ё чаро роҳи бозшударо дубора бастанд?
Дар бораи дубора баста шудани роҳи бозгардидаи “Сӯх– Риштон”, ки марзи Қирғизистонро бурида мегузарад, сару садоҳо хеле зиёданд. Ба наздикӣ зери садоҳои дафу доира ва карнаю сурнай ин роҳ кушода шуд, аммо баъди се-чор соат дубора баста шуд. Дар посгоҳи “Қайтмас – Риштон” маросими кушодашавии роҳ барпо шуд ва дар он роҳбарони вилоятҳои Фарғона ва Боткент Шуҳрат Ғаниев ва Акрам Мадумаров ширкат карданд. Онҳо дар назди мардуми зиёд даст ба дасти ҳам дода, мардумро ба ин муносибат табрику шодбош гуфтанд. Чунин маросим бо ширкати беш аз панҷ ҳазор мардуми ноҳияи Сӯх дар посгоҳи марзии “Тӯл–Оқ турпоқ” низ бо тантанаву шукӯҳи хос баргузор шуд.
Дар ин маросимҳо ҳувайдо буд, ки ҳама аз кушодашавии роҳ хушҳолу хурсанданд. Зеро ширкати ҳокими ду вилояти ҳаммарз бозгӯӣ он буд, ки онҳо беҳуда ба ин ҷо наомадаанд ва ормону интизориҳои мардум бароварда мешавад. Дар маросим чӣ қадар суханҳои пурдабдаба садо дод ва ҷонибҳо гуфтанду шуниданд. Баъд майдон ба саҳнаи рақсу бозӣ мубаддал гашт ва зери садоҳои карнаю сурнай ҳама ба рақсу бозӣ даромаданд. Роҳи “Сӯх– Риштон” боз гардид.
Ногуфта намонад, ки маросими ҷомаву кулоҳпӯшонӣ низ ба вуқӯъ пайваст. Оғӯш кашиданҳо ва изҳори ташаккуру сипосгузориҳо ба охир расид ва дар партави ҳамон садои дафу доира ва карнаю сурнай мардум бо табъи болида ва чеҳраҳои хандон ба ду самти марз пароканда шуданд.
Дар аксари расонаҳо ва шабакаҳои телевизионӣ кушода шудани роҳи “Сӯх– Риштон” ва тантанаҳои гӯшношуниди он гуфтаву намоиш дода шуд. Наворҳои зиёди маросимҳои роҳкушоӣ ва хату хабарҳои он дар расонаҳои хабарӣ пахш гардид. Баъзеҳо, ки имкони ширкат дар ин маросиму тантанаҳоро надоштанд, худро ғафлатзада ва дар бехабарӣ коҳиш мекарданд. Зеро онҳо медиданд, ки чӣ воқеаи хурсандибахшу пур аз шодӣ ва сурур рух додааст. Онҳо бовар доштанд, ки адолат оқибат тантана кардааст.
– Чанд нафар ронанда ҳамон лаҳзаҳо мошинашонро ба назди посгоҳ оварда, мунтазир шудаанд, ки шлагбаум бардошта мешавад ва онҳо аз тариқи ин роҳи бозшуда худро ба Сӯх мерасонанд. Аммо ҳайҳот! Роҳ ҳамагӣ се-чор соат кушода буд, то ки ин маросиму тантанаҳо пасанда шаванд,– мегӯяд сокини деҳаи Қалъаи ноҳияи Сӯх Ҳакимҷон Хӯҷамов.
Ба гуфтаи ӯ дере нагузашта ҳамаи сайту расонаҳо акси ин хабарҳоро мунташир намуданд ва мардумро аз дурӯғ будани натиҷаи маросимҳои пурдабдаба огоҳ карданд. Хусусан сӯхиён баъди ин огаҳӣ хеле рӯҳафтода шуданд. Ҳокими ноҳия Фаррух Ӯсаров ба мардум шарҳ дод, ки ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев ҳар коре аз дасташ омад, барои мардуми ноҳия кард, аммо он тарафи кор акнун ба қирғизҳои ҳамсоя вобаста мебошад.
Дар посух ба суолҳо перомуни дубора баста шудани ин роҳ сардори шӯъбаи ташкили назорати Кумитаи гумруки ҷумҳурӣ Рустам Қобулов гуфтааст, ки кушода ё баста шудани роҳи “Сӯх–Риштон” марбути онҳо нест ва ҳамаи супоришҳое, ки мақомоти раҳбарии кишвар ба онҳо дода буд, аллакай ба иҷро расидааст.
Дар пайи он Рустам Қобулов афзудааст: “Ҳамкасбони қирғизи мо дар ин бора ягон маълумоти дақиқ пешниҳод накардаанд, ки чаро роҳро дубора бастанд. Ин дар ҳолест ки маросими мутантани кушодашавии роҳи байни Сӯх ва Риштон бо ширкати мақомоти ду вилояти ҳамҷавор баргузор гардид”.
Ҷониби Қирғизистон аввал тавзеҳ додааст, ки то дуруст шудани дастгоҳҳои электронӣ ва компутерҳои посгоҳи марзии онҳо роҳи “Сӯх–Риштон” муваққатан баста мемонад.
Вале сонитар мардум дарк кард, ки ин ҳарфҳо барои пешгирии ҳар гуна сару садоҳо гуфта шудаанд.
Пас, иштироки роҳбари вилояти Боткент ва шахсони расмии Қирғизистон дар ин маросимҳо чӣ маънӣ дошт? Ё ҳамаи он хок пошидан ба чашми мардуми аз мушкили роҳ дилозурда буд?!
— Нисбати орзуву ормонҳои мардуми Сӯх муносибати сарду дағалона раво дида шуд. Ҳамсояҳо ба қалби пурошуфтаи мардум нохун заданд, — изҳор кард сокини деҳаи Сарикандаи ноҳияи Сӯх Ғоибназар Ғоибов.
Ногуфта намонад, ки барои кушодани роҳи байни Сӯх ва Риштон аз тариқи пули болои рӯди Сӯх корҳои зиёди омодагирӣ ба анҷом расонида шуд. Сардори идораи роҳҳои автомобилии ноҳия Ҳабибҷон Мирзоев гуфт, ки чанд моҳ коргарони ин идора барои ба тартиб овардани роҳ заҳмат кашиданд ва онро барои маросими кушоиш тайёр карданд.
Мардум ҳанӯз умедворанд, ки мақомоти ду кишвар ба тавофуқ мерасанд ва роҳи наздики “Сӯх– Риштон” боз мегардад. Дар айни ҳол мусофирон барои тай кардани роҳи байни Сӯху Риштон наздики дусад километр масофаро тай мекунанд. Агар ин роҳ кушода шавад, масофаи умумӣ аз кунҷу канори ноҳия ҳудудан 35-50 километрро ташкил мекунад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.