброн кардани пули ҷойҳои вайроншаванда маблағи лозимӣ ҷудо карда нашуд, кор чанд муддат бозистод,– мегӯяд Гулбаҳор Саидғаниева.
Дарвоқеъ, имрӯзҳо дар маркази ноҳияи Риштон корҳои бозсозӣ, сохтани биноҳои хушсохту замонавӣ бо суръат пеш меравад. Риштон аз марказҳои маъмурии қадима маҳсуб меёбад ва бо кулолгарии худ кайҳост, ки диққати оламиёнро ба худ ҷалб намудааст. Аз ин лиҳоз месазад, ки инфрасохтори он низ барои қабули сайёҳон ва харидорони маҳсулоти кулолгарӣ мусоидат намояд. 
– Барои идомаи бозсозии бозори деҳқонӣ ва вайрон кардани 21 хонаи истиқоматӣ  ҳокимияти ноҳия аз 17 феврали соли 2018 қарори махсус содир намудааст. Бар асоси он ҳудуди бозори деҳқонӣ таҳти тасарруфи хазинаи захираи ноҳия қарор гирифтааст, – мегӯяд ҳокими ноҳияи Риштон Таваккалҷон Раҳимов.
Ба таъкиди ӯ хати огоҳкунии шаҳрвандон як сол муқаддам ба дасти онҳо расидааст ва 21 май онҳо ба таври такрорӣ огоҳ карда шудаанд ва то пардохти мукаммали ҷубронпулии соҳибкорон касе ба дӯконҳои онҳо даст намерасонад ва онро вайрон намекунад.
– Дар айни замон инфрасохтори бозори деҳқонӣ аз бехатарии сӯхтор таъмин нест. Дӯконҳо беназму тартиб сохта шудаанд ва роҳҳои даромаду баромад барои мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ маҳдуд мебошанд. Дар беруни бозор барои мошини аҳолӣ истгоҳҳо мавҷуд нестанд ва ин ҳол барои харидорон мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Ҳоло мо имкон дорем маблағи ҷубронпулии соҳибкорону тоҷиронро пардозем, то ки боиси эътирози онҳо қарор нагирад,– гуфт муовини ҳокими ноҳия оид ба корҳои сохтмон Содиқҷон Ҳайдаров.
Гуфта мешавад, корҳои ободонӣ дар маркази ноҳия танҳо аз бозсозии бозори деҳқонӣ, муназзам сохтани атрофи он иборат нест. Бар асоси суханони С. Ҳайдаров аз буҷаи маҳаллӣ барои аз нав сохтани лӯлаҳои оби ошомиданӣ, ки кайҳост ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил ёфтааст, ҳамчунин таъмини аҳолӣ бо барқ, аз нав кашидани хати лӯлаҳои газ, таъмир кардани роҳҳои мошингард, таъмири қисмати беруна ё намои биноҳои маъмуриву истиқоматии ду тарафи  роҳҳо  ва амсоли он дастикам 32 миллиард сӯм ихтисос дода шудааст.
Интизор меравад, ки барои васеъ намудани роҳи марказии мошингард якчанд хонаи истиқоматии сокинони маркази ноҳия ва атрофи он низ вайрон карда мешаванд. Соҳибони ин хонаҳоро ҳаргиз норозӣ нахоҳанд кард. Онҳо маблағеро, ки аъзои комиссияи махсус барои ҷуброни хисороти молӣ муқаррар кардаанд, ба даст хоҳанд овард.
– Китобхонае, ки дар бозор сохтам ва он ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи мардум табдил ёфт, дар ҷои нисбатан фарохтар ва гузари аҳолӣ сохта хоҳад шуд. Дар ин маврид бароям директори Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Комил Алламҷонов ваъдаи қатъӣ дод,– мегӯяд мудири китобхонаи мардумии «Рошидонӣ» воқеъ дар бозори деҳқонии шаҳри Риштон Дилшод Болтабоев.
Тавре ки вай зикр намуд, то сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои китобхонаи нав ӯ фаъолияти худро дар китобхонаи хурди худ идома медиҳад ва мардумро аз нури зиёву маърифат бархурдор месозад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: